Таълими фанҳои дақиқ, хусусан, математика на танҳо дониши назариявӣ медиҳад, балки воситаи муҳимми рушди тафаккури мантиқӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳсоси ватандории хонандагон низ мебошад. Дар таҷрибаи хеш, ҳангоми таълими математика, бо дарназардошти талаботи дидактика, методика ва технологияи муосири таълим роҳҳои гуногуни тарбияи ватандӯстии хонандагон истифода мешавад, ки баъзе самтҳои онро баён менамоем.
1. Истифодаи маводи таърихӣ. Омӯзиши масоиле, ки бо зиндагии воқеияти миллӣ алоқаманданд ва таҳлили мавзуъҳое, ки ба таърихи илми тоҷик, шахсиятҳои барҷастаи математикдони тоҷик ва саҳми онҳо дар илми ҷаҳонӣ рабт доранд, ҳисси ифтихор аз миллату давлатро дар ниҳоди хонандагон бедор менамоянд. Муҳокимаи ҳаёт ва фаъолияти шахсиятҳои математикдони тоҷик, ба мисли Ал-Хоразмӣ, Абурайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Умари Хайём, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Ал-Кошӣ, Муҳаммад Осимӣ, Абдуҳамид Ҷӯраев ва амсоли инҳо мисол шуда метавонанд.
2. Ташкили кори лоиҳавии фардӣ ва гурӯҳӣ. Тарҳрезии лоиҳаҳои ҷолиб, ки дар онҳо хонандагон метавонанд масъалаҳои амалӣ ва ватандӯстонаро чун таҳлили ҷуғрофии минтақаҳои Тоҷикистон аз рӯйи оморҳои математикӣ ҳал намоянд. Аз ҷумла, баргузории озмунҳо ва викторинаҳо дар мавзуи «Математика ва саноатикунонии Тоҷикистон», «Саҳми олимони тоҷик дар рушди илми ҷаҳонӣ».
3. Ҳалли масъалаҳои амалӣ ва назариявӣ, ки ҳалли онҳо бо рӯйдодҳои таърихӣ, ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва дастовардҳои илмии кишвар алоқаманд аст.
Ба ин маънӣ, дар китоби дарсии математикаи синфи панҷ 125 масъала ва дар синфи шаш 108 масъала доир ба ёфтани дарозии дарёҳо, баландии кӯҳҳо, ҳаҷми оби обанборҳо, иқтидори неругоҳҳои барқи обии «Норак»-у «Роғун», афзоиши аҳолӣ, сарватҳои табиӣ, ҳисоби вақти маҳаллӣ, масофаи байни шаҳрҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.
4. Омӯзиши НБО-и «Роғун» дар дарсҳо. Сохти неругоҳ аз ҷиҳати техникӣ шоҳкории ақлу хиради инсонӣ мебошад, ки дар ҷаҳон беназир аст. Яъне, дар сохтмони неругоҳ тамоми донишҳои фанҳои дақиқи замони муосир татбиқи амалии худро ёфтаанд. Бояд масъалаҳоеро ҳал кард, ки он дониши шогирдонро доир ба неругоҳ зиёд намояд.
5. Дарсҳои ғайристандартӣ. Баргузории дарсҳои экскурсияҳои мавзуӣ, дарсҳои тадқиқотӣ ва дарс-викторина, ки ба таърихи минтақа ё кишвари азизамон бахшида шудаанд.
6. Фаъолиятҳои беруназсинфӣ. Ташкили маҳфилҳои математикӣ, олимпиадаҳо ва мусобиқаҳо, ки дар онҳо бештар масъалаҳои мазмуни ҳарбию ватандӯстидошта ҳал карда мешаванд. Вохӯриҳо бо собиқадорон ё намояндагони касбҳои гуногун, хусусан, низомиён, ки дар кори онҳо математика нақши муҳим дорад.
7. Таълим ва тарбияи тафаккури математикӣ ва рушди ҷаҳонбии хонандагон. Нишон додани аҳаммияти донишҳои математикӣ барои рушди илм ва технологияи муосир муфиду самарабахш мебошад.
8. Истифодаи эпиграфҳо дар вақти дарс. Эпиграф метавонад сатрҳои ашъор, гуфторҳо ва афоризмҳои мутафаккирону адибон дар бораи омӯхтани риёзӣ тавъам бо мазмуни ватандӯстӣ бошад. Гуфтори бузургонро дар лавҳа навишта, дар аввали дарс хонда, муҳокима кардан ба мақсад мувофиқ аст.
Ҳамин тавр, бо омӯхтани математика, шогирдон заминаи мустаҳкам барои омӯхтани дигар фанҳоро ба даст меоранд, аз ҷумла, физика, химия, иқтисодиёт ва технологияи иттилоотӣ.
Бобохон ҚАЮМОВ,
омӯзгори математика ва физикаи МҒД «Мактаби зеҳнии ТОРУАН»-и шаҳри Исфара













