Дар замони муосир, ҳангоме ки технология босуръат рушд мекунад, яке аз қадамҳои муҳим дар ин самт татбиқи барномаи eDonish дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе мебошад. Ин барнома имкон медиҳад, ки раванди таҳсил шаффоф гардад, робитаи мактаб бо волидон тақвият ёбад ва назорату баҳодиҳӣ ба дониши хонандагон ба шакли муосир ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин масъала, бо Баҳром Исмоилзода-сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоем.
– eDonish чӣ гуна барнома аст ва ҳадафи он аз чӣ иборат аст?
– «еDonish» барномаи иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе буда, бо қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ (аз 6 августи соли 2020, таҳти №409) дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт амал мекунад. Барномаи мазкур бо ҳадафҳои Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ буда, дар татбиқи низоми рақамии таҳсилот нақши муассир ва назаррас дорад. Амалисозии он ҳамчун қадами ҷиддӣ дар татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ дар соҳаи маориф, махсусан, дар ҷараёни таълиму тарбия арзёбӣ мегардад. Ин барнома муҳити шаффофро барои ҳамаи иштирокчиёни раванди таълим таъмин намуда, имкон фароҳам меорад, ки волидайн ва роҳбарияти муассисаҳои таълимӣ доимо аз натиҷаҳои таҳсил, рафтор ва давомоти хонандагон огоҳ бошанд ва назоратро самаранок ба роҳ монанд.
Барномаи электронии eDonish ба хотири рақамикунонии равандҳои таълимӣ роҳандозӣ гардида, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи идоракунии муассисаҳои таълимӣ, шаффофият, коҳиш додани ҳуҷҷатгузориҳои коғазӣ ва фароҳам овардани имконияти назорати муассир аз ҷониби волидайн, омӯзгорон ва мақомоти дахлдор мебошад. Ин барнома бо мақсади беҳтар намудани сифати таҳсилот, содасозии равандҳои бақайдгирии хонандагон, ворид ва арзёбии натиҷаҳои таълимӣ, ҳамчунин, осон намудани иртибот миёни омӯзгорон, маъмурият ва волидайн амалӣ карда мешавад.
– Ба ин барнома ҳамаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт пайваст ҳастанд?
– Дар зарфи 5 соли охир барои татбиқи босамари барномаи eDonish дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе марҳала ба марҳала корҳои мушаххас амалӣ гардида, айни замон аз 208 муассисаи таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе, новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравӣ, 192 муассисаи таълимӣ (25 муассисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, 70 муассисаи ноҳияи Сино, 49 муассисаи ноҳияи Фирдавсӣ, 34 муассисаи ноҳияи Шоҳмансур, 14 муассисаи тобеи шаҳр ва мақоми ҷумҳуриявидошта) ба барномаи eDonish пайваст шудаанд.
Ҳамин тавр, 92,3%-и муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе ба барнома пайваст гардидаанд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,1% зиёд мебошад.
– Бо татбиқи барнома сатҳи давомот ва дониши муҳассилин тағйир ёфтааст? Агар омӯзгор дар вақти баҳо гузоштан дар барнома хато кунад, чӣ тавр ислоҳ карда мешавад?
– Дар доираи барномаи eDonish назорати давомоти хонандагон ба таври рақамӣ амалӣ гардида, ҳар як ҳолати ҳузур ё ғоибият дар заминаи ду механизми асосӣ сабт мегардад. Механизми аввал, истифодаи камераҳои назоратии дорои системаи Face-ID мебошад, ки ҳангоми ворид шудани хонанда ба муассиса чеҳраи ӯро сабт намуда, дар система ба таври автоматӣ қайд мегардонад. Механизми дуюм, сабти дастии омӯзгорон мебошад, ки дар ҳар дарс тавассути журналҳои электронӣ мавҷудияти хонандаро тасдиқ ё рад мекунанд. Дар сурати набудани хонанда омӯзгор «ғоиб» мегузорад.
Чунин назорати ҳамоҳангшуда имкон медиҳад, ки аз рӯйи рафтуомади хонандагон бо дақиқии баланд ва дар вақти воқеӣ назорат бурда шавад. Дар баробари ин, волидайн метавонанд тавассути барнома маълумоти дақиқ дар бораи ҳузури фарзанди худро дар ҳар як дарс дарёфт намоянд, ки ин ба таҳкими робитаи мактабу оила ва болоравии сатҳи масъулияти волидайн дар равандҳои таълимӣ мусоидат мекунад.
Агар омӯзгор ҳангоми ворид кардани баҳои хонанда иштибоҳ кунад, ӯ то 48 соат имкони ислоҳи онро дорад. Дар ин муддат система ба омӯзгор иҷозат медиҳад, ки баҳо иваз ё дуруст карда шавад. Пас аз гузаштани муҳлат, саҳифаи журнали синфӣ баста мешавад ва дигар тағйирот мустақиман аз ҷониби омӯзгор имконнопазир мегардад.
