Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳама андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем. Зеро аз достонҳои «Шоҳнома» мо таърихи пурифтихори миллат, суннат ва анъанаҳои мардум, одоби зисту зиндагӣ, оини мамлакатдорӣ, раъиятпарварӣ, ватандӯстӣ, таъмини истиқлоли кишвар, озодӣ ва озодагӣ, маънои ҷангу сулҳ ва шинохти ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстиву рафоқатро меомӯзем.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ на танҳо зиндакунандаи таърихи миллати ориёинажод (тоҷикону форсҳо), балки расму оинҳои онҳо низ ба ҳисоб меравад. Аҷамиён нахустин маротиба маълумотро оид ба ҷашнҳои аҷдодиямон – Наврӯз, Сада, Меҳргон, Тиргон ва таърихи гузаштаи миллатро маҳз аз ҳамин асари безавол пайдо намудаанд.
Мусаллам аст, ки дар навиштани ин асари безавол ангезадиҳандаи Фирдавсӣ руҳи ватанпарастӣ ва миллатдӯстии ӯ мебошад. Дар рӯзгори Ҳаким Фирдавсӣ вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, низомӣ, иқтисодиву маънавии фарҳангӣ ба куллӣ тағйир карда, дар ҷомеа унсурҳои ғайритоҷикӣ ҳоким гашта буданд.
Дар замони шоир, ҳангоми таълифи «Шоҳнома», аз як тараф, тоҷикон дар шароити истиқлол ва озодӣ зиндагӣ мекарданд, аз ҷониби дигар, хатари аз даст додани истиқлол онҳоро таҳдид менамуд.
Дар чунин шароит гурӯҳи андаки мардум, яъне, ақаллияти кӯчаке аз мардуми тоҷик, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки на танҳо суннату расму оини аҷдодонро ҳифз намоянд, балки барои эҳёи он камари ҳиммат банданд.
Бинобар ин, Ҳаким Фирдавсӣ барои ҳифзи Ватан сарбаландона ҷон доданро аз зиндагӣ дар зери асорат авлотар донист. Бесабаб нест, ки «Шоҳнома»-ро муҳаққиқон ва коршиносони соҳа ҳамосаи дод хондаанд, чунки шоир дар ҳама ҷо аз адлу дод сухан мегӯяд. Ӯ ҷангро намепазирад. Ҷанг дар «Шоҳнома» ба хотири муҳофизати Ватан ва таъмини осоишу оромиши мардум ва тантанаи адлу адолат омадааст.
Бархе аз масъалаҳое, ки дар ин асари безавол дарҷ шудаанд, имрӯз низ ҳамчун масоили мубрам ва доғи рӯзанд. Масъалаи ҷанг ва сулҳ, ки дар «Шоҳнома» ҷойгоҳи махсус дорад, имрӯз ба яке аз масъалаҳои асосӣ дар ҷаҳони мо табдил ёфтааст. Аз ҷумла, неруҳои мухталифи ҷангҷӯй бо истифода аз номи дину мазҳаб дар гӯшаву канори олам ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст мезананд, биноҳоро месӯзонанд, хонаҳоро ба оташ мекашанд, шаҳрҳоро харобу валангор месозанд, занону духтаронро мекушанд, сангсор менамоянд, дар умум, амалҳои террористӣ содир намуда, давлатҳои миллиро нобуд месозанд. Шоир ин мавзуъро чунин ба миён мегузорад:
Бипӯшанд аз эшон гурӯҳе сиёҳ,
Зи дебо ниҳанд аз бари сар кулоҳ.
*******
Шавад бандаи беҳунар шаҳрёр,
Нажоду бузургӣ наояд ба кор.
*******
Зиёни касон аз пайи суди хеш
Биҷӯянду дин андароранд пеш.
Аз ин рӯ, метавон қайд кард, ки ба хотири канораҷӯӣ ва ҷилавгирӣ аз ҷангу муноқиша дар замони пур аз тазод ва ҷаҳонишавӣ, ки сабабгори қатлу куштори бегуноҳон ва аз даст додани истиқлол мегарданд, мо метавонем аз ашъори Ҳаким Фирдавсӣ, аз панду ҳикмат ва раҳнамоиҳои наҷотбахшу ҷовидонаи ӯ, ки дар «Шоҳнома» ба чашм мерасанд, истифода намоем.
Мавзуи ватану ватанпарварӣ, ки дар расму оини мо ҷойгоҳи боло дорад, аз қаъри асрҳо сарчашма мегирад, зеро меҳри Ватан, парастиши он яке аз хислатҳои наҷиби инсонӣ маҳсуб мешавад. Таълим ва тарбияи ватандӯстӣ сараввал бояд аз хонавода шуруъ шавад ва сипас то охири умр идома ёбад, чунки Ватан азизтарин ва муқаддастарин макон барои ҳар як инсони бонангу номус ба шумор меравад. Аз ин лиҳоз, агар модар фарзанди худро дар батни худ 9 моҳ ва баъд аз таваллуд карданаш то 6-7 солагӣ тарбия кунад, Ватан фарзанди худро як умр, аз лаҳзаи таваллуд то фавт тарбия менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷилди якуми асари худ «Забони миллат – ҳастии миллат» дар масъалаи «Шоҳнома» қайд кардаанд: «Сипас Фирдавсӣ маҷбур шуд, ки дар чандин ҷойи «Шоҳнома» дар бораи Султон Маҳмуди Ғазнавӣ байте изофа намояд ва аз Тӯс ба Ғазна рафта, «Шоҳнома»-ро ба Султон Маҳмуд манзур созад. Аммо Султон Маҳмуд гӯш ба қавли ҳасудону муғризони Фирдавсӣ ниҳод ва «Шоҳнома»-и ӯро қадр накард, ки ин боиси ошуфтагии шоир ва падид омадани «Ҳаҷвнома» ва ё «Гуфтор андар ҳаҷви Султон Маҳмуд» гардид. Ногуфта намонад, ки баъзе аз муҳаққиқон ба хомаи Фирдавсӣ тааллуқ доштани ин «Ҳаҷвнома»-ро зери шубҳа қарор дода, муътақиданд, ки иродатмандони Фирдавсӣ ин байтҳоро аз худи «Шоҳнома» ва осори дигар барчида, онро ҳамчун рамзи эътироз ба Султон Маҳмуд фароҳам сохтаанд».
Устоди зиндаёд Зафар Мирзоён мавзуи Фирдавсию «Шоҳнома»-ро дар китоби худ «Се шикасти ориёиҳо» чунин рӯйи қалам овардааст: «Ҳамлаварони бар тахти каёнӣ сикка зада, аз Искандар то арабу турку муғул кӯшиданд дар баробари нотавону худбохта намоён кардани шоҳону сипаҳсолори бостонии мо, ҳар чи тавонистанд офаридаҳои бузургонамонро, ки ба арзишҳои меҳаниву худогоҳӣ бахшида шуда, бозгӯкунандаи саргузашти пурифтихору саршори кашфиёти илмиву фарҳангиамон мебошанд, дигаргуна созанд. Ба он офаридаҳо ё тобишҳои динии худро афзудаанд, ё достонҳои давлатсозии шоҳони эронитаборро афсонагуна ва бештар ба халифаҳову хонҳои ҳамтабори худ вобаста кардаанд. Чун нотавонбинони мо медонистанду медонанд, ки «Шоҳнома» барои хештаншиносӣ ва донишёбии эронитаборон чӣ ҷойгоҳи бузурге дорад. Беш аз 1000 сол кӯшиданд ин китоби муқаддас дар шинохти гузашта ва сохтани фардои мо нақше надошта бошад».
Мусаллам аст, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз ситоиши «хирад» оғоз меёбад, аз ин рӯ, ин шоҳасар на танҳо ба як миллат, яъне, тоҷикону форсҳо, балки ба тамоми башар тааллуқ дорад. Дар дунё асарҳои безаволи ҳамосавӣ зиёданд, аз ҷумла, достонҳои «Махабхарата» ва «Рамаяна»-и ҳиндуҳо, «Нибелунгҳо»-и олмониҳо, достонҳои ҳамосавии англо-саксонҳо, испаниҳо, фаронсавиҳо ва ғайра. Аммо ба ҷуз аз «Шоҳнома» дар ягонтои онҳо сухан аз ситоиши «хирад» оғоз намеёбанд. Мавзуи «хирад» дар «Шоҳнома» кулминатсияи ахлоқии Ҳаким Фирдавсиро инъикос намуда, шоир тараққиёт ва низоми бунёдии давлатдориро танҳо ва танҳо дар он мебинад.
Хулоса, Ҳаким Фирдавсӣ бо иншои «Шоҳнома» на танҳо гузаштаи миллатро зинда кард, балки барои мардуми тоҷик ва аҳли башар дарсҳои ахлоқию инсониро пешниҳод намуд, ки ҳаргиз куҳна нахоҳанд шуд.
Қобилҷон БОЙМАДОВ,
унвонҷуи факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон













