Аз бозгӯии мазмун то бозофаринии матн

«Шеъри «Хандаи лола»-ро ба наср баргардонед!». Ин супориш дар китоби «Адабиёти тоҷик»-и синфи 5 (нашри с. 2022, саҳ. 58) ҳаст. Иҷрои он дар назари аввал осон менамояд: тартиби калимаҳоро дигар мекунему ҷумлаи насрӣ месозем. Аммо аз ҳамин кор дарки маънии шеър то куҷо маълум мешавад?

Барои як байти Рӯдакӣ ду баёни насриро тасаввур кунем. Яке чунин аст: «Дар саҳро лола шукуфтаасту аз абр борон мерезад». Дигаре: «Лолаи саҳро ба чеҳраи хандони Лайлӣ монанд аст; абри осмон мисли чашми гирёни Маҷнун борон меборад». Ҳар ду ба наср навишта шудаанд, лек, агар мақсад фаҳмонидани тасвири шоир бошад, дар баёни аввал робитаи лолаву абр бо чеҳраву чашм гум шудааст. Барои дидани ин фарқ аз хонанда шарҳи як интихобро пурсидан лозим аст: чаро ӯ ташбеҳи шоирро нигоҳ дошт ё онро ҳазф кард?

Ин суол имрӯз барои омӯзгор аҳаммияти амалиро дорост. Дар кори хонагӣ хонанда метавонад аз матни тайёри интернетӣ ё барномаи зеҳни сунъӣ истифода кунад. Аз рӯйи равонии навишта дараҷаи фаҳмиши ӯро муайян кардан душвор аст. Суҳбат дар бораи интихоби калима, қиёси нусхаи аввалу ислоҳшуда ва кор бо як порчаи дигар равиши андешидани хонандаро возеҳтар нишон медиҳад.

Ҳадафи супориш ва интихоби хонанда

Барномаи таълими адабиёти тоҷик дар синфҳои V-XI (Душанбе, с. 2023) барои хониши адабӣ ба наср гардондани шеър ва аз мақол офаридани ҳикояро тавсия медиҳад. Пас барои чунин кор дар таълими мо замина ҳаст. Ҳангоми таҳияи китобҳои нав бояд дақиқ кунем, ки хонанда дар ҳар супориш чиро тағйир медиҳад ва аз ин тағйир чӣ меомӯзад.

Нақли мазмун барои пайдарҳам ба ёд овардани воқеаҳо зарур аст. Шарҳи маъно ва таҳлили сувари хаёл (образҳо) хонандаро ба дарки амиқтари асар (матн) водор хоҳад кард. Бозофаринӣ аз ӯ интихоби дигарро ҳам металабад: ҳамин матнро барои хонандаи хурдсол чӣ гуна баён кунад, аз ҳикоят чӣ гуна саҳна созад ё робитаи воқеаҳоро дар нақша чӣ тавр нишон диҳад. Интихоб бояд сабаб дошта бошад. Танҳо бо вожаҳои дигар навиштан ҳанӯз нишон намедиҳад, ки хонанда вазифаи навро фаҳмидааст.

Масалан, агар ҳикоят барои хонандаи синфи 4 бознавишта шавад, баъзе калимаҳо шарҳ мехоҳанд, ҷумлаҳои печида сода мешаванд ва ҷузъиёти нозарурро метавон кутоҳ кард. Вале сабаби рафтори қаҳрамон ё воқеае, ки маънои ҳикоят ба он такя дорад, набояд гум шавад. Омӯзгор маҳз ҳамин интихоби нигоҳ доштану дигар карданро бо хонанда баррасӣ мекунад. Салоҳияти табдили матн дар чунин кори мушаххас намоён мешавад.

