(Андешаҳо дар ҳошияи эълон гардидани соли 2026 – «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»)
Муқаддима
Дар таърихи давлатдории муосири Тоҷикистон марҳалаҳое вуҷуд доранд, ки онҳоро метавон нуқтаи гардиши тафаккури миллӣ номид. Ин марҳалаҳо на танҳо бо рӯйдодҳои сиёсӣ, балки, пеш аз ҳама, бо тағйироти амиқ дар шуури ҷамъиятӣ, худогоҳии миллӣ ва дарки ҷомеа аз мавқеи худ ба таърих иртибот доранд. Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» маҳз ба чунин марҳала тааллуқ дорад. Ин ташаббусро метавон на танҳо иқдоми рамзӣ, балки барномаи маънавию фалсафии рушди ҷомеа арзёбӣ кард, ки дар он масъалаи худшиносии миллӣ ҳамчун меҳвари асосии давлатсозӣ ва миллатсозӣ баррасӣ мешавад.
Ин иқдом дар зоҳир метавонад ҳамчун як ташаббуси давлатӣ дарк шавад, аммо дар асл он дорои мазмуни амиқи фалсафӣ ва иҷтимоӣ аст. Давлат дар ин ҷо на танҳо самтҳои рушди иқтисодӣ ё инфрасохториро муайян мекунад, балки арзишҳои калидии шуури ҷамъиятиро пеш мегузорад. Ин арзишҳо худшиносӣ, худогоҳӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва созандагӣ буда, нишон медиҳанд, ки рушди минбаъдаи ҷомеа на танҳо аз сармоя, технология ё захираҳои табиӣ, балки аз сатҳи шуури миллӣ вобастагии бевосита дорад.
Ин ташаббус дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст, ки ба он маънои таърихии махсус мебахшад. Ба ибораи дигар, истиқлол дар ин ҷо марҳалаи муайянкунандаи худшиносии миллӣ аст. Се даҳсолаи гузашта нишон дод, ки истиқлол ҳамчун падидаи сиёсӣ танҳо дар сурате устувор мемонад, ки бо худогоҳии миллӣ, хотираи таърихӣ ва фарҳанги масъулият ҳамроҳ бошад. Аз ин рӯ, эълон шудани соли махсус барои таҳкими худшиносиву худогоҳӣ идомаи мантиқии сиёсати давлатсозии давраи истиқлол ба ҳисоб меравад.
Худшиносии миллӣ ҳамчун категорияи фалсафаи иҷтимоӣ
Дар фалсафаи иҷтимоӣ худшиносӣ, пеш аз ҳама, ба маънои дарки субъект, мавқеи худ дар низоми иҷтимоӣ ва муносибат бо гузашта, ҳозира ва оянда фаҳмида мешавад. Вақте сухан дар бораи худшиносии миллӣ меравад, ин мафҳум ба сатҳи ҷамъиятӣ мебарояд ва миллатро ҳамчун субъекти таърихӣ муаррифӣ мекунад. Миллате, ки дорои худшиносии миллӣ аст, худро танҳо маҷмуи афрод намедонад, балки ҳамчун воҳиди дорои таърих, фарҳанг, забон ва рисолати муайян эҳсос мекунад.
Худшиносии миллӣ аз нигоҳи таҳлили фалсафӣ дорои сохтори мураккаб ва бисёрқабата мебошад. Он аз як тараф, ба дониш такя мекунад, яъне, дониш дар бораи таърих, фарҳанг, забон, таҷрибаи давлатдорӣ ва ҷойгоҳи миллат дар тамаддуни ҷаҳонӣ, аз ҷониби дигар, худшиносӣ дорои унсури эҳсосист, ки дар шакли ифтихор, эҳтиром, тааллуқ ва ҳамбастагӣ зоҳир мешавад. Аммо унсури сеюм, ки аксаран нодида гирифта мешавад, амал аст. Бе амал худшиносӣ ба як ҳолати равонӣ ё сухани зебо табдил меёбад.
Аз ҳамин ҷиҳат, худшиносии миллӣ танҳо он вақт ба неруи воқеии иҷтимоӣ табдил меёбад, ки дар рафтори шаҳрвандӣ, муносибат бо давлат, эҳтиром ба қонун, саҳмгузорӣ дар ободонӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷомеа таҷассум ёбад. Дар акси ҳол, он ба эҳсоси фахри холӣ ё носталгияи таърихӣ маҳдуд мешавад. Ташаббуси соли 2026 маҳз ба ҳамин нуқтаи муҳим ишора мекунад: худшиносӣ бояд аз сатҳи андеша ба сатҳи амал гузарад.
Аз ин рӯ, дар шароите ки ҷаҳони муосир бо суръати бесобиқа тағйир меёбад, миллатҳое метавонанд мавқеи устувори худро ҳифз намоянд, ки дорои худогоҳии баланди миллӣ, хотираи таърихии фаъол ва ҳувияти мустаҳкам бошанд. Худшиносӣ дар чунин шароит танҳо ифтихор аз гузашта ё эҳтиром ба анъана нест, балки қобилияти миллат барои дарки масъулияти таърихии худ, интихоби роҳи рушди мустақил ва муқовимат ба таҳдидҳои маънавию фарҳангӣ мебошад. Аз ин рӯ, таваҷҷуҳи Роҳбарияти давлат ба худшиносиву худогоҳии миллӣ на як иқдоми мавсимӣ, балки посух ба ниёзҳои амиқи ҷомеа ва даъвати замон аст.
Худогоҳӣ ва худшиносӣ: фарқ ва ҳамбастагӣ
Дар гуфтори сиёсӣ ва иҷтимоӣ мафҳумҳои «худшиносӣ» ва «худогоҳӣ» аксаран ҳамчун ҳаммаъно истифода мешаванд, аммо дар таҳлили фалсафӣ байни онҳо фарқи муайян вуҷуд дорад. Худшиносӣ бештар ба шинохти худ, таърих ва арзишҳо марбут аст, дар ҳоле ки худогоҳӣ сатҳи баланди дарки масъулият ва қобилияти худтанзимкунии иҷтимоиро ифода мекунад. Агар худшиносӣ ба саволи «мо кистем?» посух диҳад, худогоҳӣ ба саволи «мо чӣ гуна бояд амал кунем?» ҷавоб мегӯяд.
Ба ин маъно, худогоҳии миллӣ марҳалаи баландтари худшиносӣ мебошад. Миллат метавонад таърихи худро донад, аз фарҳанги худ ифтихор кунад, аммо агар ин дониш ба масъулият ва амал табдил наёбад, худогоҳӣ ҳанӯз ташаккул наёфтааст. Худогоҳии миллӣ дар он зоҳир мешавад, ки ҷомеа тавони худтанзимкунӣ дорад, ба қонун эҳтиром мегузорад, манфиатҳои умумимиллиро аз манфиатҳои маҳдуд боло мегузорад ва дар баробари таҳдидҳои дохилӣ ва хориҷӣ мавқеи бошуурона мегирад.
Эълон гардидани соли 2026, бо ҳамзамон таъкид кардани ҳам худшиносӣ ва ҳам худогоҳӣ нишон медиҳад, ки давлат ба ин фарқият огоҳона муносибат мекунад. Ҳадаф танҳо бедор кардани эҳсоси ифтихор нест, балки ташаккули ҷомеаи худогоҳ аст, ки метавонад рушди устувори худро таъмин намояд.
Аз ин рӯ, сиюпанҷ соли гузашта мактаби бузурги худогоҳии миллӣ буд. Дар ин муддат Тоҷикистон на танҳо инфрасохтори давлатӣ ва иқтисодии худро бунёд кард, балки забони давлатӣ, рамзҳои миллӣ, сиёсати фарҳангӣ ва низоми маорифи миллиро ташаккул дод. Аммо худшиносӣ раванде нест, ки якбора ба анҷом расад. Он ҳамеша ниёз ба таҳким, такмил ва мутобиқшавӣ ба шароити нав дорад. Маҳз аз ҳамин ҷиҳат, ташаббуси соли 2026 ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати истиқлолиятсоз ва миллатсоз арзёбӣ мешавад.
Истиқлол ҳамчун шарти таърихии эҳёи худшиносӣ
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик на танҳо тағйири мақоми ҳуқуқӣ, балки тағйири амиқи шуури таърихӣ буд. Дар давраҳои пешин худшиносии миллӣ ба таври ҷиддӣ маҳдуд гардида, аксаран дар доираи фарҳангӣ ё адабӣ нигоҳ дошта мешуд. Бо ба даст омадани истиқлол, миллат имкони воқеии таҷассум кардани худшиносии худро дар шакли давлат пайдо кард.
Аммо таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, ки истиқлол худ ба худ худшиносии баландро кафолат намедиҳад. Солҳои аввали истиқлол дар Тоҷикистон, ки бо буҳронҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ ҳамроҳ буд, нишон дод, ки худшиносӣ бе суботи иҷтимоӣ ва сиёсати ҳадафманд осебпазир аст. Бо вуҷуди ин, маҳз аз ҳамин давра раванди тадриҷии эҳёи худогоҳии миллӣ оғоз гардид, ки имрӯз ба марҳалаи нав ворид шуда истодааст.
Боз ҳам таъкид мекунем, ки сиюпанҷ соли истиқлол ҳамчун мактаби бузурги худшиносӣ хидмат карда, дар ин муддат ҷомеа на танҳо арзишҳои худро бозёфт, балки дарк кард, ки ҳифзи истиқлол масъулияти ҳамешагӣ ва талоши пайвастаро талаб мекунад. Эълон шудани соли 2026 дар ҳамин замина ҳамчун талош барои таҳкими натиҷаҳои истиқлол дар сатҳи шуури миллӣ фаҳмидаву дарк мешавад.
Ободонӣ ва созандагӣ – фалсафаи масъулият
Яке аз хусусиятҳои ҷолиби ташаббуси соли 2026 пайваст шудани худшиносиву худогоҳӣ бо мафҳуми ободонӣ ва созандагӣ мебошад. Дар зоҳир ободонӣ метавонад ҳамчун масъалаи иқтисодӣ ё инфрасохторӣ дарк шавад, аммо дар асл он дорои маънои амиқи фалсафӣ аст. Ободонӣ нишонаи муносибати инсон ба фазои зист, ба моликияти умумӣ ва ба Ватан мебошад.
Дар ҷомеаи худогоҳ, ободонӣ танҳо вазифаи давлат набуда, ба фарҳанги иҷтимоӣ табдил меёбад. Ҳар як шаҳрванди кишвар худро масъули муҳити зист, тозагӣ, тартиб ва зебоии фазои ҷамъиятӣ медонад. Ин гуна муносибат нишон медиҳад, ки худшиносӣ аз сатҳи эҳсос ба сатҳи амал гузаштааст. Аз ин рӯ, даъват ба иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар корҳои ободонӣ дорои аҳаммияти бузурги тарбиявӣ ва маънавӣ мебошад.
Дар ҳамин ҷо робитаи амиқи байни худшиносӣ ва созандагӣ ошкор мегардад. Миллате, ки худшинос аст, вайрон намекунад, балки месозад ва бетараф нест, балки масъулият мепазирад. Ин фалсафаи созандагӣ метавонад ба пояи нави рушди иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёбад.
Идома додани таҳлили ташаббуси эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ногузир моро ба баррасии нақши маориф, фарҳанг, забон, фазои расонаӣ ва амнияти маънавӣ меорад, зеро худшиносии миллӣ, агар дар низоми иҷтимоӣ реша надавонад, дар сатҳи шиор ва ормон маҳдуд мешавад. Таҷрибаи таърихии миллатҳо нишон медиҳад, ки маҳз маориф ва фарҳанг механизмҳои асосии табдили идеяҳои давлатӣ ба шуури ҷамъиятӣ мебошанд.
Маориф ҳамчун заминаи асосии худшиносии миллӣ
Дар фалсафаи иҷтимоӣ маориф на танҳо низоми интиқоли дониш, балки муҳити ташаккули инсон ҳамчун субъекти иҷтимоӣ ва таърихӣ арзёбӣ мешавад. Худшиносии миллӣ маҳз дар раванди иҷтимоишавӣ ташаккул меёбад ва мактаб яке аз аввалин субъекти ин раванд аст. Агар дар низоми маориф таърих, фарҳанг, забон ва таҷрибаи давлатдории миллӣ ба таври таҳлилӣ, интиқодӣ ва ҳамзамон арзишмеҳвар омӯзонида нашаванд, худшиносӣ шакли сатҳӣ ва нопойдор мегирад.
Дар шароити Тоҷикистон масъалаи маориф бо худшиносии миллӣ иртиботи бевосита дорад. Солҳои соҳибистиқлолӣ нишон доданд, ки бозсозии мазмуни таълим яке аз вазифаҳои калидии давлатсозӣ мебошад. Эълон шудани соли 2026 метавонад ба як марҳалаи нави таваҷҷуҳ ба маориф табдил ёбад, ки дар он худшиносӣ на танҳо ҳамчун мавзуи дарсӣ, балки ба сифати арзиш ва усули тарбия ҷорӣ карда шавад. Ин маънои онро дорад, ки дар раванди таълим бояд тафаккури интиқодӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва қобилияти худбаҳодиҳии миллӣ ташаккул ёбанд.
Маориф инсонеро тарбия мекунад, ки таърихи худро на ҳамчун маҷмуи далелҳо, балки ба ҳайси таҷрибаи зиндаи миллат дарк менамояд. Чунин инсон қодир аст, ки миёни гузашта ва имрӯз робитаи мантиқӣ барқарор намояд ва худро идомадиҳандаи анъанаҳои давлатсозӣ эҳсос кунад. Дар ин раванд омӯзгору устод ҳамчун интиқолдиҳандаи арзишҳо нақши калидӣ мебозанд.
Худшиносии миллӣ бе низоми маорифи миллӣ наметавонад устувор бошад. Мактаб ва донишгоҳ муҳити ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳо ва масъулияти шаҳрвандӣ мебошанд. Агар дар раванди таълим таърихи миллӣ, фарҳанг, забон ва таҷрибаи давлатдории тоҷикон ба таври амиқ ва таҳлилӣ омӯзонида нашаванд, худшиносӣ ба сатҳи эҳсосоти рӯякӣ маҳдуд мешавад. Аз ин рӯ, соли 2026 метавонад ба як имконияти муҳим барои бознигарии муҳтавои таълим, тақвияти фанҳои гуманитарӣ ва ҳамгироии донишҳои миллӣ бо донишҳои умумибашарӣ табдил ёбад.
Забон ҳамчун ҳастии маънавии миллат
Дар таҳлили фалсафии худшиносӣ забон мавқеи марказӣ дорад. Забон танҳо воситаи иртибот нест, балки шакли ҳастии тафаккур, хотираи таърихӣ ва таҷрибаи маънавии миллат мебошад. Ҳар миллат то замоне ҳамчун субъекти таърихӣ вуҷуд дорад, ки забони худро ҳифз ва рушд медиҳад. Аз ин рӯ, таҳкими забони миллӣ яке аз омилҳои асосии худшиносӣ аст.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ забонҳои миллӣ зери фишори равандҳои умумиҷаҳонӣ қарор мегиранд. Агар забони миллӣ дар соҳаҳои илм, маориф, идоракунӣ ва фарҳанг мавқеи фаъол надошта бошад, худшиносии миллӣ тадриҷан заиф мегардад. Аз ин рӯ, ташаббуси соли 2026 метавонад ҳамчун такон барои боло бурдани фарҳанги забонӣ, рушди истилоҳоти илмӣ ва густариши истифодаи забони тоҷикӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хидмат кунад.
Таҳкими забон дар ин замина маънои маҳдуд кардани дигар забонҳоро надорад. Баръакс, худшиносии ҳақиқӣ ба бисёрзабонӣ ҳамчун василаи муколамаи фарҳангӣ менигарад, аммо ҳамзамон забони худро ҳамчун пояи ҳувияти миллӣ ҳифз мекунад. Забони миллӣ на танҳо забони муоширати рӯзмарра, балки бояд забони андеша, илм ва эҷод бошад.
Ҳар қадар забони миллӣ дар соҳаҳои илм, маориф, идоракунӣ ва фарҳанг фаъолтар истифода шавад, ҳамон қадар худогоҳии миллӣ қавитар мегардад. Таҳкими мавқеи забони тоҷикӣ дар фазои ҷамъиятӣ ва илмӣ яке аз роҳҳои асосии баланд бардоштани худшиносии миллӣ мебошад. Боз ҳам мегӯем, ки ин раванд на ба маънои маҳдуд кардани дигар забонҳо, балки ба маънои эҳтиром ба забони худ ҳамчун пояи ҳувияти миллӣ аст.
Фарҳанг ва ҳофизаи таърихӣ дар ташаккули худогоҳии миллӣ
Фарҳанг ба маънои васеъ маҷмуи арзишҳо, рамзҳо ва таҷрибаҳои иҷтимоиест, ки худшиносии миллатро нигоҳ медорад ва интиқол медиҳад. Ҳофизаи таърихӣ ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанг аст. Миллате, ки ҳофизаи таърихии фаъол дорад, метавонад аз таҷрибаи гузашта сабақ бигирад ва хатоҳоро такрор накунад.
Дар ҷомеаи муосир ҳофизаи таърихӣ аксаран зери таъсири тафсирҳои сиёсӣ ё иттилоотии беруна қарор мегирад. Аз ин рӯ, сиёсати фарҳангӣ бояд ба таҳкими ҳофизаи таърихӣ дар асоси таҳлили илмӣ ва тафаккури интиқодӣ равона карда шавад. Эълон шудани соли 2026 метавонад ба ин раванд ҷиддияти нав бахшад, зеро худшиносӣ бе шинохти таърих ба як мафҳуми холӣ табдил меёбад.
Фарҳанги худшинос фарҳангест, ки қаҳрамонони воқеии худро мешиносад, арзишҳои ахлоқии худро ҳифз мекунад ва ҳамзамон, ҳамчун равзанае ба ҷаҳон боз аст. Дар ин раванд адабиёт, санъат, театр ва кино метавонанд нақши муассир бозанд, зеро онҳо қобилияти таъсир ба эҳсос ва тафаккури оммаро доранд.
Фазои расонаӣ ва худшиносии миллӣ дар асри иттилоот
Асри XXI асри иттилоот ва расонаҳост. Дар чунин шароит худшиносии миллӣ бе ҳузури фаъол ва бошуурона дар фазои расонаӣ ғайриимкон аст. Расонаҳо на танҳо иттилоот мерасонанд, балки ҷаҳонбинӣ месозанд, арзишҳоро шакл медиҳанд ва ҳувиятро таҳким ё заиф мегардонанд.
Агар фазои расонаӣ бо муҳтавои миллӣ, таҳлилӣ ва андешамандона пур нашавад, ҷойи онро арзишҳои тасодуфӣ ё бегона мегирад. Аз ин рӯ, рушди журналистикаи масъул, таҳлили академии масъалаҳои миллӣ ва муҳтавои босифат яке аз роҳҳои муҳимми таҳкими худшиносӣ мебошад. Ташаббуси соли 2026 метавонад ба ташаккули фазои нави расонаӣ мусоидат кунад, ки дар он худшиносӣ ҳамчун арзиши марказӣ муаррифӣ мегардад.
Дар ин раванд, инчунин, саводи расонаии ҷомеа аҳаммияти калон дорад. Ҷомеаи худогоҳ бояд тавонад иттилоотро таҳлил кунад, идорашавандагиро дарк кунад ва мавқеи мустақил дошта бошад. Ин ҷузъи муҳимми худогоҳии миллӣ мебошад.
Аз дигар нуқтаи назар, фазои расонаӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд ҳам василаи таҳкими ҳувият бошанд ва ҳам манбаи заъфи он. Аз ин рӯ, рушди фарҳанги расонаӣ, журналистикаи масъул ва муҳтавои миллӣ яке аз унсурҳои муҳимми сиёсати таҳкими худшиносӣ мебошад. Миллате, ки дар фазои иттилоотӣ ҳузури фаъол ва бошуурона дорад, метавонад ҳувияти худро ҳифз ва муаррифӣ намояд.
Худшиносӣ, муқовимат бо хурофот ва амнияти маънавӣ
Яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба худшиносии миллӣ паҳншавии хурофот, тафаккури ифротӣ ва идеологияҳои бегона мебошад. Ин падидаҳо бештар дар ҷомеаҳое рушд мекунанд, ки худогоҳии паст ва сатҳи дониши нокифоя доранд. Аз ин рӯ, таҳкими худшиносии миллӣ на танҳо масъалаи фарҳангӣ, балки масъалаи амнияти миллӣ низ мебошад.
