«РУШДИ МАОРИФ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ»
Ҳафтаномаи «Омӯзгор»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни бузурги таърихӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ҳадафи тавзеҳу баррасию муаррифии густардаи марҳалаҳои рушди маорифи ҷумҳурӣ ва тавсифи дастоварду навгониҳои соҳа барои беҳтарин асарҳои публитсистӣ таҳти унвони «Рушди маориф дар замони Истиқлоли давлатӣ» озмун эълон мекунад.
Навиштаҳо бояд инъикосгару тавзеҳбахши сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, корномаи аҳли маориф дар самти пойдории Истиқлоли давлатӣ ва марҳалаҳои рушди соҳаи маориф, фаъолияти фидокорони соҳа, комёбиҳои маорифи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, ҳаводиси муассиру хотирмон вобаста ба ислоҳоти соҳа, тозакорию навгониҳо дар соҳа, омӯзгорони эҷодкору навовар, мақому мартабаи аҳли таълиму тарбия ва амсоли инҳо бошанд.
Ба навиштаҳое, ки саҳеҳу муъҷазу навоварона эҷод шудаанду забони шевою пуробуранг, таҳлилу пешниҳодҳои судманд, андешаҳои ҷолиб доранд ва дар онҳо умумигӯию якрангӣ ба мушоҳида намерасад, афзалият дода мешавад.
Ҳаҷми мақолаҳо набояд аз 4 саҳифаи чопи компютерӣ (ҳарфи Times New Roman, андозаи 14, интервали 1) зиёд бошад. Дар сурати ба инобат нагирифтани ин талабот, нигоштаҳо ба чоп иҷозат дода намешаванд.
Озмун аз рӯзи эълон шуданаш то 20 августи соли 2026 идома меёбад ва дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ (09.09.2026) ҷамъбаст мегардад.
Мукофотҳо барои ғолибон:
Ҷойи 1 – 7 000 сомонӣ
Ҷойи 2 – 5 000 сомонӣ
Ҷойи 3 – 3 000 сомонӣ
Ғолибон, ҳамчунин, соҳиби ифтихорнома ва туҳфаҳо хоҳанд шуд. Гулчини мақолаҳо дар шакли китоби алоҳида ба табъ мерасад.
Маводҳоро метавонед ба почтаи электронии ҳафтанома фиристед — n.omuzgor@maorif.tj













