Барои мардуми мо Конститутсия на танҳо санади олии ҳуқуқӣ, балки рамзи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва поягузори давлати навини тоҷикон мебошад.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, (6 ноябри соли 1994), рӯйдоди тақдирсози таърихӣ барои миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Дар он айём дар мамлакат ҷанги шаҳрвандӣ идома дошт. Қабули ин санади ҳаётан муҳим ба ҷомеаи тоҷик заминаи мустаҳкам барои таҳкими ҳокимияти конститутсионӣ, ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ гузошт.
Конститутсия ҳамчун бунёди ташаккули давлат ва ҷомеаи демократӣ тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангӣ ва ҳуқуқиро фаро гирифта, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро кафолат медиҳад.
Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо на танҳо як санади меъёрии ҳуқуқӣ, балки рамзи истиқлол, пояи давлатдории миллӣ ва кафолати суботу оромии ҷомеа мебошад. Ҳар як шаҳрванд бояд ин санади муқаддасро эҳтиром намояд ва онро ҳамчун асоси бақои давлату миллат ҳифз кунад».
Имрӯз Тоҷикистон ба як давлати соҳибистиқлолу пешрафта ва дорои ҷойгоҳи арзанда дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ҳамаи дастовардҳои давлатдорӣ, аз таҳкими ваҳдат то рушди иқтисодиву иҷтимоӣ, маҳз бо такя ба пояҳои устувори Конститутсия ба даст омадаанд.
Яке аз муҳимтарин арзишҳое, ки ин санад ба ҷомеаи тоҷик ҳадя кард, Ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии осоишта мебошад. Он ҳуқуқи баробар ва имкониятҳои мусовиро барои тамоми шаҳрвандон новобаста аз миллат, нажод, забон ва дин кафолат медиҳад.
Дар меҳвари Конститутсия шаҳрвандон ва ҳуқуқҳои ӯ қарор дорад. Давлат барои таъмини шароити озоди зиндагӣ, рушди озодонаи шахсият ва таъмини адолати иҷтимоӣ пайваста чора меандешад.
Имрӯз мо вазифадорем, ки Конститутсияро ҳамчун дастовард ва неъмати бузурги давлатдории навини тоҷикон ҳифз ва эҳтиром намоем. Ҳар як шаҳрванд бояд на танҳо ҳуқуқҳои худро донад, балки вазифаҳои шаҳрвандиро низ содиқона иҷро намояд.
Бигузор Рӯзи Конститутсия барои ҳар як фарди кишвар таҳрикбахши эҳсоси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба давлат ва ваҳдати миллӣ бошад.
Мақсуд Мизробзода,
директори Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихию кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Панҷакент













