Нашрияи Омӯзгор

Сафари вазири маориф ва илм ба Федератсияи Россия

Сана: 2021-02-19        Дида шуд: 6        Шарҳ: 0

8-10-уми феврали соли равон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иштирок дар 17умин ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ миёни Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Федератсияи Россия сафар кард. Дар доираи ин сафар вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ҳайати гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода бо як қатор намояндагони Ҳукумати Федератсияи Россия вохӯриву суҳбатҳои корӣ анҷом дод. Аз ҷумла, бо Сергей Сергеевич Квартсов вазири маорифи Федератсияи Россия, Дмитрий Евгеневич Глушко  муовини якуми вазири маорифи Россия, Наталия Александровна Бачарова  муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Россия, Валерий Геннадевич Шибеко  сардори шуъбаи Тоҷикистонии Вазорати корҳои хориҷии Россия вохӯрданд. Зимни мулоқоти дуҷонибаи вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Имомзода ва вазири маорифи Федератсияи Россия С.Квартсов ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки оғози корҳои сохтмонӣ дар 5 мактаб, ки аз ҳисоби буҷаи Ҳукумати Федератсияи Россия маблағгузорӣ мешавад, пас аз мувофиқаи лоиҳаи тарҳи биноҳо семоҳаи дуюми соли 2021 ба роҳ монда мешавад. Дар мулоқот бо муовини вазири илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия Н.А.Бачарова ҷонибҳо оид ба ҳалли мушкилоти дуҷониба дар робита ба масъалаи пайгирӣ ва ба имзо расонидани Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба баробарарзишии дараҷа ва унвонҳои илмӣ, додани иҷозат барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия, зиёд намудани теъдоди квотаҳо барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Россия табодули назар намуданд. Ҳамчунин, дар рафти мулоқотҳои доиргардида барои хотимаи расмиёти ба тавозуни ҷониби Тоҷикистон гузаштани муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Кӯлоб низ гуфтугӯйи ҷонибҳо сурат гирифт. Бояд қайд кард, ки вохӯриҳо дар фазои ҳусни тафоҳум ва дарки манфиатҳои ҳарду кишвар анҷом пазируфт. 


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш