Ҳифзи насли наврас аз таҳоҷуми фарҳангӣ

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши босуръати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ масъалаи ҳифзи насли наврас аз таъсири номатлуби фарҳангҳои бегона ба яке аз масъалаҳои муҳимми ҷомеаи муосир табдил ёфтааст. Имрӯз наврасону ҷавонон тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет, телевизион, филмҳо ва дигар воситаҳои иттилоотӣ бо арзишҳо, тарзи зиндагӣ, анъана ва ҷаҳонбинии халқҳои гуногун ошно мегарданд. Ин раванд, аз як тараф, барои густариши ҷаҳонбинӣ ва мубодилаи фарҳангӣ имконоти васеъ фароҳам орад, аз ҷониби дигар, метавонад дар сурати набудани маърифати зарурӣ ба худшиносии миллӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва ҳувияти фарҳангии насли наврас таъсири манфӣ расонад.

Дар ин замина, таҳоҷуми фарҳангӣ ба паҳншавӣ ва бартарӣ пайдо кардани унсурҳои муайян, меъёрҳои рафтор ва тарзи зиндагӣ ишора карда, метавонад арзишҳои маҳаллӣ ва миллиро тадриҷан канор занад. Албатта, ҳар гуна таъсири фарҳангии хориҷӣ манфӣ нест. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, шиносоӣ бо дастовардҳои илму техника ва аз худ кардани таҷрибаи пешқадами халқҳои ҷаҳон барои рушди ҷомеа зарур аст. Масъала дар он аст, ки ин раванд набояд боиси аз байн рафтани худшиносии миллӣ, коста гардидани ахлоқ ва фаромӯш шудани арзишҳои таърихию фарҳангии миллат гардад.

Нақши оила дар ҳифзи фарҳанги миллӣ назаррас аст. Оила нахустин муҳитест, ки дар он шахсияти кӯдак ташаккул меёбад. Муносибати падару модар, тарзи гуфтору рафтор, эҳтироми калонсолон, муносибат ба китобу дониш ва риояи суннатҳои миллӣ дар ташаккули ҷаҳонбинии наврас таъсири амиқ мегузоранд. Падару модар бояд нисбат ба муҳтавое, ки фарзандонашон дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, бетафовут набошанд. Назорат дар ин самт бояд бо муколама, боварӣ ва фаҳмондадиҳӣ сурат гирад.

Муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули ҷаҳонбинӣ ва ҳувияти фарҳангии насли наврас нақши калидӣ доранд. Мактаб танҳо ҷойи омӯзиши фанҳо нест, балки муҳити тарбияи инсони соҳибмаърифат, ватандӯст, дорои тафаккури мустақил ва масъулиятшинос мебошад.

Дар раванди таълиму тарбия зарур аст, ки хонандагон бо таърихи миллат, адабиёти классикӣ, фарҳанги миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва дастовардҳои илмию фарҳангии халқи тоҷик ба таври амиқ шинос шаванд.

Забон яке аз муҳимтарин унсурҳои тақвиятдиҳандаи ҳувияти миллӣ, ҳофизаи таърихӣ ва ваҳдати фарҳангии миллат мебошад. Забони тоҷикӣ дар тӯли асрҳо таҷрибаи таърихӣ, андешаҳои фалсафӣ, арзишҳои ахлоқӣ ва мероси адабии халқи тоҷикро ҳифз намуда, ба наслҳои оянда интиқол додааст.

Аз ин рӯ, ҳифзи забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар муҳити оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва фазои рақамӣ яке аз роҳҳои муҳимми нигоҳдории фарҳанги миллӣ ба шумор меравад.

Яке аз омилҳои асосии таъсиррасон ба фарҳанги насли наврас имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд. Ин воситаҳо барои гирифтани маълумот, омӯзиш, эҷодкорӣ ва муошират имконоти фаровон фароҳам овардаанд. Аммо паҳншавии ахбори бардурӯғ, тарғиби зӯроварӣ, рафторҳои носолим ва тақлидкории кӯр-кӯрона метавонад ба ташаккули арзишҳои наврасон таъсири манфӣ расонад. Дар чунин шароит ташаккули саводи рақамӣ аҳаммияти махсус пайдо мекунад.

Фарҳанги миллӣ танҳо маҷмуи расму оинҳо нест, балки низоми арзишҳо, меъёрҳои ахлоқӣ, таҷрибаи таърихӣ ва шаклҳои маънавии зиндагии мардумро фаро мегирад. Эҳтироми падару модар, меҳмоннавозӣ, инсондӯстӣ, адолат, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки дар фарҳанг ва адабиёти тоҷик ҷойгоҳи муҳим доранд.

Барои ба насли наврас расонидани ин арзишҳо баргузории маҳфилҳои адабӣ, озмунҳои китобхонӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, шиносоӣ бо ҳунарҳои мардумӣ ва ташкили сафарҳои омӯзишӣ ба мавзеъҳои таърихӣ самарабахш аст. Чунин чорабиниҳо набояд танҳо хусусияти расмӣ дошта бошанд, балки бояд дар онҳо наврасон фаъолона иштирок карда, имкони андешаронӣ ва эҷодкорӣ пайдо намоянд.

Хулоса, ҳифзи насли наврас аз таҳоҷуми фарҳангӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи муосир буда, ҳалли он муносибати ҳамаҷониба ва пайвастаро талаб мекунад. Тарбияи дурусти оилавӣ, баланд бардоштани сифати таълим, эҳтиром ба забони тоҷикӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ, рушди саводи рақамӣ ва ташкили муҳити солими маънавӣ аз муҳимтарин роҳҳои ҳалли ин масъала мебошанд.

Мафтуна БАҲОДУРЗОДА,
омӯзгори МТМУ №36-и ноҳияи Ҷаббор Расулов

Добавить комментарий