Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар кӯдакистон

Имрӯз талабот ба омӯзиш ва донистани ҳадди ақал ду забони хориҷӣ дар ҷомеа зиёд гардида истодааст. Донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо омили маърифатнокии инсони муосир, балки асоси некуаҳволии иҷтимоӣ ва моддӣ низ мебошад. Мушкилоти асосии омӯзиши забони хориҷӣ синну соли забономӯз мебошад. Мусаллам аст, ки нисбат ба насли калонсол кӯдакон зудтар метавонанд забони хориҷиро аз худ намоянд. Синни томактабӣ барои оғози омӯзиши забони хориҷӣ мусоидати хос дорад. Кӯдакони ин синну сол забонро ба осонӣ аз худ карда метавонанд. Усулҳои зиёде мавҷуданд, ки ба воситаи онҳо раванди забономӯзии кӯдакон метавонад самараноктар гардад. Дар маҷмуъ, ҳамаи усулҳои омӯзиши забони хориҷӣ барои кӯдакон ғайриқолабӣ буда, аз маҳорату сатҳи дониши омӯзгор вобастагии калон дорад.

Принсипи ҷолибият яке аз муҳимтарин принсипҳои омӯзиши забон мебошад. Дар ҳар як усуле, ки истифода мешавад, чӣ муҳимтар аст? Албатта, таваҷҷуҳи кӯдак. Бояд таваҷҷуҳи тарбиятгирандаро ба забон, фарҳанг ва халқи ӯ бедор кард. Дар акси ҳол, кӯдак андешаеро ба вуҷуд меорад, ки омӯзиши забони дигар дилгиркунанда ва душвор аст.
Принсипи шакли бозӣ фаъолияти асосии кӯдак ба ҳисоб меравад. Бо ёрии он оғози омӯзиши забони хориҷӣ барои кӯдакон осонтар аст. Мувофиқи ин принсипҳо, панҷ усули асосии таълимии забони хориҷӣ барои кӯдаконро пешниҳод мекунем.
Усули кор бо куб. Ин усул барои кӯдакони то 3-сола пешбинӣ шудааст. Ба кӯдакон барои бозӣ куб (кубикҳо) дода мешаванд, ки дар онҳо на ҳарфҳо, балки ҳиҷоҳо ва ҳатто калимаҳо навишта шудаанд. Аммо кубҳо набояд якхела бошанд ва аз ҷиҳати андоза, ҳаҷм, вазн, ранг фарқ кунанд. Ин усул ба кӯдакон кумак мекунад, ки қоидаҳои одии грамматикӣ ва синтаксисиро аз худ кунанд. Бо шарофати ин бозӣ тарбиятгиранда метавонад малакаҳои нутқи худро инкишоф диҳад.
Усули бозӣ. Ин усулро барои кӯдакони аз 1-сола боло истифода бурдан мумкин аст. Тарзи истифодаи усули мазкур чунин аст: муаллим ба бачаҳо расмҳои ҳайвонот, касбу пешаҳои гуногун ё дигар мафҳумҳои асосиро нишон медиҳад ва болои миз мегузорад. Сипас он расмҳоро бо забони хориҷӣ мехонад ва кӯдакон аз паси ӯ такрор мекунанд. Баъд аз ин, кӯдакон як ҳайвон ё ашёи интихобкардаро дар варақҳои сафед тасвир ва кӯшиш мекунанд, ки номи онро бо забони хориҷӣ ба ёд оранд. Вақте ки кӯдак тақрибан нисфи номи ашёро аз ёд мекунад, омӯзгор кӯшиш мекунад, ки бо ашё муколамаи одӣ ва асосиро анҷом диҳад. Ҳамин тариқ, кӯдакон тадриҷан талаффуз ва нутқи шифоҳиро аз худ мекунанд.
Усули лоиҳавӣ. Ин усул барои кӯдакони аз 4-сола боло пешбинӣ шудааст. Он ба дарсҳои мактабӣ монанд аст, бо фарқияти он, ки муаллим мавзуъро ҷиҳати шавқоварии он барои кӯдакон интихоб мекунад. Ҳамин тавр, якчанд дарс мегузаранд, пас аз он метавонанд ба тарбиятгирандагон санҷиш гузаронанд. Ба туфайли ин усул кӯдакон калимаҳоро меомӯзанд, захираи луғавии худро ғанӣ мегардонанд, ки ин дар оянда барои онҳо муфид хоҳад буд.
Усули кор бо расм. Ин усули омӯзиши забони хориҷӣ барои кӯдакони аз 5-6-сола боло мувофиқ буда, ба истифодаи хотираи визуалии кӯдакон асос ёфтааст. Ба кӯдакон расмҳое нишон дода мешаванд, ки дар онҳо ашё ва номи он тасвир шудаанд. Барои оғоз мо бояд ба кӯдак тақрибан 5 расмро нишон диҳем ва калимаҳоро равшан гӯем. Пеш аз ҳар як дарси минбаъда, мо бояд расмҳоро омехта кунем. Дар тӯли якчанд рӯз 5 расм илова мекунем, чун ба кӯдакон дар хотир доштани калимаҳои нав осонтар мегардад. Бо ин усул кӯдакон дар хотир доштани калимаҳои навро меомӯзанд.
Усули омехта. Синну соли кӯдакон бо ин усул вобаста ба мураккабии супоришҳои иҷрошаванда аз 1 то 5-6 сол фарқ мекунад. Машғулиятҳо бо ин усул дар шакли дарс гузаронида мешаванд ва тамоми шаклу усулҳои дар боло зикршударо дар бар мегиранд. Ҳамин тавр, кӯдакон усули дурусти талаффузи вожаҳоро ёд мегиранд, бозӣ мекунанд, расм мекашанд, суҳбат мекунанд. Бо ин равиш дарсҳо гуногун ва шавқовар баргузор гардида, ҳавасмандии тарбиятгирандагонро бештар менамоянд.
Барои зудтар омӯзонидани забони хориҷӣ лозим аст, ки нахуст ба кӯдак муҳити забономӯзиро фароҳам орем, ба тасвирҳои визуалии рангоранг бештар диққат диҳем. Ҳамин тавр, кӯдак калимаҳоро зудтар ба ёд меорад.
Аз ҷиҳати илмӣ исбот шудааст, ки омӯ­зиши забон осонтар аст, агар кӯдак аз синни 3-4 ба он одат кунад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки методологияро бо дарназардошти хусусияти кӯдак, ба таври инфиродӣ интихоб кунем.
Хулоса, аксари усулҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ маҳз ба фаъолияти бозии кӯдакон асос ёфтааст, зеро бозӣ воситаи рушди тафаккури кӯдак аст.
Шаҳноза УМАРЗОДА,

омӯзгори забони хориҷии кӯдакистони 12-и ноҳияи Мастчоҳ

Добавить комментарий