Муассисаҳои таълимӣ ба фасли сармо омодаанд

Мувофиқи маълумоти дастрасгардида барои давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, дар муассисаҳои маорифи вилояти Суғд талабот ба ангишт 17488,1 тонна ва ҳезум 8036,48 метри мукааб муайян гардидааст.

Зимни суҳбат мутахассиси пешбари шуъбаи банақшагирӣ, ояндабинӣ ва омори раёсати маорифи вилояти Суғд Шуҳрат Азизов зикр намуд, ки бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи мазкур қарори раиси вилояти Суғд, фармоиши раёсати маорифи вилоят «Оид ба омодагии муассисаҳои соҳаи маорифи вилоят ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026» ба тасвиб расид.
То имрӯз дар муассисаҳои таълимии вилоят 17147,5 тонна ангишт харидорӣ ва 8046 метри кубӣ ҳезум захира карда шудааст, ки ин 98,1% ангишт ва 100,1% ҳезуми нақшаи пешбинигардидаро ташкил медиҳад. Танҳо дар шаҳри Исфара ба ҷойи 1910,5 тонна 1528, 4 тонна ангишт захира карда шудааст, ки он 80 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Маълум гардид, ки дар муассисаҳои таълимии вилоят аз мавсими зимистони соли гузашта 913,57 тонна ангишт ва 680,55 метри кубӣ ҳезум боқӣ мондааст.
Мавриди зикр аст, ки муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят мустақилона бо корхонаҳо шартнома баста, оид ба харидорӣ намудани ангишти баландсифат тадбирҳои зарурӣ андешидаанд. Ба муассисаҳои таълимии вилоят ангишт, асосан, аз конҳои «Фон-Яғноб», «Шӯроб» ва «Ғузн» дастрас карда мешавад.
Барои таъмин намудани синфхонаҳои муассисаҳои таълимӣ бо бухориҳои аловӣ ва барқӣ аз ҳисоби буҷети мактабҳо, сарпарастон, кумитаи волидон, саховатмандон ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ як зумра корҳо ба анҷом расонида шуданд. Алҳол дар муассисаҳои таълимии вилоят 2845 адад гармкунакҳои барқӣ ва 13474 бухорӣ мавҷуд аст. Соли ҷорӣ шишабандии тирезаҳои муассисаҳои таълимӣ пурра иҷро гардид.
Дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 532 генератори барқӣ мавҷуд аст ва талабот ба сӯзишвории дизелӣ 7196 литр муқаррар гардидааст. Айни ҳол 4224 литр сӯзишвории дизелӣ захира шудааст, ки 58,7% нақшаро ташкил медиҳад.
Шумораи умумии дегхонаҳо 840 адад буда, аз онҳо 724 адад дар ҳолати корӣ қарор доранд. Яке аз мушкилоти асосии омодагии муассисаҳои таълимӣ барои зимистонгузаронӣ барқарор намудани дегхонаҳои аз фаъолият бозмонда ба ҳисоб меравад. Зарур аст, ки раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо якҷо бо мақомоти маҳаллӣ, сарпарастону саховатмандон ва кумитаи волидон ҷиҳати ташкил намудани системаи ягонаи хурди гармидиҳӣ дар мактабҳо тадбирҳои заруриро ба роҳ монанд.
Мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Файзуллоҷон Шарифов иброз дошт, ки муассисаҳои таълимӣ ба зимистонгузаронӣ пурра омодаанд.
Айни ҳол дар 61 муассисаи таълимии ноҳия 138 адад дег ва шабака­ҳои хурди гармидиҳӣ насб карда шуда, тавассути онҳо 1172 синф гарм карда мешаванд. Ҳам­чунин, 1044 синфхона ва дигар биноҳои ёрирасон бо 115 гармкунаки барқӣ таъминанд.
Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Деваштич Уғлон Каримқулов қайд кард, ки муассисаҳои таълимии ноҳия ба зимистонгузаронӣ омодаанд.
Дар муассисаҳои таълимии ноҳия 280 адад бухории барқӣ ва 1359 адад бухории аловӣ омода карда шудаанд. Ҳамчунин, дар муассисаҳои таълимӣ 34 адад генератор дар ҳолати корӣ қарор доранд. Дар 17 муассисаи таълимӣ системаи ягонаи гармидиҳӣ мавҷуд буда, 19 муассиса бо барқи доимӣ пайваст мебошанд.
Дар маҷмуъ, метавон зикр кард, ки муассисаҳои таълими вилояти Суғд ба зимистонгузаронӣ омодаанд ва масъулин баҳри он талош менамоянд, ки шароити мусоиди таълимро барои таҳсил фароҳам оранд.
Нуъмон Раҷабзода,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий