Асари бадеиро барои он мехонанд, ки андешаи инсонҳоро тағйир диҳад: вазифа ё ҳадафи тамоми анвои ҳунар, ки адабиёт низ як шохаи он мебошад, ҳамин аст. Бисёр муҳим аст, ки хонандаи асар аз китоб чизе бардошт кунад, ба мулоҳиза равад ва билоқибат ба хулосаҳои муҳим ояд.
То кунун андешаи машҳури Лев Толстой дар мавриди се навъи хониши асари бадеӣ арзиши худро гум накардааст: хондану нафаҳмидан, хондану фаҳмидан ва хондану фаҳмидани он чӣ, ки адиб навиштан мехост, аммо нанавишт. Тарзи сеюми хондан ба ин маъност, ки хонандаи зирак ва соҳибандеша дар пасманзари ҳаводису воқеот ва тасвирҳои нависанда маъниҳои таҳтонӣ меҷӯяд ва асли ҳикмати адибро дармеёбад.
Бадеҳист, ки роҳу усул ва воситаҳои таъсири каломи бадеъ ба инсонҳо, ба такмил ва тағйири шуури иҷтимоӣ яке аз вазифаҳои муҳимтарини ҳам адабиёт аст ва ҳам адиб. Инчунин, яке аз меъёрҳои асосии таъйинкунандаи арзиши ҳунари адабӣ низ ба шумор меояд.
Дар масъалаи таъсири асари бадеӣ ба шуури хонанда бояд масъалаи ба раванди эҷодӣ ҷалб намудани хонанда ба эътибор гирифта шавад. Ин масъала ба фардияти эҷодии адиб ва ҳунари офарандагии ӯ бевосита дахл дорад.
Ба таври хеле муассир ин муамморо адиби асри XVII олмонӣ Лессинг дар рисолаи бунёдии хеш – «Лаокоон» хеле ҷолиб баррасӣ кардааст. Ин асари машҳур сарҳади миёни шеър ва манзаранигориро муайян мекунад ва дар ин зимн муаллиф бо овардани чанд намуна аз ҳамосаи шоири юнонӣ Ҳомер («Илионӣ») ва шарҳи муҷассамаи Лаокоон исбот мекунад, ки адибони тавоно ҳангоми офариниши осори хеш таваҷҷуҳи инсонҳоро ба кори эҷодӣ ҷалб мекунанд.
Масалан, дар «Илионӣ» зебоии Елена, яке аз персонажҳое, ки боиси набарди даҳсолаи абарқудратҳои дунёи
қадим – Юнону Троя шудааст, на бевосита, балки тавассути таассуроти як гурӯҳ пирамардон, яъне, дар динамикаи ҳаёт ба тасвир гирифта шудааст. Зебоии фавқулодаи Елена (ҳамсари Менелай, шоҳи Спарта, ки аз ҷониби писари хурдии шоҳи Троя (Приам) рабуда шуд ва ин боиси ҷанги даҳсолаи юнониҳову трояниҳо гардид, тавассути бардошти пирмардони троянӣ ба хонанда илқо мешавад: вақте ки Елена аз назди як гурӯҳ мӯйсафедони троянӣ мегузарад, онҳо хеле ба шавқу шӯр меоянд ва ҳатто нидо мекунанд, ки «месазад, ки барои чунин зебоӣ Троя боз даҳ соли дигар дар хоку хун оғушта бошад…».
Адиби машҳури амрикоӣ Эрнест Ҳемингуэй қиссаи «Пирамард ва дарё»-ро низ бо ҳамин усул эҷод кардааст. Ба заҳмати хонанда вогузор намудани фаҳму дарки анҷоми ин ё он воқеа, ин ё он ҳодисаву зуҳурот дар асари дигари ӯ «Ҷазираҳо дар уқёнус» низ ба мушоҳида мерасад. Тасвири ҳаёти қаҳрамонони ин асарҳо – рассом Томас Хадсон ва пирамарди моҳигир – Сантяго дар назари аввал нотамом аст, аммо ин амал ба хотири ба таҳрик овардани андешаи хонанда, ба масъулияти диду дарёфт ва ҷаҳонфаҳмии ӯ вогузор намудани идомаи тасвир иҷро шудааст. Методи «фурӯгузор намудани баъзе мавод дар асари бадеӣ» дар яке аз суханрониҳои Ҳемингуэй шарҳи ҷолиб ёфтааст: «Агар нависанда хуб донад, ки чӣ менависад, метавонад бисёр чизҳои гуфтаниро сарфи назар кунад. Агар тасвири ӯ ҳаққонӣ ва дуруст бошад, пас худи хонанда он лаҳзаҳои фурӯгузоршударо хоҳад дарёфт ва фаҳмид».
