Акнун, ки кушод гул гиребон,
Дасти ману домани гулистон.
Хоқонӣ
Баҳор, воқеан, зеботарин фасли сол аст ва манзараҳои зебои он ҳама таҳрикбахшанд. Муҳаммади Ҳиҷозиро аз ин лиҳоз гуфторест мақбулу ҳақиқатбунёд: «Ҳар дафъа, ки сурати зебое ба чашм мехурад, орзуи ноумедшуда сар бармедорад ва боз дар он сурати зебо ҷаҳонеро саросар ғарқи ишқу меҳрубонӣ ва айшу осоиш мебинад». Бо фарорасии баҳор зебоӣ тантана мекунад ва замину замонро шукӯҳу тароват мебахшад. Он гуна ки тобистонро бидуни гармову зимистонро бидуни сармо ва тирамоҳро бидуни хазонрез наметавон тасаввур кард, баҳорро орӣ аз гул ба тасвир овардану ситоиш бинмудан кӯшишест беҳудаву бемаъно. Гул нигини баҳор аст ва ин накуфаслро он гуна биорояд, ки зару зевар арӯсонро. Неъмати биҳиштист гул, нишон аз равзаи ризвон аст ва волотар аз он чизеро наметавон ба ёд овард. Ин маъниро Кисоии Марвазӣ чунин ба силки сухани мавзун кашида:
Гул неъматест ҳадяфиристода аз биҳишт,
Мардум каримтар шавад андар наими гул.
Эй гулфурӯш, гул чӣ фурӯшӣ барои сим
В-аз гул азизтар чӣ ситонӣ ба сими гул?!
Дар ситоишномаи зебоӣ гул вожаи меҳварист ва ҳар зебоие бидуни гул сатри пурсактаро монад. Агар зебоиро ситудан бихоҳем, бояд ҳатман ёд аз гул биоварем. Баҳори бегул-бубинед, чӣ қадар нохушоянду дилхарош ва гузашта аз ин, ташвишзост ин ибора ва пеши назар дарахти хушкидаеро падид меоварад, дарахте, ки дигар ҳезуме беш нест.
Ва аз ин ҷост, ки Ҳоҷии Хатлонӣ иброз дошта:
Ин қадар шуҳратбаландиҳо кай овардӣ ба бар,
Гар баҳоронро набудӣ чеҳраи хандони гул?!
Тасхиргари дилҳо, сафобахши дидаҳо ва ҳуснафзои дунёянд пуштаҳои гулрез дар фасли баҳорон. Ҷаҳон рангу бори тоза дармеёбад, зиндагӣ шаҳомати дигар мепазирад ва ҷавонӣ бармегардад. Дигар хомӯшу беҷӯш будан, гӯшанишинӣ кардану даст аз амал бардоштан нашояд, бояд аз ҷо барҷаст ва ба олами зебоӣ даромехт. Ин нидо аз Сайидои Насафист:
Омад баҳору сайри гулистон ғанимат аст,
Базми висоли ғунчаи хандон ғанимат аст,
Ба қомати хамида равам сӯйи бӯстон,
Наззораи бунафшаву райҳон ғанимат аст
Хайёми бузургвор низ, ки ситоишгари хушиҳову зебоиҳои зиндагист, мафтуни ҷилваи ҳусни гул аст ва ҳамагонро ба канори гул даъват мекунад, то аз ҷамолу ҷалоли он бархурдор бошанду ин овони дилрабои зиндагиро, ки ғанимату даргузар аст, осон аз даст надиҳанд, бо шодию тараб даромезанд:
Бингар, зи сабо домани гул чок шуда,
Булбул зи ҷамоли гул тарабнок шуда.
Дар сояи гул нишин, ки бисёр ин гул
Дар хок фурӯ резаду мо хок шуда.
Гул бо баҳоророӣ, бо накҳату тароват ва бо зебоиофаринӣ одамонро руҳу неруи тоза эҳдо мекунад, ба тан тавони тоза мебахшад, чашмро равшан месозад ва муҳите гуворою дилнавоз меорояд. Ва аз ин ҷост, ки самимона, ҳаводорона ва бо эҳтиром сипосгузорӣ аз ин рамзи зебоӣ мекунад шоири шӯридадил Адиб Собири Тирмизӣ:
Ба ҳусни боғу фарри баҳору ҷамоли гул
Некуст ҳоли мо, ки неку бод ҳоли гул.
