Дар ҷомеаи муосир нақши омӯзгор ҳамчун ниҳоди калидии ташаккули шахсият, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими суботи иҷтимоӣ ва рушди сармояи инсонӣ шинохта мешавад. Аз ин рӯ, муайян намудани мақоми ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва касбии омӯзгор яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор», ки 17 декабри соли 2025 қабул гардид, ки ҳамчун санади низомсоз ва ҳадафманд таҳия шуда, мақоми омӯзгорро дар ҷомеа аз лиҳози ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ тақвият мебахшад.
Қонуни мазкур бо такя ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омӯзгорро ҳамчун субъекти дорои ҳуқуқу уҳдадориҳои махсус эътироф намуда, ҳифзи шаъну шараф, дахлнопазирии фаъолияти касбӣ ва кафолатҳои иҷтимоии ӯро ба сифати вазифаи давлат муқаррар мекунад. Кӯшиш менамоем, ки моҳият ва пайомадҳои иҷтимоию ҳуқуқии қонуни мазкурро аз чанд ҷиҳат дар низоми маорифи миллӣ баррасӣ намоем.
Якум. Яке аз дастовардҳои муҳимми қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» дар он ифода меёбад, ки мафҳуми «мақоми омӯзгор» ба таври возеҳ ҳамчун категорияи мураккаби ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ таъриф шудааст. Қонун мақоми омӯзгорро на танҳо маҷмуи ҳуқуқу уҳдадориҳо, ҳамчунин, шаъну шараф, таъминоти иҷтимоӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбӣ дар ҷомеа арзёбӣ мекунад. Ин равиш нишон медиҳад, ки қонунгузор омӯзгорро танҳо иҷрокунандаи вазифаи хизматӣ намедонад, балки ӯро ҳамчун шахсияти дорои рисолати иҷтимоию фарҳангӣ мешиносад.
Дуюм. Принсипҳое, ки дар қонун зикр шудаанд, заминаи методологии танзими мақоми омӯзгорро ташкил медиҳанд. Қонуният, инсондӯстӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо, мунтазам баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва таъмини ҳифзи иҷтимоӣ аз ҷумлаи он арзишҳое мебошанд, ки сиёсати давлатро нисбат ба омӯзгор муайян месозанд. Ин принсипҳо, дар маҷмуъ, ба ташаккули муҳити ҳуқуқие мусоидат мекунанд, ки дар он омӯзгор метавонад фаъолияти касбии худро бе фишор ва дахолати ғайрисоҳавӣ амалӣ намояд.
Хусусан, принсипи манъи ҷалби омӯзгор ба корҳое, ки ба раванди таълиму тарбия иртибот надоранд, дорои аҳаммияти калидӣ мебошад. Таҷрибаи солҳои гузашта нишон дода буд, ки ҷалби омӯзгорон ба корҳои ғайрисоҳавӣ боиси паст шудани сифати таълим ва коҳиши нуфузи касби омӯзгорӣ мегардад. Қонун бо роҳандозии ин принсип кӯшиш мекунад, ки омӯзгорро аз сарбориҳои нолозим озод намуда, диққати ӯро ба вазифаи асосӣ – таълиму тарбия равона созад.
Сеюм. Моддаҳои марбут ба дахлнопазирӣ ва ҳифзи шаъну шарафи омӯзгор яке аз бахшҳои муҳимми қонун ба ҳисоб мераванд. Қонун шаъну шарафи омӯзгорро дахлнопазир эълон намуда, ҳама гуна амалеро, ки ба паст задани он равона шудааст, манъ мекунад. Ин меъёр на танҳо хусусияти ахлоқӣ, балки дорои паёмадҳои ҳуқуқӣ низ мебошад, зеро вайронкунии он метавонад боиси ҷавобгарӣ гардад.
Чорум. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» доираи васеи ҳуқуқҳои омӯзгорро муқаррар намуда, ба ӯ озодии нисбии касбиро кафолат медиҳад. Ҳуқуқи интихоби шакл ва усулҳои таълим, иштирок дар таҳияи барномаҳо ва китобҳои дарсӣ, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва баҳодиҳии мустақилонаи донишҳои таълимгирандагон аз ҷумлаи он унсурҳое мебошанд, ки ба касбияти омӯзгор эътимод ифода мекунанд.
Ин равиш ба стандартҳои байналмилалии маориф мутобиқ буда, омӯзгорро ҳамчун мутахассиси соҳибихтиёр мешиносад. Дар баробари ин, қонун имкон медиҳад, ки омӯзгор дар фаъолияти илмӣ ва ихтироъкорӣ низ фаъол бошад ва натиҷаҳои онро ба таври қонунӣ амалӣ намояд. Чунин ҳуқуқҳо метавонанд ба рушди иқтидори илмӣ ва эҷодии омӯзгор мусоидат намоянд.
Панҷум. Дар баробари ҳуқуқҳо, қонун уҳдадориҳои мушаххаси омӯзгорро низ муайян мекунад. Ин уҳдадориҳо ба таъмини сифат, адолат ва бетарафӣ дар раванди таълиму тарбия равона шудаанд. Тарбияи таълимгирандагон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, манъи таблиғи ғояҳои сиёсӣ ва динӣ дар раванди таълим ва муносибати беғаразона ба ҳамаи хонандагон нишон медиҳанд, ки омӯзгор ҳамчун субъекти масъули сиёсати иҷтимоӣ баромад мекунад.
Манъи талаб кардани маблағ аз таълимгирандагон барои фаъолиятҳои гуногун яке аз меъёрҳои муҳимест, ки шаффофият ва адолати иҷтимоиро дар низоми маориф таъмин менамояд. Ин меъёр метавонад ба коҳиши падидаҳои номатлуб ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба муассисаҳои таълимӣ мусоидат кунад.
Шашум. Муқаррар намудани маҳдудиятҳо барои баъзе гурӯҳҳои шахсон дар фаъолияти омӯзгорӣ нишон медиҳад, ки қонунгузор манфиатҳои ҷомеа ва амнияти маънавию равонии таълимгирандагонро дар мадди назар мегузорад. Маҳдуд кардани дастрасӣ ба касби омӯзгорӣ барои шахсони дорои ҷиноятҳои вазнин, бемориҳои муайян ё вобастагӣ ба маводи нашъадор ба ҳифзи муҳити солими таълимӣ мусоидат менамояд.
Ҳафтум. Яке аз бахшҳои калидии қонун ба кафолатҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии омӯзгор бахшида шудааст. Кафолати пардохти саривақтии музди меҳнат, рухсатиҳои меҳнатӣ, ҳифзи саломатӣ, имтиёзҳо барои омӯзгорони деҳот ва озодкунӣ аз баъзе намудҳои андозҳо нишон медиҳанд, ки давлат масъулияти иҷтимоии худро нисбат ба омӯзгор эътироф мекунад.
Хусусан, чораҳо барои таъмин намудани омӯзгорони деҳот бо манзили истиқоматӣ ё қитъаи замин метавонанд ба ҳалли мушкилоти кадрӣ дар минтақаҳои дурдаст мусоидат намоянд. Ин тадбирҳо нишон медиҳанд, ки қонун ба масъалаи баробарии имкониятҳо дар соҳаи маориф таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад.
Ҳаштум. Низоми ҳавасмандгардонии омӯзгорон, ки дар қонун пешбинӣ шудааст, ба ташаккули муҳити рақобатпазири солим ва рушди касбӣ мусоидат менамояд. Иловапулиҳо барои дараҷаҳои илмӣ, муваффақияти шогирдон дар олимпиадаҳо ва дастгирии хароҷоти коммуналӣ метавонанд ҷанбаҳои моддии омӯзгоронро тақвият диҳанд.
Нуҳум. Қонун дахлнопазирии фаъолияти касбии омӯзгорро ҳамчун кафолати муҳимми ҳуқуқӣ муқаррар мекунад. Манъи дахолати мақомоти ғайрисоҳавӣ, падару модар ва шахсони алоҳида ба раванди таълиму тарбия нишон медиҳад, ки қонун ба ҳифзи истиқлоли касбии омӯзгор аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад.
Вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои дигар дар самти баланд бардоштани мақоми омӯзгор низ ба таври муфассал муайян шудаанд. Ин меъёрҳо метавонанд ба ҳамоҳангсозии сиёсати давлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии татбиқи қонун мусоидат намоянд.
Даҳум. Боби алоҳидаи қонун ба масъалаи омодасозӣ ва рушди касбии омӯзгор бахшида шудааст. Имконияти гирифтани таҳсилоти олии дуюм, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ нишон медиҳад, ки дар қонун ба омӯзиши якумра ва мутобиқшавӣ ба талаботи замон низ аҳаммият дода шудааст.
Хулоса, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ҳамчун санади мукаммали меъёрии ҳуқуқӣ қадами ҷиддӣ дар самти баланд бардоштани нуфузи касби омӯзгорӣ ва таҳкими низоми маорифи миллӣ ба ҳисоб меравад. Ин қонун бо муқаррар намудани ҳуқуқу уҳдадориҳои мутавозин, кафолатҳои иҷтимоӣ ва дахлнопазирии фаъолияти касбӣ заминаи ҳуқуқии рушди устувори соҳаи маорифро фароҳам меорад. Татбиқи самараноки он метавонад ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими арзишҳои миллӣ дар ҷомеа мусоидат намояд.
Дилафрӯз РАҶАБЗОДА,
мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсӣ













