Дониш сарват аст

Дониш сарвати бебаҳо ва ганҷи ноёб аст. Кулли бузургони миллати тоҷик раҳнавардони илм ва толибони донишро дар зумраи беҳтарин инсонҳо қарор дода, васфу ситоиш кардаанд. Дар сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рушди соҳаи маориф, яъне, омӯзиши илму дониш мавқеи аввалиндараҷаро молик аст. Ба ин хотир, дар кишвари мо, дар тамоми муассисаҳои таълимӣ 1 сентябр чун Рӯзи дониш бо як самимияту дилгармӣ таҷлил карда мешавад.

Дар сатҳи давлатию умумимиллӣ сурат гирифтани ин чорабинӣ далели қотеи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва эҳтироми баланди мардуми Тоҷикистон ба илму маориф ва донишу маърифат арзёбӣ мегардад. Он миллат соҳибтамаддун ва бофарҳанг дониста мешавад, ки агар ба илму дониш, фарҳангу маърифат эътибори ҷиддӣ ва доимӣ равона намояд. Хушбахтона, миллати мо аз ин истисно нест ва дар ин саф дар қатори аввалинҳо мавқеи устувор дорад.
Дар айёме, ки дар ҳар гӯшаву канори олам даргириву муноқишаҳои мусаллаҳона торафт густариш меёбанд ва абарқудратҳои дунё дар пайи манофеи геополитикии худ кишварҳои дигарро ба кураи ҷанг андохта истодаанд, донишу маърифат боз ҳам мавқеи муҳимтарро касб мекунад. Натиҷа аз донишомӯзӣ бояд касби пешаву маърифат, ахлоқу одоб ва дар ниҳоят сулҳу созандагӣ бошад. Дониш ва сулҳ – ин ду мафҳум пайванди ногусастанӣ доранд. Аз ин рӯ, рамзист, ки Рӯзи дониш бо Дарси сулҳ оғоз меёбад. Ба ин маънӣ, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин масъаларо бамаврид таъкид кардаанд: «Дар ин марҳалаи ҳассос мо бори дигар бо ҷиддият эълон медорем, ки ҷонибдори сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон буда, терроризм, экстремизм ва радикализмро қатъиян маҳкум менамоем ва тавассути донишу фарҳанги миллии худ бо ҳама гуна зуҳуроти номатлуб мубориза мебарем. Дар робита ба ин, таъкид менамоям, ки ҳифзи истиқлоли давлатӣ, сулҳу оромӣ ва дигар арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як фарди баору номуси миллат ва аз ҷумла, шумо, хонандагон, донишҷӯён ва омӯзгорони арҷманд мебошад».
Оре, илму дониш на танҳо барои ҷаҳонбинӣ ва омӯзиши касбу ҳунар зарурат дорад, балки барои шинохти сафед аз сиёҳ, дарёфти ҳақиқат ва фаҳмиши воқеият, ватандориву садоқат ба меҳан дастёри беназир мебошад. Шахси бедониш ва ноогоҳ наметавонад дар зиндагӣ роҳи дурустеро пайдо бикунад, гурӯҳҳои ифротию экстремистӣ маҳз ҳамин гуна шахсонро меҷӯянд. Илму дониш бошад, роҳи инсонро равшан месозад ва ба ӯ кумак мерасонад, ки масири дурусту бехатарро интихоб намояд. Дар замони технологияи навтарин ва дастрасӣ ба кайҳон танҳо илму дониш метавонад ёвару мададгори асосии инсон бошад. Баҳри он, ки давлати пешрафта ва мутамаддин дошта бошем, муттакои мо илму дониш хоҳад буд. Шаҳрванди донишманд на фақат ба фарҳанг ва арзишҳои миллии худ эҳтиром мегузорад, балки арзишҳои неки тамаддуни умумиҷаҳониро низ эътироф ва қадр мекунад. Аз ин ҷост, ки Сарвари мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин масъала таваҷҷуҳ фармудаанд: «Дар баробари ин, зарур аст, ки мо ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба арзишҳои неки тамаддуни ҷаҳонӣ арҷ гузорем, нисбат ба масъалаҳои инсоният бетараф набошем ва хусусан, дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳон саҳми арзандаи худро гузорем. Дар ин раванд афзалият додан ба омӯхтани илму дониш, кушодани роҳи васеъ ҷиҳати азхуд кардани касбу ҳунар ва хулоса, муҳайё намудани тамоми шароити мусоид барои насли наврас ва ҷавонон яке аз масъалаҳои муҳимест, ки дар назди мо қарор дорад». Бо такя ба ин таъкиди Роҳбари давлат, метавон афзуд, ки омӯхтани илму дониш, бахусус, дар замони муосир аҳаммияти аввалин­да­раҷа хоҳад дошт.
Таҷлили Рӯзи дониш аз иқдомҳое мебошад, ки барои боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ, боло рафтани сатҳи худшиносиву ҳувияти миллӣ, мавқеи шоиста пайдо кардан дар ҷомеаи ҷаҳонӣ нақши бузург мебозад.
Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий