Тақвиятбахши ҳувияти миллӣ

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Қабули Парчами давлатӣ дар яке аз марҳалаҳои ҳассос ва тақдирсози таърихи навини кишвар сурат гирифта, ҳамчун қадами муҳим дар роҳи ташаккули давлатдории мустақили Тоҷикистон аҳаммияти бузурги таърихӣ дошт. Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар таъмини суботи сиёсӣ ва муайян намудани роҳу самтҳои минбаъдаи давлатдорӣ нақши муҳим бозид, балки бо қабули Парчами давлатӣ яке аз муқаддасоти асосии давлатдории миллии тоҷиконро ба расмият даровард. Парчам аз ҳамон давра ба яке аз рамзҳои муҳимми соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил ёфта, дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷойгоҳи устувор пайдо кард. Он дар баробари Нишон ва Суруди миллӣ баёнгари соҳибистиқлолӣ, ягонагӣ ва мавҷудияти давлати миллӣ мебошад.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, эҳтиром ба Ватан, давлат, таъриху фарҳанг ва арзишҳои миллии мардум мебошад. Аз ин рӯ, тарғиби эҳтиром ба парчам дар байни шаҳрвандон, махсусан, насли наврасу ҷавон метавонад дар таҳкими худшиносии шаҳрвандӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносӣ нақши муҳим дошта бошад.

Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳои дипломатии худро бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон густариш дода, ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ мавқеашро тадриҷан таҳким бахшид.

Парчами давлатӣ на танҳо рамзи дохилии давлатдорӣ, балки яке аз воситаҳои муаррифии Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир низ мебошад. Шинохти Парчами Тоҷикистон дар ҷомеаи байналмилалӣ ба шинохти худи давлат ва миллати тоҷик ҳамчун миллати дорои таърих, фарҳанг ва давлатдории соҳибистиқлол иртиботи ногусастанӣ дорад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки муносибатҳои байни давлатҳо беш аз пеш густариш меёбанд, ҳифз ва таҳкими чунин рамзҳои миллӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Зеро миллате, ки таърих, арзишҳои миллӣ ва рамзҳои давлатии худро эҳтиром мекунад, метавонад дар баробари ҳамкории фаъол бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳувияти миллии худро низ ҳифз намояд.

Ҳувияти миллӣ яке аз унсурҳои муҳимми ҳастии миллат буда, таърих, забон, фарҳанг, анъана, арзишҳои маънавӣ ва эҳсоси мансубияти шахсро ба миллату давлати худ таҷассум менамояд. Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки робитаҳои фарҳангӣ, иқтисодӣ ва иттилоотии байни кишварҳо босуръат густариш меёбанд, ҳифзи ҳувияти миллӣ аҳаммияти боз ҳам бештар пайдо мекунад. Дар ин раванд Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ дар таҳкими худшиносии шаҳрвандон нақши муҳим дорад.

Эҳтиром ба Парчами давлатӣ, шинохти таъриху арзишҳои миллӣ ва арҷгузорӣ ба дастовардҳои кишвар заминаи муҳимми ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ мебошад. Хусусан, тарбияи насли наврасу ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ барои ҳифзи ҳувияти миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ аҳаммияти калон дорад.

Яке аз зуҳуроти равшани мақому ҷойгоҳи Парчами давлатӣ дар арсаи байналмилалӣ парафшон гардидани он дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Махсусан, дастовардҳои варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, чемпионатҳои ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ, ки бо барафрохта шудани Парчами давлатии Тоҷикистон шукӯҳ меафзоянд, мояи ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд. Дар баробари варзишгарон дастовардҳои олимон, фарҳангиён, намояндагони соҳаҳои гуногун ва шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷи кишвар низ ба муаррифии давлату миллат мусоидат менамоянд.

Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ дар таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон нақши муҳим дорад. Дар шароити ҷаҳонишавӣ эҳтиром ба парчам, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муаррифии шоистаи давлат дар арсаи байналмилалӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Мо бояд ба насли наврасу ҷавон фаҳмонем, ки Парчами давлатӣ танҳо рамзи расмии кишвар нест, балки таҷассумгари таърих, истиқлол, ваҳдат ва ояндаи дурахшони миллат мебошад. Эҳтиром ба он эҳтиром ба Ватан ва масъулият дар назди наслҳои имрӯзу оянда аст.

Ҷобир МУЛКАМОНОВ,
сармутахассиси шуъбаи таълими филиали ДҶТИБКСМ дар ВМКБ

Добавить комментарий