Баъд аз гузашти муҳлат ислоҳи баҳо танҳо тавассути маъмурияти муассисаи таълимӣ имкон дорад. Ин тартиб барои шаффофият ва тақвияти масъулияти омӯзгор пешбинӣ шуда, беасос тағйир додани баҳоро пешгирӣ менамояд.
– Баъди татбиқи барнома ҳамкорӣ ва назорати волидон ба таҳсили фарзандонашон чӣ гуна гардид?
– Баъди татбиқи барномаи eDonish назорати волидайн аз таҳсили фарзандон ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Албатта, барои ҷалби онҳо ба равандҳои таълим тадбирҳои иловагии таблиғотӣ роҳандозӣ шуд, ки ин иқдом низ натиҷаи хуб дод. То имрӯз 282 783 нафар волидайн ба барнома сабти ном кардаанд, ки аз ин шумора аз моҳи сентябри соли 2025 беш аз 86 ҳазор нафар фаъолона истифода мебаранд.
Волидайн акнун имкони пайгирии мустақим ва саривақтӣ доранд. Онҳо метавонанд баҳоҳои фарзандонро бубинанд, ҳузур дар дарсҳоро назорат кунанд, бо омӯзгорон иртибот дошта бошанд ва аз ҷадвали дарсӣ огоҳ шаванд. Ҳамин тавр, робитаи муассисаи таълимӣ бо оила таҳким ёфта, назорати волидайн ба як ҷузъи фаъоли равандҳои таълимӣ табдил ёфтааст.
– Дар барномаи амниятӣ маълумоти хонандагон ҳифз карда мешавад?
– Маълумоти хонандагон дар барномаи eDonish бо чанд қабати амниятӣ муҳофизат мешавад. Пеш аз ҳама, ҳамаи маълумот дар серверҳои дохилӣ маҳфуз нигоҳ дошта мешаванд, то дастрасии беруна маҳдуд гардад. Илова бар ин, барои пешгирӣ аз гумшавӣ ё аз байн рафтани маълумот дар сервери эҳтиётӣ нусхабардорӣ карда мешавад.
Барои таъмини амнияти иттилоот мутахассисони барнома аз технологияҳои муосири ҳифзи маълумот истифода мебаранд, аз ҷумла, рамзгузории иттилоот, назорати дастрасӣ ва мониторинги пайвастаи система.
– Дар ҳолати набудани барқ ва интернет барномаи он чӣ гуна фаъолият мекунад?
– Ҳолатҳои набудани барқ дар шаҳри Душанбе аҳёнан ва он ҳам муваққатан барои чанд соат ба назар мерасад. Гуфтан мумкин аст, ки чунин ҳолатҳо дар муассисаҳои таълимии аз ҳисоби ноҳияи Рӯдакӣ ба шаҳри Душанбе воридгашта ба чашм расида, дар ҳолати набудани барқ ё интернет дар муассисаи таълимӣ истифодаи барномаи eDonish қатъ намешавад.
Барнома барои дастгоҳҳои мухталиф, мисли планшет ва телефонҳои мобилӣ мутобиқ гардонида шудааст. Ин имкон медиҳад, ки омӯзгорон ва волидайн тавассути гаҷетҳои гуногун, шабакаи мобилӣ ё дастгоҳҳои шахсӣ ба барнома пайваст шаванд.
Ногуфта намонад, ки муассисаи таълимии пойтахт тибқи бандҳои шартнома, ки бо шабакаҳои алоқаи гуногун ба имзо расонидаанд бо шабакаи интернати бемаҳдуд пайваст мебошанд. Инчунин, иловатан муассисаҳои таълимие, ки бо барномаи электронии eDonish корбарӣ менамоянд, бо шабакаи интернет (VPN) аз ҶДММ «Вавилон-Т» таъмин карда шудаанд.
– Дар оянда ҷиҳати илова шудани функсияҳои нав дар барнома чӣ нақшаҳо андешида шудааст?
– Вобаста ба талабот ва имкониятҳои наве, ки рӯйи кор омадааст, илова намудани функсияҳои нав дар барномаи eDonish дар назар аст. Мутахассисони КВД «Шаҳри ҳушманд» пайваста якҷо бо мутахассисони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҷиҳати такмили мазмун ва муҳтавои барнома корбарӣ намуда истодаанд.