Пурнақши озарӣ шуду пурсурати парӣ
Боғ аз баҳори хурраму чашм аз ҷамоли гул.
Гул бӯю бода нӯш ба дидори гул, ки ҳаст
Имрӯз рӯзи бодаву имсол соли гул.
Алғараз, шоиреро наметавон дарёфт, ки фориғ аз ситоиши гул монда бошад, зебоӣ, ки бештар аз ҳама дар ҳастии гул таҷассум ёфтааст, манбаи эҷоди аҳли қалам асту афкорро ба таҳрик меоварад, илҳомро бедор мекунад, муҷиби гул кардани сухан мешавад. Дар ҳошияи ин қазоват барчидаи абётеро аз гулномаҳои шуаро меоварем:
Гул бихандиду боғ шуд пидром,
Эй хушо, ин ҷаҳон бад-ин ҳангом!
(Фаррухии Систонӣ)
Навбаҳор аз хеду гул орост гетӣ ранг-ранг,
Арғувонӣ гашт хоку парниёнӣ гашт санг.
(Манучеҳрии Домғонӣ)
Бӯи гулу бонги мурғ бархост,
Ҳангоми нишоту рӯзи саҳрост.
(Саъдии Шерозӣ)
Шуд фасли гул, азимати сайри чаман кунед,
Гар фурсат аст, ҳафтае он ҷо ватан кунед.
(Шоҳин)
Ҷилд-ҷилд китоб хоҳад шуд, агар гулномаҳои адибони дирӯзу имрӯзи тоҷикро гирд оварем. Ва ин маврид ҳеҷ наметавон қатъи назар аз байти зерини шоири балеғсухан Қареъуддаҳр кард, чӣ қадар зебою пурэҳсосу муассир ва бо ҳунари воло ҳусни барозидаи заминро аз ҳастии гул ситоиш бинмудааст:
Замино, пурситора гаштӣ аз гул,
Надонам, к-осмонӣ ё заминӣ!
Мақому мартабаи гул, эҳтиром, ихлосу эътиқод ба он то ба сатҳест, ки ҳама зебоиҳоро мушобеҳ ба гул медонанд ва ҳатто маҳбубтарину мақбултарин фард – ёри ягонаи хешро «гули ман» мегӯянд:
Бар сари болинам он гул омаду хандиду рафт,
Орзуҳое, ки дар дил доштам, фаҳмиду рафт.
(Сайидо)
Ту, эй гул, баъди ман, бо ҳар кӣ мехоҳад дилат, биншин,
Ки ман бо доғи ҳиҷронат чу булбул з-ин чаман рафтам.
(Туғрал)
Дар ин байти Мухлиси Бадахшонӣ шабоҳати маҳбуба ба гул дар ҳадди аълост:
Чеҳра гул, лаб гул, даҳан гул, оразу рухсор гул,
Хуб мезебад баҳори ҳуснро ин чор гул.
Зебоибораи меҳрбори «гули ман» дар адабиёти тоҷик басо маъмулу машҳур ва пуристифода аст, ҳуснорою ҷозибаафзои ашъори шоирон гашта ин ибора.
Тоҷикон шабоҳати зан ба гулро то ба ҷое бурдаанд, ки силсилаи бардавоми номҳои бонувон пайванд ба вожаи «гул» доранд ва ишора ба зебоии соҳибном мекунанду низ ифодагари таманниёти номгузоронанд. Номҳои занонаи Гулчеҳра, Гулнигор, Гулзира, Гулсанам, Гулрухсор, Гулҷабин, Гуллиқо, Гулбарг, Гулосо, Гулрафтор, Гулизор, Гулдаста, Гулнора, Заррагул, Паригул… дар кишвари мо маъмулу мақбуланд ва зиёд истифодаю баргузида мешаванд.
Таваҷҷуҳу иштиёқи марҳум ва муҳаббаташон ба гул дар эҷодиёти шифоҳии халқ низ равшан ба мушоҳида мерасад. Дар сурудҳои зиёди мардумӣ (халқияҳо) гул ситоишу парастиш мешавад ва ин чанд шеърпораи зер аз зумраи онҳост:
Зеби дасти гулузорон аст гул,
Роздори дӯстдорон аст гул.
***
Духтар-духтаре, алафи ошат бошам,
Як даста гули болои қошат бошам.
***
Гул мешукуфад ҳамеша дар фасли баҳор,
Оҳу ба камар мераду додар ба шикор.
Ҳамчунин, дар фарҳанги халқи тоҷик анъанаву маросиму оинҳое маъмуланд, ки бо гулу мавсими гул ҳамбастагӣ доранд. Давоҳои зиёде аз гул таҳия мешаванд.
Рамзи меҳру муҳаббат, ихлосу сипос, эҳтирому эътиқод, дӯстию вафодорӣ, табрику таҳният ва таманниёти нек аст гул. Боз ҳам иқтибос аз халқияҳо:
Гул диҳамат ба умед,
Бахти ту бодо сафед.
***
Бигир гулро, муроди банда ин аст:
Туро бодо ҳар он чи беҳтарин аст.
***
Ба ту гул медиҳам, ҷононаи ман,
Ки як рӯзе биёӣ хонаи ман.
Ишқро бе гулу гулдаста наметавон тасаввур кард ва ошиқон волотарин сухани худро маҳз бо ҳадяи гул, бо забони гул ба маҳбубаи хеш бесухан, вале хеле самимию меҳрбор иброз медоранд: «Туро ман дӯст медорам!», «Ту гули манӣ, зеботарин бонуӣ, ягонаӣ!»
Имдодгаре ба одамон гул,
Ифшогари рози ошиқон гул.
Маҳфилҳоро, ҷашну тантанаҳоро, ҳамоишу намоишҳоро, барзану хиёбонҳоро, хонаву кошонаҳоро, дару деворҳоро… гулу гулдастаҳо оро медиҳанду ҳусну тароват мебахшанд. Дар ҷаҳон ҳазорҳо навъи гул мерӯяд ва баъзе аз навъҳои он хеле нодир аст. Мегӯянд, ки калонтарин гули ҷаҳон рафлезия ном дораду вазнаш беш аз даҳ килосту қурташ то як метр. Ва ин гулро танҳо дар яке аз ҷазираҳои Индонезия дучор метавон омад. Хурдтарин гули ҷаҳонро, ки ҳамагӣ як миллиметр баландию ним миллиметр паҳноӣ дорад, волфия ном аст. Илми табиатшиносӣ иттилоъ дода, ки зеботарин гули ҷаҳон архидея эътироф шудааст…
Тоҷикон табиатан мардуми зебоипарастанд ва ба гул чун намоди зебоӣ арҷ мегузоранд. Ҳама дар хонаҳо тубакҳои зиёди гул доранду саҳни ҳавлиашон моно ба гулзору гулистон аст.
Тоҷикон озодаву гулпарваранд.
Ҳадя баҳри дӯстон гул мебаранд.
Пойтахти Тоҷикистон – зебошаҳри Душанбе ҳамчун «Шаҳри гулҳо» шуҳратёр гардида ва ба тасдиқи омор, дар кӯчаю хиёбону барзанҳои ин шаҳр беш аз ҳафт миллион гули мавсимӣ ва беш аз ҳафтсаду панҷоҳу чор ҳазор гули бисёрсола ҷилваи ҳусн доранд. Дар шеърҳои зиёде гулҳои зебою тароватбори Душанбе ситоиш ёфтаву суруди «Гулҳои Душанбе» ҳамеша сари забонҳост…
Дар диёри хуршедии мо боз баҳор фаро расидаасту ҳама ҷо гулҳо шукуфтаву ҳуснафзои ҷаҳон гардида. Гулистонҳо ба дилҳо фараҳ мебахшанду ба ҳама болидаруҳӣ эҳдо мекунанд. Дар олами гулҳо будан, аз зебоии онҳо ҳаловат бурдан ва аз таровату накҳаташон бархурдор гаштан ғояти хушбахтию фараҳмандист. Дил мехоҳад баҳор бардавому бегазанд бошаду гулҳои доманаш ҳаргиз пажмурдаву хазон нашаванд. Барои ин гулпараст бояд буд, гулҳоро навозишу парастиш бояд кард, то ҳастияшон дерпо бошад. Устод Лоиқ фармуда:
Хоҳӣ, ки баҳор нагзарад зуд,
Гулҳои баҳорро маёзор.
Ва низ набояд фаромӯш кард, ки:
Гул барои дидану бӯидан аст,
На барои кандану озурдан аст.
Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»













