Омӯзгорӣ аз ҷумлаи пешаҳоест, ки натиҷааш дарҳол намоён намешавад. Агар меъмор бино созад, натиҷаи кори ӯро метавон дид, омӯзгор бошад, инсон месозад ва самараи заҳмати ӯ баъзан пас аз солҳои зиёд зуҳур мекунад. Шогирде, ки имрӯз дар синфхона оромона дар назди мизи худ нишастааст, метавонад фардо табиб, муҳандис, олим, ҳуқуқшинос, омӯзгор, роҳбар ё шахсияти таъсиргузори ҷомеа гардад. Дар паси ҳар як чунин сарнавишт саҳми омӯзгоре ҳаст, ки шояд солҳо пеш дар дили ин кӯдак тухми дониш, меҳнатдӯстӣ ва бовариро кошта бошад. Омӯзгор, пеш аз ҳама, бо инсон сарукор дорад. Ӯ бо шахсияти ҳанӯз ташаккулнаёфта, бо кӯдаке кор мекунад, ки қобилият, орзу ва ҷаҳонбиниаш тадриҷан шакл мегирад. Аз ин рӯ, омӯзгор бояд дар симои ҳар як шогирд танҳо хонанда ё донишҷӯ не, балки шахсияти дорои имконоти нодирро бинад.
Баъзан як сухани нек метавонад кӯдакро ба донишомӯзӣ ҳавасманд созад. Як таъриф метавонад ба ӯ эътимод бахшад. Як муносибати дуруст метавонад ӯро аз ноумедӣ берун кунад. Баръакс, беэътиноӣ ё муносибати нодуруст метавонад ба руҳияи кӯдак таъсири манфӣ расонад. Аз ин рӯ, омӯзгор будан маънои танҳо дарс доданро надорад, ин масъулияти бузург барои муносибат бо дунёи ботинии инсон аст.
Омӯзгори ҳақиқӣ пеш аз дониш ба шогирд эҳтиром карданро меомӯзонад, пеш аз он ки ба ӯ ҷавоб диҳад, савол доданро ёд медиҳад, пеш аз он ки барои хато сарзаниш кунад, сабаби онро меҷӯяд.
Ҳар як дарси хуб омодагии ҷиддӣ талаб мекунад. Омӯзгор бояд донад, ки чӣ гуна мавзуи мураккабро ба забони сода фаҳмонад, диққати хонандаро ҷалб намояд ва шавқи ӯро ба дониш бедор кунад. Аз ин ҷост, ки касби омӯзгорӣ ҳам дониш, ҳам сабр ва ҳам муҳаббат ба инсонро талаб мекунад.
Замона дигар, талаботи ҷомеа тағйир ёфта, технологияҳои нав пайдо ва усулҳои таълим низ такмил меёбанд. Омӯзгори муосир наметавонад бо дониши як давраи муайян омӯхтааш маҳдуд шавад. Ӯ бояд пайваста мутолиа кунад, таҷриба омӯзад, аз навовариҳо истифода барад ва дар баробари шогирдони худ ҳамеша дар ҷустуҷӯи дониш бошад.
Имрӯз муҳити таълим ба таври назаррас тағйир ёфтааст. Агар пештар китоб ва тахтаи синфӣ воситаҳои асосии таълим ба ҳисоб мерафтанд, имрӯз хонанда ба манбаъҳои гуногуни рақамӣ дастрасӣ дорад. Зеҳни сунъӣ, платформаҳои таълимӣ, китобҳои электронӣ ва захираҳои интернетӣ имконоти нави омӯзишро ба вуҷуд овардаанд.
Дар чунин шароит ҳам нақши омӯзгор кам намешавад. Ҳоло омӯзгор бояд ба шогирд на танҳо донистан, балки дуруст интихоб кардани иттилоот, фарқ кардани маълумоти боэътимод аз нодуруст, истифодаи масъулиятноки технология ва ҳифзи арзишҳои инсонӣ дар муҳити рақамиро низ омӯзонад.
Технология метавонад маълумоти зиёд диҳад, аммо меҳрубонӣ, ҳамдардӣ, руҳбаландӣ ва эҳсоси масъулият танҳо тавассути муносибати инсон ба инсон ташаккул меёбад. Ин рисолат ҳанӯз ҳам ба дӯши омӯзгор ва оила боқӣ мемонад.
Эҳтироми омӯзгор танҳо бо суханҳои нек маҳдуд намешавад. Барои фаъолияти самараноки ӯ муҳити муносиб, имконияти такмили ихтисос, шароити хуби корӣ ва муносибати масъулиятноки ҷомеа зарур аст. Ҳамзамон, худи омӯзгор низ бояд ба мақоми баланди касби худ сазовор бошад: донишманд, одил, бофарҳанг, масъулиятшинос ва намунаи ибрат барои шогирдон.
Дар ин миён нақши падару модар низ муҳим аст. Муносибати оила ба омӯзгор, ба муносибати фарзанд ба мактаб ва таълим таъсири мустақим дорад. Вақте кӯдак эҳсос мекунад, ки меҳнати омӯзгор аз ҷониби падару модар низ қадр карда мешавад, муносибати ӯ ба дониш ва мактаб ҷиддитар мегардад.
Дастоварди воқеии омӯзгор он аст, ки шогирдаш инсони хубу масъулиятшинос шавад, меҳнатро дӯст дорад, ҳақиқатро қадр кунад; ба дигарон эҳтиром гузорад ва барои ҷомеа манфиат орад.
Хулоса, омӯзгор амсоли чароғест, ки роҳи дигаронро равшан мекунад. Бузургиаш дар он аст, ки худ месӯзад, то роҳи дигаронро равшан кунад.
Сулҳиямо ЗАЙНИДДИН,
омӯзгори забони англисии МТМУ №100-и ноҳияи Шоҳмансур













