ОМӮЗИШИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ШАВҚУ РАҒБАТ ВА ЗАҲМАТИ ЗИЁД ТАЛАБ МЕКУНАД

Саъдӣ Тоирзода соли 1992 дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, мактаб ва донишгоҳро дар зодгоҳаш хатм кардааст. Фаъолияти кориро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз бахшида, дар Маркази рушди касбият ва инноватсия ва Маркази таҳсилоти фосилавии донишгоҳ ифои вазифа намудааст. Соли 2018 ба Маркази амрикоии шаҳри Кӯлоб ба кор гузашта, давоми 3 сол дар он ҳамчун омӯзгор ва ҳамзамон, дар литсейи инноватсионии шаҳри Кӯлоб ба ҳайси омӯзгори забони англисӣ фаъолият кардааст. Айни ҳол дар баробари директори ширкати сайёҳии “ДИЁР ТРЕВЭЛ” будан, ба фаъолияти блогерӣ машғул аст ва тавассути саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ забони англисӣ меомӯзонад.
– Дар оғоз мехоҳем донем, ки Саъдӣ аз кай ба омӯзиши забони англисӣ пардохтааст ва ҳоло ба чӣ кор машғул аст — омӯзгорӣ ё блогерӣ?
– Ман, аслан омӯзгори забони англисӣ мебошам. Дар мактаби миёна ва донишгоҳ чанд муддат ба таълими забони англисӣ машғул будам, ҳоло тавассути саҳифаҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ касби омӯзгориро идома бахшида, мунтазам забономӯзиамро такмил медиҳам. Ба омӯзиши забони англисӣ аз синфи 8 оғоз намуда, ба хотири омӯхтани ин забон мактаби худро низ иваз кардам. Зеро дар муассисаи таълимие, ки қаблан таҳсил менамудам, аз фанни забони англисӣ дарс гуфта намешуд. Дар баробари ин, ба дарсҳои иловагӣ рафта, нозукиҳои забонро аз худ бинмуда, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакиро низ бо ихтисоси забони англисӣ ба итмом расондам. Сипас блоги худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ва ба омӯзонидани забони англисӣ ба таври онлайнӣ шуруъ намудам.
–Маълум аст, ки дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ шеваю усулҳои муосири таълим истифода мешавад ва техникаву технологияи замон ин имконотро фароҳам овардааст. Имрӯз вазъи омӯзиш ва забондонии шаҳрвандони мо дар кадом сатҳ қарор дорад?
– Агар дар умум, дар назар дошта бошед, ҳарчанд сатҳи забондонии шаҳрвандони мо то ҳол ба андозаи зарурӣ набошад ҳам, дар ин самт пешравӣ дида мешавад. Масалан, дар дилхоҳ соҳа ҳастанд, нафароне, ки забонро то як сатҳи муайян медонанд. Барои мисол соҳаи сайёҳиро гирем, мебинем, ки ҳангоми ташриф овардани меҳмони хориҷӣ як нафар дар сатҳи муошират бо ӯ суҳбат мекунад ва ба таври коста ҳам бошад, марому мақсади худро мефаҳмонад. Ё дар ошхонаҳо агар аҳамият дода бошед, зимни ташрифи як нафар хориҷӣ танҳо як нафар пешхизмат пайдо мешавад, ки ба таври қаноатбахш суҳбат намуда, дархости муштариро қонеъ созад. Ва ё агар ду-се сол пеш ба хориҷи кишвар мерафтем, ҳатман ҳамроҳи худ тарҷумон мебурдем, аммо ҳоло дар қиёс ба ин, вазъи забондонӣ то як андоза беҳтар шудааст. Бо вуҷуди ин, бояд талош намоем, то сатҳи забондонии шаҳрвандонро беҳтар созем.
Боиси ифтихор аст, ки чанде қабл фармони вижае аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба тасвиб расид. Дар ин самт, дар тамоми ташкилоту идораҳо омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба роҳ монда шуда, давоми якуним сол натиҷагирӣ карда мешавад. Бо татбиқи ин иқдом дар ин самт мо ба дастовардҳои назаррас ноил мегардем.
– Мусаллам аст, ки сатҳи забондонии шаҳрвандон ба таълими забони англисӣ дар мактаб ва донишкадаву донишгоҳҳо иртибот дорад. Сатҳи тад­риси омӯзиши забони англисӣ ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсиро дар таълимгоҳҳо ва фарқ аз марказҳои забономӯзӣ чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
– Тавре дар аввал ишора кардам, ман ҳам дар мактаб, ҳам дар донишгоҳ ва ҳам дар маркази забономӯзӣ дарс гуфтаам. Маводе, ки мо дар муассисаҳои таълимӣ дорем, ба талабот ҷавобгӯ нестанд. Яъне, талаботи хонандаю донишҷӯро қонеъ карда наметавонад. Ба ибораи дигар, маълумоти муфассал ё маҳорати заруриро дода наметавонад.
