ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОИИ ТОҶИКИСТОН 

барои ишғоли вазифаҳои холии мудирон ва ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳои зерини озмун эълон мекунад:
— кафедраи анатомияи одам ва истилоҳоти тиббии лотинӣ;
— кафедраи анатомияи патологӣ;
— кафедраи акушерӣ ва гинекологӣ;
— кафедраи тарбияи ҷисмонӣ;
— кафедраи стоматологияи муолиҷавӣ;
— кафедраи стоматологияи ортопедӣ;
— кафедраи психологияи тиббӣ;
— кафедраи беҳдошт ва экология;
— кафедраи биологияи тиббӣ бо асосҳои генетика;
— кафедраи физикаи тиббӣ ва биологӣ бо асосҳои технологияи информатсионӣ;
— кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ;
— кафедраи ҷарроҳии умумӣ;
— кафедраи забонҳо;
— кафедраи бемориҳои кӯдакона;
— кафедраи микробиология, вирусология ва иммунология;
— кафедраи физиологияи нормалӣ ва патологӣ;
— кафедраи тибби оилавӣ.
Талабот барои ишғоли вазифаҳои холӣ:
1. Ба вазифаи мудири кафедра шахсони дорои дараҷаи илмии доктор ё номзади илм, доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос метавонанд иштирок намоянд.
2. Барои ишғоли вазифаи озоди ассистентӣ, иштироккунандагони озмун бояд таҷрибаи кори омӯзгори (илмӣ-таҳқиқотӣ) ва истеҳсолиро дошта бошанд.
3. Шахсони дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, дараҷаи илмии номзади илми тиб дошта, дар навбати аввал барои ишғоли ин вазифаҳо тавсия дода мешаванд.
Шахсони хоҳишманди иштирок дар озмун ба номи ректори донишкада ариза супорида, ҳуҷҷатҳои зеринро замима менамоянд:
— варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
— нусхаи ҳуҷҷатҳо оид ба маълумоти олӣ, такмили ихтисос, дараҷаи илмӣ, дараҷаи унвони илмӣ, дараҷаи тахассусӣ;
— тавсиянома аз ҷойи кори охирин;
— рӯйхати корҳои илмии нашргардида ва ихтироот.
Ҳуҷҷатҳо барои иштирок дар озмун то ду моҳ пас аз рӯзи ба нашр расидани эълони охирин қабул карда мешаванд.
Нишонӣ: ш.Душанбе, н.Сино, кӯчаи Клара Сеткина — 2. Телефон барои тамос: 88-531-11-17.