Дар қисми низомии Гвардияи миллии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Рашт, бо иштироки даcтаҳо аз ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Лахш, Рашт ва Сангвор даври минтақавии мусобиқаи ҳарбӣ – варзишии «Ватанпарвар» доир гардид.
Дар мусобиқа 60 нафар иштирок дошт. Сабқат аз рӯи панҷ шарт: машқҳои сафороӣ; тарбияи ҷисмонӣ; омодагии дифои ҳарбӣ; мудофиаи гражданӣ ва нишонзанӣ баргузор шуд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа дастаи ноҳияи Сангвор сазовори ҷойи якум ва соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» гардид.
Маркази ҷумҳуриявии
муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