Хусусан, дар донишгоҳ ба таври зарурӣ маводи тоҷикӣ надорем ва аксари он китобу дастуроте, ки истифода мешаванд, аз ҷониби муаллимон ва муаллифони рус барои аудиторияи рус пешниҳод шудааст. Яъне, таҷрибаю сатҳи дониши англисие, ки онҳо доранд, бо дарназардошти ҳамон китоби худро навиштаанд. Дар Тоҷикистон ин китобҳо ба сатҳи забономӯзии мо мувофиқ намешаванд. Бубинед, ки на ҳама бо забони русӣ гап мезанад. Мисол, дар шаҳри Душанбе шояд аксарият бо забони русӣ гап мезананд, аммо онҳое, ки берун аз пойтахтанд, на ҳама бо забони русӣ суҳбат карда метавонанд. Аз ин рӯ, он сатҳи китобҳое, ки имрӯзҳо мо истифода мекунем, мувофиқ нест ва бояд аз зинаҳои поёнтар шуруъ кунем.
Фарқияти китобҳои тоҷикие, ки дорем, аз китобҳои англисии амрикоӣ ё бритониёӣ дар он аст, ки китобҳои тоҷикӣ фақат ду маҳорат — хондан ва навистанро меомӯзонанд, аммо китобҳои амрикоӣ ё бритониёӣ чор маҳорат — гӯш кардан, гап задан, навиштан ва хондан. Яъне, забон ин гап задан аст. Барои он ки гап занем, аввал бояд бисёртар гӯш кунем. Бубинед, ки тифл ду ё се сол фақат гӯш мекунад, ки падару модараш чӣ мегӯянд ва баъдан як ё ду калима гап мезанад. Мо ҳам зимни омӯзиши дилхоҳ забони нав бештар бояд гӯш кунем. Мутаассифона, китобҳои мо ҳамон шунавоиро надоранд, омӯзгорон бо аудио кор намекунанд ва хонанда фақат ба таври визуалӣ ба чашм ҳарфҳоро мешиносаду тарҷума карда метавонад, аммо зимни суҳбат муошират карда наметавонад.
Дар марказҳои омӯзишӣ бошад, бештар аз маводе истифода мебаранд, ки ҳам аудио дорад, ҳам видеодарсҳо дорад, ки хонанда бештар баробари гӯш кардану дидан, суҳбат низ менамояд.
Яке аз шиносонам, ки дар литсейи ноҳияи Восеъ кор мекунад, иқрор шуд, ки дар мувофиқа бо роҳбарияти муассиса дар раванди таълим аз китобҳои амрикоию бритониёӣ истифода кардааст ва ба натиҷаҳои назаррас расидааст. Яъне, дарсро аз рӯйи се маҳорат ба роҳ мондааст. Маводи аудиоиро гӯш карда, тавассути телефон суҳбати ду нафарро шунида, ба саволҳои ҳамсуҳбатон хаттӣ посух навиштаанд, сипас хонандагон шунидаашонро нақл мекунанд ва аз натиҷаи нақли ҳосилшуда иншо менависанд.
Агар хато накунам, яке аз хонандагони ин муассиса дар як озмуни сатҳи баланд дар Англия аз фанни забони англисӣ сазовори ҷойи якум гардида буд. Ин таҷриба сад дар сад нишон медиҳад, ки агар мо маводу равиши дарсҳоро иваз кунем, каме ҷиддӣ муносибат намоем, ба натиҷаи хуб мерасем.
Дар зимн, наметавон зиёд ба мавод ҳам такя намуд, зеро дар марказҳои омӯзишӣ низ ҳастанд, нафароне, ки гап зада наметавонанд. Аз ин рӯ, аз чанд ҷиҳат вобаста аст. Ҳам мавод, ҳам муҳит ва ҳам хоҳиши хонанда бояд бо ҳам тавъам бошад ва хонанда бояд бештар мустақилона кор кунад. Дар марказҳо фарқ аз мактабҳо дар он аст, ки бештар муҳити сунъиро ташкил мекунанд ва забономӯз маҷ­бур мешавад, ки ҳама амалро ҳангоми иҷро кардан бо забони англисӣ шарҳ дода, иҷро кунад. Ҳар маводе, ки мутолиа мекунад, аудио ё видеое, ки мешунаваду мебинад, бо забони англисӣ мебошад.
– Баъзеҳо идао мекунанд, ки хонанда давоми 11 сол дар мактаб ва 4-5 сол дар донишгоҳ таҳсил мекунад, аммо бо забони англисӣ наметавонад ҳатто дар сатҳи муошират суҳбат намояд. Дар ин маврид чӣ андеша доред?