Баъзе супоришҳо ба як қадами иловагӣ ниёз доранд. Дар барномаи соли 2023 саҳнасозии «Баҳориёт»-и Сайидо пешбинӣ шудааст. Саволҳои баъди ин асар дар китоби синфи 7 (нашри с. 2018, саҳ. 172) нақл, тафсири рамзҳо, шарҳи мунозара, хулоса ва ҳифзи шеър (порчаҳои манзум)-ро тақозо доранд. Зимни таҷдиди китоб метавон ин корҳоро ба ҳам пайваст: хонанда аввал далелҳои шеру мӯрчаро мефаҳмад, баъд порчаи саҳнавиро месозад ва шарҳ медиҳад, ки чаро ҳамин суханҳоро баргузидааст.

Кор бо маводи интернетӣ низ дар китоб ҷой дорад. Воқеан, дар баррасии ҳамин ҷанба имконоти рақамиро низ набояд нодида гирифт. Дар «Адабиёти тоҷик»-и синфи 8, (таълифи Абдунабӣ Сатторзода, нашри 2018, саҳ. 295) гирдоварӣ ва тарҷумаи мавод доир ба «Хамса»-и Низомии Ганҷавӣ пешниҳод шудааст. Барои пурмазмун шудани ин супориш лозим аст, ки хонанда манбаъҳоро муқоиса кунад, маълумоти интихобкардаашро нишон диҳад ва матни гирдовардаро бознависад (аз ҷумла, барои хонандаи муайян). Он гоҳ саҳми худи ӯ дар кор аён хоҳад шуд.

Як ҳикоят ва ду тарзи баён

Дар китоби «Адабиёт»-и синфи 6 (нашри с. 2022, саҳ. 33-34) ҳикояти ду хобгузор аз «Қобуснома» омадааст. Ҳорунаррашид хоб мебинад, ки ҳамаи дандонҳояш афтодаанд. Хобгузори аввал мегӯяд, ки наздикони подшоҳ пеш аз ӯ мемиранд. Дувумӣ таъбир мекунад, ки подшоҳ аз ҳамаи наздиконаш тӯлонитар умр мебинад. Якеро ҷазо медиҳанду дигареро инъом. Маънои ду таъбир ба ҳам наздик аст, вале таъкид ва таъсири сухан мутафовит аст.

Дарсро аз ҳамин фарқ оғоз кардан мумкин аст. Хонандагон муайян мекунанд, ки ҳар ду муаббир дар бораи чӣ хабар медиҳанд ва кадом калимаҳо шунавандаро ба марги наздикон ё дарозумрии подшоҳ мутаваҷҷеҳ месозанд. Аз онҳо пурсидан лозим аст, ки оё танҳо хушоҳанг шудани сухан барои дурусту одилона донистани рафтори подшоҳ кофист. Ин ҷо ҳам ҳунари суханварӣ баррасӣ мешавад, ҳам муносибати инсон ба гӯяндаи ҳақиқат.

Сипас супоришро чунин мушаххас мекунем: «Барои хонандаи синфи 4 ин ҳикоятро кутоҳ нависед. Ӯ бояд фаҳмад, ки ду хобгузор як хабарро чӣ гуна бо таъкиди гуногун баён кардаанд. Воқеаҳои асосиро нигоҳ доред, калимаҳои душворро сода кунед. Дар охир нависед, ки кадом ифодаро барои чӣ дигар кардед».

Пеш аз навиштан хонанда воқеотро мураттаб месозад: хоб, таъбири аввал, ҷазо, таъбири дуюм, инъом. Нақшаи кутоҳ ба ӯ ёрӣ мерасонад, ки ҳангоми содасозии забон робитаи воқеаҳоро гум накунад. Дар баёни нав метавонад «муаббир»-ро «хобгузор» ва «ақрабо»-ро «наздикон» нависад. Акнун ивази калима ба эҳтиёҷи хонандаи хурдсол вобаста аст.

