Аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд. Пешвои миллат ҳамеша таъкид мекунанд, ки маориф пояи асосии рушди давлат ва кафили ояндаи дурахшони миллат мебошад. Маҳз бо шарофати сиёсати маорифпарваронаи Роҳбарияти кишвар дар ҷумҳурӣ садҳо муассисаи нави таълимӣ бунёд ва таъмиру таҷдид карда шуданд.
Дар солҳои аввали истиқлол, махсусан, дар давраи душвори солҳои навадуми асри гузашта, соҳаи маориф бо мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гардид. Норасоии биноҳои таълимӣ, камбуди таҷҳизот ва шароити номувофиқ ба раванди таълим таъсири манфӣ мерасонданд. Бо вуҷуди ин, омӯзгорони кишвар бо ҳисси баланди масъулият ва ватандӯстӣ фаъолияти худро идома дода, барои таълиму тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштанд. Ин фидокориҳои аҳли маориф замина гузоштанд, ки имрӯз соҳа ба сатҳи нави рушд ворид гардад.
Бо гузашти вақт ва таъмин гардидани сулҳу субот давлат ба соҳаи маориф диққати бештар зоҳир намуд. Қабули барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои рушди соҳа ва зиёд гардидани маблағгузорӣ имкон фароҳам оварданд, ки сифати таълим беҳтар шавад. Имрӯз дар аксар гӯшаву канори кишвар муассисаҳои нави таълимӣ сохта шуда, шароити муосир барои омӯзиш фароҳам оварда шудааст. Синфхонаҳои барҳаво, таҷҳизоти техникӣ, синфхонаҳои компютерӣ ва китобхонаҳо ба рушди дониш ва ҷаҳонбинии хонандагон мусоидат мекунанд.
Ҳукумати мамлакат бо мақсади баланд бардоштани сифати таҳсил ва мутобиқ намудани он ба талаботи замони муосир як қатор барномаҳои давлатӣ ва санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ қабул намуд. Дар ин раванд, нақши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳим мебошад, ки сиёсати ягонаи давлатиро дар соҳаи таҳсил амалӣ намуда, рушди муассисаҳои таълимиро ҳамоҳанг месозад.
Ин давра, ҳамчунин, шумораи коллеҷҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо ба таври назаррас афзоиш ёфт. Ин муассисаҳо мутахассисони баландихтисосро барои соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ омода менамоянд.
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи илмӣ ва таълимӣ дар тайёр намудани мутахассисони варзида саҳми назаррас дорад. Дар даврони истиқлол фаъолияти мактабҳои олӣ вусъат ёфта, факултетҳои нав таъсис ва сатҳи таълимро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд. Инчунин, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар омода намудани мутахассисони соҳаҳои муҳандисӣ, технологӣ ва омӯзгорӣ нақши муҳим доранд.
Дар даврони истиқлол заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ низ ба таври чашмрас беҳтар гардид. Биноҳои нави таълимӣ бунёд гардиданд, синфхонаҳо бо таҷҳизоти муосир таъмин ва озмоишгоҳҳою марказҳои компютерӣ таъсис дода шуданд. Истифодаи технологияҳои иттилоотӣ дар раванди таълим васеъ гардида, донишҷӯён имкон пайдо намуданд, ки аз донишҳои муосир ба таври фарогир бархурдор шаванд.
Яке аз дастовардҳои муҳимми даврони истиқлол ворид шудани низоми бисёрзинагии таҳсил (бакалавр, магистр, доктор PhD) мебошад. Ин низом ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки таҳсилоти худро дар сатҳи байналмилалӣ идома дода, ба бозори ҷаҳонии меҳнат ворид гарданд. Инчунин, ҳамкориҳои байналмилалӣ бо донишгоҳҳои хориҷӣ густариш ёфта, донишҷӯён ва омӯзгорон дар барномаҳои табодули таҷриба иштирок менамоянд.
Давлат барои дастгирии донишҷӯёни боистеъдод низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Таъсиси стипендияҳои Президентӣ, квотаҳо барои ҷавонони лаёқатманд ва имкониятҳои таҳсил дар хориҷи кишвар нишонаи ғамхории давлат нисбат ба рушди неруи зеҳнии миллат мебошад.
Ҳамзамон, дар даврони истиқлол нақши коллеҷҳо дар рушди кишвар муҳим арзёбӣ мегардад, зеро дар омода намудани мутахассисони миёнаи касбӣ саҳми калон доранд. Онҳо мутахассисонро барои соҳаҳои сохтмон, энергетика, тиб, иқтисод ва дигар бахшҳо омода менамоянд.
Имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ истифодаи компютер, тахтаҳои электронӣ ва дигар воситаҳои техникӣ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари беҳтар гардидани шароити таълим, мақому мартабаи омӯзгор низ боло рафтааст. Давлат барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоии омӯзгорон тадбирҳои муҳим андешида, маоши онҳо марҳала ба марҳала зиёд карда мешавад.
Дастовардҳои хонандагони тоҷик дар озмунҳои байналмилалӣ низ аз пешрафти соҳаи маориф шаҳодат медиҳанд. Имрӯз хонандагони кишвар дар олимпиадаҳо ва озмунҳои гуногун иштирок намуда, ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд ва Парчами Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардоранд.
Бо ифтихор метавон гуфт, ки соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи рушди бомаром қарор дорад. Таҷдиди муассисаҳои таълимӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, баланд гардидани мақоми омӯзгор ва дастовардҳои хонандагон далели равшани ин гуфтаҳо мебошанд.
Дар оянда низ рушди соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятнок боқӣ мемонад, зеро маҳз ҷавонони донишманд ва соҳибмаърифат метавонанд Тоҷикистонро ба сӯйи пешрафт ва шукуфоӣ роҳнамоӣ намоянд. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як омӯзгор ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он иборат аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи насли наврасу ҷавон саҳми босазо гузорад.
Беҳрӯз РАҶАБЗОДА,
мудири шуъбаи таълими Коллеҷи муҳандисӣ-техникии ноҳияи Нуробод, докторанти соли дуюми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур













