Ёвон: фаъолияти кӯдакистонҳо тақвият меёбад

Таълим ва тарбияи кӯдакони синни томактабӣ яке аз самтҳои муҳимми соҳаи маориф буда, таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Вобаста ба татбиқи Барномаи рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 ва фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ба ноҳияи Ёвон рафтем. Бо мутасаддиён, омӯзгорон ва мутахассисони соҳа ҳамсуҳбат шудем. Мудири шуъбаи маориф Раҷабмурод Муродализода зикр намуд, ки дар ноҳия, дар умум, шумораи кӯдакони синни томактабӣ 29 239 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин теъдод дар соли 2025 сатҳи фарогирӣ ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак 9630 нафар, яъне, 33,6 дарсад аст. Дар Ёвон 7 муассисаи таҳсилоти томактабии давлатӣ ва 2 адад хусусӣ мавҷуд мебошад. Ҳамчунин, дар назди 84 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар 232 гурӯҳ маркази инкишофи кӯдак фаъолият дорад.
***
Муассисаи таҳсилоти томактабии №16 бо номи «Ситора» дар деҳаи Даҳанаи Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон соли 2016 барои 60 нафар кӯдак дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами №16 бо дастгирии соҳибкор Баҳриддин Ҷӯрахонов бунёд шудааст. Бинои асосии муассиса аз як ошёна иборат мебошад.
– Ҳангоме мактабро бунёд намуданд, дар он қисмате, ки барои синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шуда буд, кӯдакистон сохтанд, то кӯдакони маҳал ба таҳсилоти томактабӣ фаро гирифта шаванд,-иттилоъ дод зимни суҳбат мудири муассиса Латофат Муродалиева.
Дар оғоз дар муассиса се гурӯҳ ва айни замон бошад, 6 гурӯҳ бо фарогирии 136 нафар тарбиягиранда фаъолият дорад. Ба муассиса кӯдакони 3 то 6-сола қабул карда мешаванд. Ин ҷо барои ҳар гурӯҳ ҳуҷраи машғулияту бозӣ ва ҷойи хоб ҷудо карда шудаанд. Бо сабаби кучак будани бино ва надоштани шароити зарурӣ, ҷевончаҳои либоскашии баъзе аз гурӯҳҳо дар долони умумӣ ва қисме дар ҳуҷраи хоб ҷойгир шудааст. Зимни баргузории машғулияти забони русӣ дар гурӯҳи кӯдакони калон иштирок кардем. Муаллимаи забони русӣ Дилором Саидова дарс­ро ҷолибу шавқовар гузаронид. Бояд қайд кард, ки мавсуф собиқаи чиҳилсолаи кор дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро дошта, соли дуюм аст, ба кӯдакони синни томактабӣ таълим медиҳад.
– Кор бо кӯдакон андаке душвор, вале ҷолиб аст. Онҳо бо шавқу рағбати зиёд ба омӯхтани забони русӣ кӯшиш менамоянд. Мо-омӯзгорон низ бо истифода аз асбобҳои аёнӣ дарсро рангин баргузор менамоем,-иброз намуд Д. Саидова.
Синфхона мувофиқи синну соли тарбиятгирандагон оро ёфтаву ҷиҳозонида шудааст. Дар ҷевони қисми паси он асбобу васоити аёнии гуногун, бозичаю китобчаҳои бадеӣ бо як тартиби муайян чида шудаанд.
Дар гурӯҳи томактабии муассиса мувофиқи синну сол кӯдакони 6-7-сола тарбият мегиранд. Имрӯз аз рӯйи ҷадвал дар гурӯҳ бояд чор машғулияти забони хориҷӣ, инкишофи нутқ, забони русӣ ва мусиқӣ баргузор шавад. Машғулияти инкишофи нутқро мураббия Омина Саидзода гузаронид. Тарбиятгирандагон саводу дониши худро нишон ва ба суолҳои гуногуни мураббия посух медоданд. Бояд қайд намуд, ки мураббияи гурӯҳи томактабӣ Омина Саидзода соли аввал аст, ки фаъолият дорад. Ӯ донишҷӯи шуъбаи ғоибонаи факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода мебошад. Сабаби ғайритахассус фаъолият доштани мураббияро мудири кӯдакистон дар кам будани маоши кормандон ва бо ин баҳона аз кор рафтани баъзе аз онҳо маънидод намуд. Омина Саидзода гуфт, ба кӯдакон меҳри хосса дорад ва дар оянда мехоҳад фаъолияташро ин ҷо идома диҳад.
Дар дохили бинои асосии муассиса, дар баробари ҳуҷраҳои машғулияту хоб, ҳамчунин, ҳуҷраҳои методиву тиббӣ ва толори мусиқӣ ҷой гирифтаанд.
Ошхонаи муассиса дар бинои хурди якошёна, ки аз ду ҳуҷра иборат мебошад, воқеъ гашта, дар он газу печҳои хӯрокпазӣ, яхдон, дегу табақ, зарф ва дигар асбобҳо мавҷуданд. Дар ошхона ҳамарӯза ду нафар – ошпаз Умеда Маҳмадиева ҳамроҳи ёрдамчиаш барои кӯдакон таомҳо омода месозанд.
– Таомҳоро тибқи дастурамал ва таомнома, вобаста ба иштироки кӯдакон омода мекунем. Саҳар ба тарбиятгирандагон таоми аз шир омодашуда, нисфирӯзӣ хӯроки аз сабзавоту маҳсулоти донагӣ омодашуда, бегоҳ кулчақанд ё ҳасибу тухм медиҳем,-қайд намуд У. Маҳмадиева.
Мувофиқи маълумоти мудири кӯдакистон, ҳамарӯза барои таоми тарбиятгирандагон 6,5 сомонӣ маблағ аз ҳисоби буҷа ва ҳаққи аъзогӣ масраф мегардад. Ӯ гуфт:
– Агар тибқи талабот гирем, бояд барои ҳар кӯдак ҳамарӯза 100 гр гӯшт ҷудо шавад. Дар он ҳасиб, гӯшти мурғ, моҳӣ, гов ва ғайра медарояд. Айни замон мо дар як ҳафта 5 кг гӯшт харидорӣ ва истифода мекунем. Пеш вазъият беҳтар буд, аммо соли ҷорӣ бо сабаби он ки аз ҳисоби буҷа ва ҳаққи аъзогӣ молия маблағ надод, қарзи мо бисёр ва шароитамон бад шуд, чунки ширкатҳо дигар бор наоварданд, гуфтанд аз мағозаи деҳа қарз гирем, маблағашро медиҳанд. Мо аз мағозаҳо қарздор шудем, аммо маблағ нагузашт.
Дар ҳавлии кӯдакистон дарахтони гуногуни ороишиву ҳосилдиҳанда, аз қабили олуболу, себ, шафтолу, ангур мавҷуд аст, ки дар мавсими тобистону тирамоҳ аз меваҳои он барои кӯдакон анвои шириниву шарбат омода мекунанд. Ин ҷо ҳавзи шиноварӣ ва се майдончаи тобистонаи бозӣ низ мавҷуд аст.
– Азбаски замин кам аст, мо то қадри имкон ҳамин се майдончаро бунёд кардем. Умуман, талабот ба кӯдакистон зиёд аст, аммо ҷой кам. Бинобар ин, соли ҷорӣ бо дастгирии соҳибкор Баҳриддин Ҷӯрахонов қарор аст, ки бинои нави дуошёна бунёд кунем, то фарогирии кӯдаконро зиёд намуда, шароити беҳтарро барои онҳо фароҳам оварем,-гуфт мудир дар фарҷом.
***
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 низ бо дастгирии соҳибкори муваффақ Баҳриддин Ҷӯрахонов сохта шудааст. Дар муассиса соли 2024 дар синфхонаи алоҳида Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 25 нафар хонанда таъсис дода шуд. Дар марказ ба хонандагон муаллима Хайринисо Раҷабова таълиму тарбия медиҳад. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон буда, соли ҷорӣ барои гирифтани тахассуси касбӣ ҳуҷҷатҳояшро ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ супоридааст. Муаллима гуфт:
– Тибқи нақша, имрӯз се машғулият: расмкашӣ, гулмонӣ ва варзиш дорем. Машғулиятҳо дар марказ тариқи бозӣ давоми 30 дақиқа баргузор мешаванд. Барнома ва дастурҳои методӣ мавҷуданд. Дар лаҳзаҳои холигӣ ба дарсҳои омӯзгорони собиқадор даромада, аз онҳо равиши машғулият, усулҳои фаъоли таълим ва кор бо кӯдаконро меомӯзам.
Бояд қайд кард, ки таъмиру ороиши синфхонаи мазкур ва мизу курсиҳои кӯдакон ба синну солашон мувофиқ нест. Директори мактаб Сафарбек Абдуллоев зимни суҳбат шарҳ дод, ки ҷевону мизу курсиҳои махсуси барои марказ пешбинигардида аз шуъбаи маорифи ноҳия ба муассиса барои чиҳил нафар кӯдак дастрас шудааст. Аммо тибқи нақша бояд то соли нави хониш дар назди мактаб бинои иловагии сеошёна созанд ва он ҷо маркази инкишофи кӯдакро низ ҷой диҳанд, таҷҳизоти навро дар он ҷо хоҳанд гузошт.
***
Бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №57 соли 2017 дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон бунёд ва Маркази инкишофи кӯдак дар ин ҷо соли 2021 бо фарогирии 50 нафар хонанда дар ду баст таъсис дода шудааст. Марказ аз як синфхона иборат буда, бо мизу курсичаҳо ва ҷевони пур аз асбоби аёниву китобчаҳои бадеӣ, ҳамчунин, бозичаҳои гуногун муҷаҳҳазонида шудааст. Ин ҷо ду омӯзгори ҷавон – Саида Иброҳимзода ва Малика Исломзода ба кӯдакон таълиму тарбия медиҳанд. Барнома, дастури методӣ, нақшаи корӣ, дафтарҳои суҳбат бо падару модарон, суратҷаласаҳои волидон, хуллас, тамоми ҳуҷҷатҳо тибқи талабот мавҷуданд.
– Мо моҳе як маротиба барои мураббиёну омӯзгорони ҷавони муассисаҳои томактабӣ семинари омӯзишӣ баргузор мекунем. Зимни он, дар баробари рафти машғулиятҳову кор бо кӯдакон ба ҷавонон, тарзи истифодаи дастурҳои методӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, оро додани гӯшаҳо, қонуну қоида ва стратегияву барномаҳои соҳавӣ низ қисм ба қисм мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода мешавад. Дар чунин семинарҳо иштирокчиён имкон доранд, аз мутахассисони таҷрибадор бисёр чизҳоро омӯзанд, фикрашонро озод баён кунанд, ба суол­ҳои худ посух гиранд,-иброз намуд мушовир оид ба муассисаҳои томактабии шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Моҳира Набиева.
***
Муассисаи таҳсилоти томактабии №14 бо номи «Чашма» соли 1976 дар маркази ноҳияи Ёвон, дар кӯчаи Абдураҳмони Ҷомӣ барои 300 нафар кӯдак бунёд шудааст. Он аз ду бинои асосии дуошёнаи ба ҳамдигар пайваст ва якчанд бинои пасти дар гирду атроф сохташудаи ошхона, ҷойи либосшӯӣ, анбор ва боғи зимистона иборат мебошад. Биноҳои муассиса ҳарчанд таъмир шуда бошанд ҳам, куҳнаву фарсудаанд. Тибқи иттилои мудири кӯдакистон Миҷгона Собитова, давоми чаҳор соле, ки ин ҷо фаъолият дорад, кӯшиш намудааст кӯдакистонро то қадри имкон таъмир намоянд. Биноҳо рангбохтаву долону гурӯҳҳо, айвончаҳои тобистона ҳама таъмирталаб буданд. Ҳамин тариқ, аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассиса, бо дастгирии соҳибкорон, кумитаи волидон ва ҳукумати маҳал соли гузашта бино аз берун ранг карда, айвончаҳои тобистона таъмир ва бомпӯш шуданд. Аз дувоздаҳ синф­хона шаштои он, ошхона ва қисме аз долонҳо таъмир гардиданд.
Дар муассиса барои ҳар гурӯҳ долон ва чаҳор ҳуҷраи алоҳида барои машғулияту бозӣ, ҷойи хоб, дастшӯӣ, ошхона ҷудо шудааст. Дар долони қисме аз гурӯҳҳо ҷевонҳои либоскашии нав ва дар қисмате ҷевончаҳои фарсуда ба чашм расиданд. Ҳуҷраҳои машғулияту хоб бо мизу курсӣ, ҷевонҳои пур аз бозичаву китобҳои бадеӣ, васоити аёнӣ, катчаҳои якхела ҷиҳозонида шудаанд. Хуллас, дар гурӯҳҳо барои кӯдакон тамоми шароит барои таълиму тарбия фароҳам гардидааст. Ҳуҷраҳо бо бухории аловӣ ва барқӣ гарм карда мешаванд.
– Мо боғи зимистона дорем, ки солҳои қабл он ҷо меваву сабзавот кошта, нигоҳубин карда мешуд. Ҳамчунин, дар дохили ин боғ ҳавзи калони шиноварӣ низ мавҷуд аст. Айни замон ин боғ ва ҳавз дар ҳолати бад қарор дошта, таъмирталабанд. Агар онро таъмир ва мавриди истифода қарор диҳем, хуб мешавад. Барои ин ба ҳукумати маҳал ва соҳибкорон мактуб пешниҳод кардем. Масъулон ваъда доданд, ки ин масъаларо пайгирӣ ва ҳал мекунанд,-иброз намуд М. Собитова.
Дар доираи «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025» заминаи моддию техникии муассисаҳо тақвият ёфта, шароити мусоиди таълимӣ фароҳам оварда шуд ва таваҷҷуҳ ба омодагии касбии мураббиён зиёд гардид. Ҳамзамон, таҷрибаи татбиқи бар­нома, зарурати идомаи корҳо ҷиҳати фарогирии бештари кӯдакон, махсусан, дар маҳалҳои дурдаст, тақвияти кадрӣ ва ҷалби сармоягузориро ба миён мегузорад.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,
«Омӯзгор»,

Душанбе-Ёвон-Душанбе

Добавить комментарий