Дар ин росто, ворид намудани имкониятҳои зеҳни сунъӣ (AI) пешбинӣ шудааст, ки метавонад ба таҳлили автоматии маълумот, пешниҳоди тавсияҳои инфиродӣ барои хонандагон ва омӯзгорон, ҳамчунин, ба баланд бардоштани самаранокии идоракунии равандҳои таълимӣ мусоидат кунад.
Илова бар ин, васеъ намудани имкониятҳои интегратсия бо дигар системаҳои рақамӣ, такмил додани воситаҳои коммуникатсия байни муассиса ва оила, ҳамчунин, таҳияи модулҳои нав барои мониторинги фаъолияти хонандагон ва омӯзгорон, муассисаи таълимӣ ва падару модарон дар корбарӣ қарор дорад.
– Ин таҷрибаро метавон дар дигар минтақаҳои кишвар паҳн кард?
– Бале, таҷрибаи татбиқи барномаи «eDonish»-ро дар дигар минтақаҳо низ метавон истифода кард. Дар шаҳри Душанбе барнома худро ҳамчун як воситаи муассир нишон дод, робитаи мактаб ва оила таҳким ёфт, назорати таҳсили хонандагон шаффоф гардид ва имкони идоракунии муассисаҳо бо истифодаи технологияҳои муосир осон шуд.
Агар ин таҷриба ба дигар ноҳияҳо ва вилоятҳо интиқол дода шавад, чанд паёмади мусбат ба назар мерасад:
— сатҳи назорати таҳсил дар миқёси ҷумҳурӣ боло меравад;
-муҳити рақобатпазир ва ҳавасмандгардонӣ барои хонандагон ва омӯзгорон ташаккул меёбад;
— идоракунии муассисаҳо шаффоф ва самаранок мешавад;
— таҷрибаи муваффақи пойтахт ба як намунаи умумимиллӣ табдил меёбад.
Ин раванд метавонад ба рушди устувори низоми маорифи кишвар мусоидат кунад ва ҳамзамон, имкони ҳамоҳангсозии сиёсати ягонаи рақамисозии соҳаи маорифро фароҳам оварад.
– Барои истифодаи барнома аз хонандагону волидон маблағ гирифта мешавад?
– Маблағгузории барномаи электронии eDonish аз ҳисоби маблағҳои махсуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъмин гардида, истифодаи он дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумие, ки мабалағгузориашон аз буҷети давлат аст, ройгон роҳандозӣ карда мешавад.
Барнома дар асоси иҷозатномаи зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои худмаблағгузор, яъне, муассисаҳои таълимии назди ташкилоту идораҳо ва муассисаҳои хусусӣ бо дарназардошти дастгирии техникии барномавӣ тариқи шартномавӣ бо бастани шартномаи ҳамкорӣ бо муассис ва маъмурияти муассиса аз ҳисоби буҷаи муассисаи таълимӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳамзамон, дар муассисаҳои таълимии хусусӣ новобаста аз типашон, сари ҳар хонанда барои як соли таҳсил 200 сомонӣ муқаррар шудааст. Дар соли аввали татбиқи пурраи барнома барои мутобиқ шудан, дар муассисаҳои хусусӣ низ ройгон ба роҳ монда шуда буд. Шуруъ аз соли таҳсили 2025-2026 он пулакӣ гардид.
– Татбиқи барнома фаъолияти омӯзгоронро осон ва робитаи мактабу оиларо таҳким бахшид?
– Барномаи eDonish ба самаранокии идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва шаффофияти равандҳои таълим мусоидат намудааст, ҳамзамон барои аҳли маориф низ нафърасон гаштааст. Аз ҷумла:
Содагардонии коргузорӣ: Ворид кардани баҳо, қайди ғоибҳо ва натиҷаҳои корҳои санҷишӣ ба таври электронӣ осон ва зуд сурат мегирад. Ин раванд вақти омӯзгоронро сарфа намуда, имкон медиҳад, ки бештар ба раванди таълим ва тарбия машғул шаванд.
Иртиботи мустақим бо волидайн: Тавассути барнома омӯзгорон метавонанд фавран бо волидайн тамос гирифта, маълумоти заруриро дар бораи таҳсили фарзандон ба онҳо расонанд.
Такмили малакаҳои рақамӣ: Омӯзгорон бо истифодаи доимии барномаи eDonish малакаи кор бо компютер ва интернетро такмил дода, ба сатҳи нави касбӣ расиданд.
Татбиқи барномаи электронии eDonish дар муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳри Душанбе собит намуд, ки рақамикунонии соҳаи маориф равандест, ки ба баланд бардоштани сифати таълим, шаффофият ва самаранокии идоракунӣ мусоидат мекунад.
– Ташаккур барои суҳбати пурмазмун.
– Саломат бошед.
Суҳбаторо
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
«Омӯзгор»