Баёни нав, масалан, метавонад чунин оғоз ёбад: «Подшоҳ хоби аҷибе дид ва аз хобгузор маънии онро пурсид. Хобгузор гуфт, ки наздикони ӯ пеш аз худаш мемиранд. Подшоҳ аз ин сухан ранҷид. Хобгузори дуюм ҳамон маъниро бар таври дигар баён кард: «Ту аз ҳамаи наздиконат бештар умр мебинӣ». Минбаъд хонанда бояд вокуниши дуюми подшоҳро биёрад ва фарқи ду баёнро равшан кунад. Агар онро нанависад, қисми муҳимми вазифа иҷро намешавад.

Пас аз навиштан ҳамсабақаш (ҳамнишинаш ё ҳамсинфи дигараш) матнро мехонад ва мегӯяд, ки кадом ҷой барои хонандаи хурдсол нофаҳмо мондааст. Омӯзгор низ эроди мушаххас медиҳад: «Дар нусхаи ту маълум нест, ки чаро подшоҳ ба ду хобгузор гуногун муносибат кард». Хонанда ба матни асл бармегардад, костагию камбудро меёбад ва навиштаашро ислоҳ мекунад. Ба ҷойи ҳукми умумии «мазмун суст аст» ӯ мефаҳмад, ки маҳз кадом қисматро бояд беҳтар кунад. Саволи китоб бозгӯии ҳикоятро металабад. Омӯзгор метавонад як қадам пеш равад: хонандагон ду баёнро қиёсу муқобала кунанд, маълумоти муштарак ва фарқи таъкидро ёбанд, сипас таъсири интихобҳои забониро шарҳ диҳанд. Ҳамин ҷо шинохти услуб ба корбурди мудаллали он пайваст мешавад. Касе, ки барои ҳамсол, хонандаи хурдсол ё маҷлиси мактаб менависад, дониши пешина, интизорӣ ва вазъи шунавандаро ба назар мегирад. Аз ин рӯ, дар супориш танҳо «бо услуби дигар нависед» гуфтан кам аст. Бояд муайян шавад, ки мухотаб чӣ чизро намедонад, аз матн чӣ фаҳмиданаш лозим аст ва кадом воситаи баён ба ин мақсад мувофиқ меояд. Он гоҳ тағйири услуб сабаб пайдо мекунад.

Супориш дар китоб ва кор дар синф

Барои ин гуна кор ҳатман матнҳои зиёд ё супоришҳои иловагии сершумор лозим нестанд. Аксар маворид худи супориши мавҷударо дақиқ кардан кофист. Дар дастури омӯзгор ба як вазифа ду намунаи кутоҳи ҷавоб, шарҳи фарқи онҳо ва чанд роҳи ёриро ба хонанда овардан мумкин аст.

Дар синфи 5 омӯзгор матн, хонандаи пешбинишуда ва шакли корро муайян мекунад. Дар синфи 6 хонанда аз миёни чанд тарзи баён якеро (вобаста ба талаби супориш гоҳо метавонад зиёда аз инро низ) бармегузинад. Дар синфи 7 гурӯҳ порчаро барои саҳна меёбад ва гуфторҳоро мувофиқ месозад. Дар синфи 8 интихобу муқоисаи иттилоот бештар ба худи хонанда вогузор мешавад. Дар синфи 9 ӯ метавонад шакли навро низ худаш интихоб карда, қарор/хулоса/интихобҳои асосии худро шарҳ диҳад. Ин пайдарҳамии пешниҳодӣ аз омодагии воқеии синф вобаста аст.

Ҳамчунин, нақшаи дар китоб чопшуда бояд ба кори худи хонанда роҳ кушояд. Масалан, нақшаи таркиби «Куллиёти Саъдӣ» дар китоби синфи 9 (нашри с. 2023, саҳ. 19) барои дидани таркиби осори шоир ёрӣ мерасонад. Барои санҷидани маҳорати мураттабсозӣ аз хонанда хоҳиш кардан мумкин аст, ки иттилооти матни дигари хондаашро худаш ба нақша дарорад ва робитаҳои онро фаҳмонад. Дидани намуна ва мустақилона сохтани нақша ду қадами омӯзишанд.

Абдулбосит ФАЗЛИДДИНЗОДА

Добавить комментарий