Нависандаи маъруфи тоҷик Сотим Улуғзода дар романи «Фирдавсӣ» низ аз ҳамин методи ҷолиб моҳирона истифода кардааст. Дар роман лаҳзае ҳаст, ки қаҳрамони асосӣ – Фирдавсӣ харобазори қасри Тайсафунро зиёрат карда, вазъи пешини онро ба ёд оварда, хеле ба риққат меояд. Адиб ба тафсили ин ғаму андуҳи Фирдавсӣ напардохта, ин пораи асарро бо ҷумлаи зер анҷом медиҳад: «Фирдавсӣ рӯ ба сӯйи тоқи Кисро истода намоз кард» («Фирдавсӣ». – Душанбе, «Адиб», 1988. – С. 82). Ба ақидаи олими шинохта Раҳими Мусулмониён, «дар ин пора ба як олам эҳсосу фаҳмиши Фирдавсӣ ишора шудааст, ки барои тафсираш китобе навиштан мумкин аст» («Назарияи адабиёт». – Душанбе, «Маориф», 1980. – С. 287).
Воқеан, барои Сотим Улуғзода барин адиби донишманду фарохназар тафсири ин пора ҳеҷ мушкил надошт, гумони ғолиб ин аст, ки нависанда қазовати ин амали қаҳрамонро ба хонандагонаш ҳавола кардааст. Яъне, хонанда акнун бояд мулоҳиза намояд, ки ин амали Фирдавсии бузург чӣ маъно дошт: оё ӯ қасдан қибларо бо Тайсафун иваз ё дар ҳоли риққату ҳузни фаровон дилаш ба ёди пурифтихори гузашта тапиду ғайриихтиёр ин корро кард…
Дар марҳалаи нави адабиёти тоҷик адиби тавонову борикназар Фазлиддин Муҳаммадиев дар таълифоти хурду бузургаш аз ин усули ба андеша таҳрик додани хонанда ба таври вофир истифода кардааст. Махсусан, дар ҳикояҳои «Даъво», «Сози Мунаввар», «Рӯзи дафни усто Оқил» ва романи «Палатаи кунҷакӣ» лаҳзаҳое тасвир шудаанд, ки гӯиё анҷом наёфтаанд, аммо ин кор танҳо ба он хотир аз ҷониби адиб амалӣ шудааст, ки хонандаи асар низ бори гарони таҳаммули андеша ва бардошти маъноро якҷо бо муаллиф бикашад.
Ҳунари нависанда танҳо аз он иборат набуд, ки мавзуи доғи рӯз ва ниҳоят ҳассоси ҷомеаи ҳамонвақта – мубориза ба бетарафию ҳаромкорӣ, эҳсоси ҷавобгарии маънавӣ барои нуқсу иллатҳои ҷомеа интихоб шуда буд, балки дар он буд, ки адиб бо истифода аз тасвирҳои гуногуни бадеӣ, хусусан, тасвири равонковӣ, шакли лирикии дарки бадеии воқеият порае аз зиндагии иҷтимоиро бо муҳимтарин муаммояш – эҳсоси масъулият доштани фардҳои алоҳида барои рӯйдодҳои ҳаёт чун оина ба ҷомеа намудор кард.
Нависанда аз ибтидои асар, аз эпиграфи роман – «Чароғи падаронро фурӯзон дор», ки равобити наслҳо ва пайванди маънавии онҳоро дар заминаи ормонҳои олии башарӣ ифода мекунад, таваҷҷуҳи хонандаро ба оғози мутолиа бедор кардааст. Роман аз нақли қаҳрамони асосӣ – Носир Аббос ва қиссаи даргирондани охирин донаи гӯгирд ибтидо гирифта, баробари ба худ кашидани таваҷҷуҳи Иброҳимҷон хонандаро низ ба маънисозиҳо интизор мекунад.
