Фасли тобистон. Агарчи рӯзона ҳаво хеле гарму замин тафсон аст, аммо саҳаргоҳон ҳавои деҳа соф асту шамолаки салқин мевазад. Мо ҳар саҳар ҳамроҳи падарам ба боғ меравем. Боғи мо аз деҳа 5-6 километр дур аст. Боғ дар болои теппа, дар баландӣ ҷойгир аст. Ба сабаби он ки дар он ҷо об нест, ман бо падарам ҳар сол дар фасли тобистон аз деҳа ба бехи ниҳолони боғ об бурда мерезем, то онҳо хушк нашаванд.
Акнун як ҳафта мешавад, ки ману падарам ҳар субҳ ба бехи ниҳолону дарахтони боғ об кашонда мерезем. Ҳангоми ба боғ расидан падарам ба дарахтон об мерезаду ман зери сояи онҳо менишинам. Алафҳое, ки баҳорон дар гирду атрофи дарахтон сабзида буданд, акнун хушк шудаанд. Чанд рӯз аст, ки як ҳашароти занбӯрмонанде, ки ба танаи буттае сахт часпидааст, диқати маро ба худ ҷалб мекунад. Рӯзҳои аввал гумон кардам, ки чунин ҳашарот танҳо дар атрофи ҳамин дарахт мегардаду рӯзи дигар дар сояи дарахти аз ҳама калони боғ нишастам. Аммо дар он ҷо низ чунин ҳашаротро дидам. Дилам ба ҳоли ин ҳашароти бечора сӯхт, гумон кардам, чизе бадани ӯро сӯрох мекунад. Ҳисси кунҷковиям оромам нагузошт. Буттаи алафи хушкеро, ки дар он пӯсти ҳамон ҳашароти занбурмонанд буд, канда, назди падарам рафтам.
– Падарҷон, ин кадом навъи ҳашарот асту чӣ ном дорад?- пурсидам аз падарам.
– Ин ҳашарот чирчирак ном дорад, бачам,-фаҳмонд ӯ.
– Ӯро чӣ мехӯрад, ки танҳо аз он пӯстлох мондаасту халос?
– Ӯро фарзандаш мехӯрад.
– Чӣ хел?
Падарам одати мани кунҷкобро медонистанд, ки то посухи қонеъкунандаро ба саволам наёбам, аз наздашон намеравам. Аз ин рӯ, сатили обро як сӯ гузошта, «Биё, духтарам, ин ҷо шин, ман ба ту дар бораи ҳаёти талхи ин ҷонвараки бечора нақл мекунам»,-гуфта, зери дарахте нишастанду маро ҳам наздашон хонданд ва ба нақл кардан шуруъ намуданд. Чирчирак як ҳашарот аст, ки ба занбӯр монандӣ дорад ва он аслан, дар саҳро миёни ана ҳамин гулу буттаҳо зиндагӣ мекунад. Рӯзона чун дигар ҳашарот аз пайи дарёфти ризқу рӯзӣ мешаваду шабонгаҳ бошад, чир-чиркунон садо мебарорад. Ҳаёти аксари чирчиракҳои модина бисёр аҷиб аст. Вақте ки онҳо бордор мешаванд, аз баҳри зиндагии худ мегузаранд. Бо эҳтиёт парвоз мекунанд, то ба дарахте барнахӯранду фарзандашон осеб набинад. Фарзанди чирчирак дар дохили шикамаш ҳар қадар бузург шавад, модар ҳамон андоза лоғару бемадор мешавад, зеро фарзандаш дилу ҷигар ва дигар аъзои бадани модарро дар дохили ӯ мехӯрад ва оҳиста-оҳиста калон мешавад. Аз ин рӯ, на ҳар чирчираки модина чунин зиндагиро ихтиёр мекунад. Танҳо ҳамон чирчираки қавииродае, ки бо ҳама азобҳояш мехоҳад модар шавад, ин роҳро интихоб мекунад.
Ҳамин тавр, модар-чирчирак рӯз то рӯз беҳолу бемадор мешавад. Рӯзҳои охир дигар чирчирак тамоман мадори парвоз кардану ҳаракат намуданро надорад. Аз ин рӯ, ӯ бо тамоми қувваташ бо дасту по ба танаи буттае мечаспад, то фарзандаш охирон гушту пӯсти модарро хӯрда, ба дунё биёяд. Фарзанди чирчирак то андозае модарро мехӯрад, ки аз он танҳо пӯстлох мемонаду халос ва пушти модарро сӯрох карда, ба берун мебарояд. Чирчираки бечора ба хотири оне, ки модар шавад ва аз худ нишоне гузорад, аз баҳри зиндагияш мегузарад ва умри худро қурбони фарзандаш мекунад…»
Аз шунидани ин қисса акнун 20 сол гузаштааст. Ман намедонам, ки нақли падарам дар бораи чирчирак то куҷо ҳақиқат дорад. Аммо ҳар гоҳе сухан дар бораи модар меравад, пеши назари ман ҳамон чирчираки қурбоние меояд, ки зиндагии худ ва тамоми ҳастияшро ба фарзандаш бахшида буд. Ва фарзанд то охирин лаҳзаи умраш «дилу ҷигар»-и модарро хӯрда буд.
Воқеан, танҳо модар ин корро карда метавонад, танҳо модар барои фарзанди худ, барои ояндаи неки ӯ аз баҳри тамоми хушиҳои дунё, аз баҳри саломатӣ, давлату сарват, мансабу вазифа, ҳатто хешу табор мегузарад. Танҳо модар умри худро қурбони зиндагии фарзандаш мекунад. Чунин фидокорӣ танҳо хосси модар аст.
Фарзона ИСМОИЛОВА,
рӯзноманигор