Ҷомеаи худогоҳ қобилияти муқовимат ба хурофотро дорад, зеро он ба дониш, тафаккури интиқодӣ ва арзишҳои миллӣ такя мекунад. Ташаббуси соли 2026 метавонад ҳамчун платформа барои тақвияти муборизаи маънавӣ бо хурофот ва ифротгароӣ хидмат кунад, махсусан, агар он бо сиёсати маориф, фарҳанг ва расонаҳо ҳамоҳанг карда шавад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҷомеаҳои дорои худогоҳии паст бештар ба ифротгароӣ, хурофот ва таъсири таблиғоти бегона гирифтор мешаванд. Дар муқобил, ҷомеае, ки дорои худшиносии устувор аст, метавонад ба таҳдидҳои идеологӣ ва фарҳангӣ муқовимат нишон диҳад. Аз ин ҷиҳат, ташаббуси соли 2026-ро метавон ҳамчун як унсури муҳимми стратегияи маънавии амнияти миллӣ арзёбӣ кард.
Нақши зиёиён ва ҷавонон дар таҳкими худшиносӣ
Дар раванди таҳкими худшиносии миллӣ зиёиён ва ҷавонон нақши махсус доранд. Зиёӣ ҳамчун интиқолдиҳандаи дониш, тафаккури интиқодӣ ва арзишҳои миллӣ метавонад пуле миёни давлат ва ҷомеа бошад. Бидуни иштироки фаъолонаи зиёиён ташаббусҳои маънавӣ дар сатҳи расмият маҳдуд мешаванд.
Ҷавонон бошанд, оянда ва заминагузори худшиносии миллӣ мебошанд. Агар худшиносӣ дар зеҳну шуури ҷавонон ташаккул наёбад, он дар оянда заиф хоҳад шуд. Аз ин рӯ, соли 2026 бояд ба ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ равона гардад. Ин ҷалб на дар шакли маҷбурӣ, балки дар шакли иштироки бошуурона ва эҷодкорона бояд сурат гирад.
Нуктаи дигаре, ки дар таҳлили ин ташаббус бояд ба он таваҷҷуҳ кард, робитаи худшиносии миллӣ бо некуаҳволии иҷтимоӣ мебошад. Худшиносӣ танҳо дар шароите устувор мешавад, ки инсон худро дар ҷомеа эҳсос кунад, ба ояндаи худ бовар дошта бошад ва меҳнати худро арзишманд бинад. Ободонӣ ва созандагӣ, ки дар ташаббуси соли 2026 таъкид шудаанд, метавонанд ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ, муҳити зист ва фазои иҷтимоӣ мусоидат кунанд. Ин дар навбати худ эҳсоси тааллуқ ва масъулияти шаҳрвандиро тақвият мебахшад.
Хулоса
Дар маҷмуъ, эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» нишон медиҳад, ки давлат масъалаи худшиносиро ҳамчун омили калидии рушди устувор дарк мекунад. Ин ташаббус даъват ба он аст, ки худшиносӣ аз сатҳи шиор ба сатҳи фарҳанги зиндагӣ гузарад, аз сухан ба амал табдил ёбад ва дар ҷанбаҳои ҳаёти иҷтимоӣ таҷассум ёбад. Ба ибораи дигар, ин ташаббус худшиносии миллиро ҳамчун пояи рушди устувор, амнияти маънавӣ ва суботи иҷтимоӣ муаррифӣ мекунад.
Агар ҷомеа ва давлат ин иқдомро ҳамчун раванди муштарак қабул намоянд, соли 2026 метавонад ба марҳалаи сифатан нав дар рушди ҳувияти миллӣ табдил ёбад. Дар ин сурат худшиносӣ аз мафҳуми назариявӣ ба фарҳанги зиндагӣ, аз шиор ба амал ва аз ормон ба воқеият табдил меёбад. Ё худ, худшиносии миллӣ дар ин сурат ба омили муттаҳидкунанда, созанда ва ояндасоз табдил хоҳад ёфт ва Тоҷикистонро ба сатҳи нави камолоти миллӣ раҳнамун месозад.
Эҳсон САФАРЗОДА,
номзади илми филология