«– Оё дидаед, ки ба сари охирин донаи гӯгирд гоҳо чӣ ҳодисае меояд? – мепурсид Носир Аббос. Донаи охирин, таъкид мекунам. Шумо дар саҳрои беканор ба сармои сахт ақаллан боре танҳо мондагистед?» («Палатаи кунҷакӣ». «Асарҳои мунтахаб», Ҷ.2. – Душанбе, 1991. – С. 223). Баъдан нақли батафсили сарнавишти донаи охирини гӯгирд ва ниҳоятан посухи Ивон-амак:
«– Дуруст мегӯед, – андешамандона такрор кард ӯ. – Талош барои боздоштани ҷони барлабомада, талоше, ки табибон ва дастёронашон бар зидди марг мебаранд, саргузашти ҳамин гуна охирин донаи гӯгирдро ба хотир меорад. Боз маҳз дар дашти кушод, зери ҳамлаҳои пайдарҳами бод. Иброҳимҷон акнун фаҳмид, ки дар чӣ хусус сухан меравад». («Палатаи кунҷакӣ». «Асарҳои мунтахаб», Ҷ.2. – Душанбе, 1991. – С. 226). Ин гуна руҷуъҳои пурҳикмат ва қиёсҳои таҳлилии нависанда ба хонандааш низ бетаъсир намемонанд, баръакс, хонандаро барои идомаи нақл, саҳифа ба саҳифа вусъат ёфтани муҳокимаву баррасиҳо сари мавзуи сабабу омилҳои сар задани бемориҳо нигарон месозанд. Ё худ лаҳзаи ҷолиби дигаре аз роман, ҳамон лавҳаи шавқун кардани беморе аз палатаи ҳамсоя:
«Аз он канори долон шавқуни марди ғафси шикамкалоне шунида мешавад. Ӯ дина ба сари ҳамшираи шафқат дод мезад, ки одами нозуктабиати асабонист, касалаш вазнин аст, эҳтимол, аз умраш фақат чанд рӯз монда бошад ва ба оҳу нолаи дигарон тобу тоқат надорад. Бояд ӯро ҳар чӣ зудтар ба палатаи яккаса бигзаронанд. Ӯ коре надорад, ки ин хел палата ҳаст ё не… Маълум мешавад, ки касали корчаллон муаммои палатаи алоҳидаро ҳал кардааст. Ҳамин хел дӯғу даранг кардан гирад, ба пеши мардак телевизор, радиоприёмник, телефони алоҳида ҳам оварда мемонанд, аз дил гузаронд Иброҳимҷон» (ҳамон асар, с. 299). Нависанда ин манзараи дилхароши асар, хулосаи ин кирдори корчаллонро тавассути бардошти рафиқи Иброҳимҷон – Қамар хеле бамаврид тасвир намудааст: «…агар виҷдон дарвоқеъ, хосияти азоб додани виҷдондорро медошт, дар кӯчаҳо фақат пӯсту устухони одамон мегаштанд. Аз тану тӯши он бемори инҷиқ пайдост, ки ӯ аз чунин хатар эмин аст…» (ҳамон саҳифа).
Вобаста ба ин ё он ҳолату вазъи руҳии қаҳрамон овардани матолибе, нақлу ҳикмате аз таърих усули дӯстдоштаи адиб ва бад-ин восита ҷалб намудани хонандаи асар низ ҳаст. Ҳамин гуна нақли ҷолиб аз таърихи пайдоиши оташи ҷовид, машъалаҳое ҳаст, ки дар сари қабри шаҳидони ҷанг афрӯхта мешаванд. Ин пораи асар – нақли нисбатан муфассали пайдоиши оташи ҷовид, устураи Прометейи юнонӣ ва қиёси он бо оташкадаҳои маздоӣ бо ҳикмати азалие поён меёбад: «Одамон барои нобуд сохтани зӯрӣ ва ситам офарида шудаанд…» («Палатаи кунҷакӣ». «Асарҳои мунтахаб», Ҷ.2. – Душанбе, 1991. – С. 323). Ва баъдан пайванди ин қиссаҳо бо руҳияи Иброҳимҷон: «Ҳар кас оташ парастад, бояд дар оташ бисӯзад…Чун худи Иброҳимҷон, ки пас аз синни балоғат даҳ соли расо беғаму бепарво гашт-гашту ногаҳ чун мӯй дар оташ, дар оташи муҳаббат бирён гардид…» (ҳамон асар, с. 323). Ҷо-ҷо хулосаҳои ҳикматдори муаллиф аз диду дарёфти қаҳрамонон хеле мавридшиносона дарҷ гардидаанд, ки хонандаро бетараф гузошта наметавонад: «Инсон, охир, ҳамон аст, ки на фақат ғами хеш, балки ғами дигаронро низ хӯрад… Кас пойафзоли дарбеҳдори ҳамгузарашро дида нахандад, балки дилаш фишор хӯрад, инсон аст…» («Палатаи кунҷакӣ». «Асарҳои мунтахаб», Ҷ.2. – Душанбе, 1991. – С. 391).
Аз нигоҳи таъсири нақли муаллиф ба хонанда ҳикояи «Рӯзи дафни усто Оқил» назир надорад. Муҳтавои асар як ҳодисаи муқаррарии ҳаёт аст: сухан аз фаъолият ва сарнавишти устое меравад, ки ҳунари баланди дуредгарӣ дорад, аммо ягон шогирде надорад, ки боиси бақои номаш гардад. Рӯзи ҷанозаи усто борон меборад, гӯиё табиат низ аз чунин зиндагии бесамари устои бешогирд норизост:
«Аз афти кор, усто Оқилро дуои бад кардаанд, ки дар рӯзи мурдааш борон борид. Се рӯз дам нагирифта, мебораду меборад. Берун аз пайраҳаи шиббашуда пой монед, то соқи маҳсӣ меғӯтед…». Анҷоми ҳикоя хеле муассиркунанда аст. Тибқи расми маъмул, қабл аз берун рафтан аз қабристон оид ба чӣ гуна одам будани майит суол медиҳанд ва ҷавоб ҳам охирин баҳоест аз ҷамъи мардум ба майит. Аммо дар ин маросим касе ҷавоб намедиҳад:
«Дақиқае ба хомӯшӣ гузашт. Онҳое, ки ба пайраҳа наздик буданд, чизе нагуфта, ба роҳ баромаданд.
– Устои нағз буданд, Оқил-амак, – гуфт ҷавоне, ки дар паси Абдурауф-амак меистод.
– Борон рафта ба устухонам расид, – гуфт яки дигар зери лаб ғур-ғуркунон.
– Ҳа, усто буд, – тасдиқ намуд севумӣ. Дигар касе чизе нагуфт, ҳама пасу дунбол ба пайраҳа фаромадан гирифтанд…» («Рӯзи дафни усто Оқил». «Асарҳои мунтахаб», Ҷ. 1. – Душанбе, 1987. – С. 231).
Анҷоми ҳикоя гӯё хулоса надорад, аммо аслан хулосааш дар ҳамин муколамаи Абдурауф-амак бо ҷамъи мардум аст. Нависанда дигар сухане нагуфта, бори маънии хулосаи ҳикояро ба уҳдаи хонандааш вогузор мекунад. Албатта, хонанда хоҳад дарёфт, ки миёни ибораҳои «устои хуб» ва «одами хуб» фарсахҳо масофа аст. Ин меъёри баҳо комилан мардумист ва аз ҳикмати деринаи мардуми порсинажод сарчашма мегирад.
Ҳикояи «Даъво» ҷиҳати баррасии таносуби паҳлавонию одамият шоҳкорро мемонад. Тазоди байни Аҳмадбеки солору ботамкин ва Муҳаммадмуроди кинаварзу боғурур дар диди нависанда мухолифати неку бад, тасдиқи он нукта аст, ки инсонро на зӯри бозу, балки тинати инсониаш миёни мардум маҳбуб мегардонад. Ин нуктаи муҳимро адиб тавассути ба ҳам муқобил гузоштани образҳои Аҳмадбеку Муҳаммадмурод – яке паҳлавони воқеӣ ва инсони дурандешу покизабунёд ва дигаре – паҳлавони ҷавон, вале шуҳратпарасту аз нигоҳи маънавият холӣ хеле бамаврид баррасӣ кардааст. Хулосаи ҳикмати нависанда тавассути посбони пире баён шудааст, ки бо паҳлавони навбаромад хешовандӣ дошт. Маҳкум шудани Муҳаммадмурод на тавассути дахолати адиб, балки аз забони хешованди ин паҳлавони бадахлоқ беҳтарин василаест барои ба даст овардани эътимоди хонанда.
Дар адабиётшиносии муосир масъалаи муносибати муаллиф ва хонанда, характери эҷодӣ касб кардани дарку дарёфти хонанда хеле зиёд бардошта мешавад. Масалан, мутахассисони эстетика барои муайян кардани муносибати муаллиф ва хонанда истилоҳи вижа – «уфуқҳои интизорӣ»-ро эҷод кардаанд, ки дар фаҳмиши муқаррарӣ чунин маънӣ дорад: хонанда аз муаллиф чиро ҳангоми ба мутолиа нишастан умед дорад ва муаллиф низ чунин уфуқи интизорӣ дорад, яъне, ӯ дар шуури хеш ҳамеша образи хонандаро падид оварда, мекӯшад, ки бо ӯ дар ҳамкорӣ бошад.
Ҳафиз РАҲМОН,
адабиётшинос













