Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест!

Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,
Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.
Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,
Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.

Мақому манзалат ва тамоми хусусиятҳои китобро шоири бузург Абдураҳмони Ҷомӣ дар ин чор мисраъ ифода кардааст. Воқеан, китоб муъҷиза ва яке аз муқаддасотест, ки инсоният офаридааст. Хусусан, миллати куҳанбунёди моро дар арсаи олам маҳз бо китоб ва бо осори бузургонаш мешиносанд. Дар навбати худ китоб ягона василаест, ки миллати моро дар ҷаҳон муаррифӣ кардааст.
Ҳанӯз дар асри худ Маликушшуаро, устоди шоирони ҷаҳон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ таъкид карда буд:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ!

Бале, бахусус, дар ин айём, ки раванди ҷаҳонишавӣ ва «гуфтугӯи тамаддунҳо» идома дорад, миллату давлатҳо маҳз бо асарҳои шоиру нависандагони худ дар ин сабқат рақобат менамоянд. Албатта, китоб буд, ки имрӯз моро бо гузаштаамон шиносонд. Маҳз китоб буд, ки ҷашни Наврӯз байналмилалӣ шуду Шашмақому Фалакро ҷаҳониён эътироф намуданд.
Китоб дар ҳар як саҳифаи худ ҷаҳони асрору маъниҳоро ҷой дода, дар ҳолати зарурӣ бо мо сухан мегӯяд, аз гузаштаҳоямон нақлу ривоятҳо меорад, моро панд медиҳаду тарбият мекунад.
Мутаассифона, рушди бемайлони илму техника ва технологияи иттилоотӣ каме бошад ҳам, таваҷҷуҳи ҷавононро аз китоб то ҷое дур сохт. Бояд зикр намуд, ки ягон воситаи техникӣ китобро иваз карда наметавонад, зеро мутолиаи китоб хотираи инсонро мустаҳкам намуда, ба саломатии ӯ зиёне надорад.
Бо раҳнамоию сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи ҷумҳурӣ озмунҳое эълон карда шуданд, ки тавассути онҳо мардум боз ба китоб рӯй овард. Таъсис додани китобхонаҳо, ҷалб намудани ҳар як шаҳрванди кишвар, ба мутолиаи китоб бори дигар китобдӯсту китобпараст будани миллати моро собит намуд.
Маълум аст, ки озмунҳои ҷумҳурияии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷи­кон» – оинаи таърихи миллат» ва «Шоҳномахонӣ» мардумро боз ба мутолиаи китоб ҷалб намуданд. Ҳар як озмун соҳаи алоҳидаро фаро гирифта, маҳз дар ҳамон ҷода наврасу ҷавонони шавқмандро муаррифӣ менамояд.
Хусусан, дар Озмуни ҷумҳурия­вии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» довталабони зиёде иштирок менамоянд ва он ба як сабқати на танҳо миллӣ, балки байналмилалӣ табдил ёфт.
Дар заминаи озмуни мазкур сатҳу сифати нашри китобҳо дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, теъдоди зиёди китобҳо пешкаши мардум мегарданд. Умуман, ин озмунро як таҳаввулот ё гардиши куллие барои омӯзиши китоб гуфтан мумкин аст. Дар ҳар як муассисаи таълимиву корхонаҳои давлатӣ, миёни ҷомеа баҳсу сабқати хондану азбар намудани китобҳо ва осори адибон ба ҳукми анъана даромадааст.
Дар даври ҷумҳуриявӣ аз тамоми минтақаҳои кишвар дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҷамъ омада, дар назди доварони сатҳи олӣ, шоирони варзидаю шинохта, олимони соҳа донишу ҷаҳонбинии хешро месанҷанд.
Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар ҳар як номина, новобаста аз синну сол ва касбу фаъолият, хурду бузурги ҷумҳурӣ бо омодагии хуб ҳозир мешаванд. Боиси хурсандист, ки худи иштирокчиён аз баромадҳову ҷавобҳои худ хулоса бароварда, ба омӯзишу мутолиа бештар машғул мегарданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки озмуни мазкур нақши муҳимро дар рушди тафаккур ва маънавиёти ҷомеа мебозад.
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шавқу рағбати омӯзишро байни тамоми ҷомеа ба миён овард.
Миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шавқмандон бозёфт ва тарбия карда мешаванд.
Дар як муддати кӯтоҳ хонандагони лаёқатманд муаррифӣ шуданд. Ҳангоми баромад онҳо ба саволҳои ҳайати ҳакамон ҷавобҳои қаноатбахш медиҳанд, ки нишонаи он аст, ки номгӯи асарҳои зиёдеро бо забонҳои гуногун мутолиа намудаанд.
Инчунин, озмун тавонист, ваҳдату дӯстии мардуми тамоми манотиқи кишварро мустаҳкам намояд. Довталабону иштирокчиён дар ин асно бо ҳамдигар шинос шуда, робитаи дӯстӣ барқарор намуданд.
Озмун сафи хонандагони китобхонро дар китобхонаҳову қироатхонаҳо ва шумораи талабгорону харидорони китоб ба маротиб афзуд.
Таманно ҚАЮМОВА,
омӯзгори МТМУ №44-и ноҳияи Исмоили СОМОНӢ,
Ҳокима ҲУСЕНОВА,
омӯзгори МТМУ №118-и ноҳияи Рӯдакӣ

Добавить комментарий