– Ба андешаи ман, сабаби дертар ба азхудкунии забон машғул шудан ва ё пурра аз худ накардани забон дар мактаб ё донишгоҳ ин аст, ки хонанда дар муассиса дар як вақт чанд фанро меомӯзад. Масалан, хонандаи синфи 11 13 фанни таълимиро меомӯзад ва агар 13 фанро тақсим кунем, хонанда 30 дақиқа ё аз ин камтар барои ҳар як фан вақт ҷудо карда метавонад. Ҳамаи фанҳо дар як ҳафта ҳадди ақал ду ва баъзеашон 3 ё 4 маротиба дарс дода мешаванд. Хонанда дар як рӯз 6 соат дарс дорад ва баробари аз худ кардани забони англисӣ боз 5 дарси дигарро бояд аз худ намояд. Вай вақти кофӣ намеёбад, ки як мавзуъро пурра аз худ намояд. Чун дигар дарсҳо – забони тоҷикӣ, физика, химия, таърих ва ғайра низ ҳастанд. Ба ин маънӣ, фан бисёр асту вақт кам, хонанда сарсарӣ дарсҳоро аз худ менамояд ва баъд аз се рӯз ҳамаи онҳоро фаромӯш мекунад. Дар марказҳои забономӯзӣ бошад, фикр ва тамаркуз ба як фан равона мешавад. Дар баробари мар­казҳои забономӯзӣ, марказҳои тайёрӣ барои дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ низ чунинанд. Агар довталаб хоҳиши дохил шудан ба ихтисосҳои тиббиро дошта бошад, дар марказ танҳо 4 фанеро меомӯзад, ки барои дохил шудан ба мактабҳои олӣ ба ӯ мусоидат менамояд. Ин монанд ба он аст, ки дар донишкадаву донишгоҳ давоми таҳсил агар донишҷӯ пурра фанҳои тахассусиро омӯзад, дар кадом сатҳ мутахассис мешавад, вале бештар ба омӯзиши фанҳои ғайритахассус банд гардад, чӣ натиҷа ҳосил мешавад?
– Аз кай ба фаъолияти блогерӣ шуруъ кардед, идеяе, ки тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан, Фейсбуку Инстаграму Телеграм ба тарғибу ташвиқ ва омӯхтани забони англисӣ ба наврасону ҷавонон машғул шавед, чӣ гуна пайдо шуд?
– Аслан, сабаби машғул шудан ба блогерӣ кам будани маводи тоҷикӣ буд. Набудани маводи тоҷикӣ, ки мо ҳангоми фаъолият дар мактабу до­нишгоҳ ҳис кардем, дар назди худ мақсад гузоштем, ки мавод омода кунем ва он фақат бо забони содаи тоҷикӣ бошаду дилхоҳ шахс онро фаҳмад ва истифода намояд. Мо корро аввал аз Ютуб шуруъ кардем, дарсҳо аввал муддати як сол дар ин шабака буданд. Он дарсҳо он қадар тамошобин надошт, чун ҳама ҷиддӣ буд, ягон шӯхӣ надошт ва бо забони адабӣ буд. Вақте ба Инстаграм рӯ овардем, дидему таҳлил кардем, ки наворҳои шӯхиомезу хандаовар нисбат ба наворҳои таълимӣ тамошобини зиёд доранд. Ба хулоса омадем, ки таълимро бо шухӣ якҷо кунем ва чизе ба даст биорем. Чун таҷриба гузарондем, дидем, ки натиҷаи хуб дод ва ин корро давом додем. Сабаби аз забони адабӣ гузаштан ба лаҳҷа ҳам ин буд, ки аксари аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусан, Инстаграм ҷавонон ҳастанд ва мутаассифона, то як андоза онҳо гуфтори адабиро қабул надоранд. Аслан, ин чизи нав нест, лекин дар Тоҷикистон ин тарзи пешниҳоди мавод нав аст. Зеро дар саҳифаҳои иҷтимоии корбарон аз кишварҳои Ӯзбекистону Россия, Эрону дигар давлатҳо ҳама намуд наворҳо ба таври лаҳҷа ва шӯхиомез вуҷуд доранд ва мо ҳам ин усулро истифода намудем. Ҳоло зиёда аз 20 нафар омӯзгор ҳаст, ки ба воситаи саҳифаи иҷтимоии Инстаграм забони англисиро танҳо бо забони тоҷикӣ дарс медиҳанд.
– То ҷойе мо медонем, аз ҷониби шумо платформаи омӯзишии “Вожаомӯз” низ таҳия шудааст. Ин чӣ гуна платформа аст ва барои омӯзиши забони англисӣ ба наврасону ҷавонон ва умуман, аҳли ҷомеа чӣ кумак карда метавонад?
— Вақте бо забони тоҷикӣ блогро сар кардем, баъди се соли фаъолият эҳсос намудем, ки мавод бо забони тоҷикӣ бисёр шуд ва ба хулосае омадем, ки як китоби хурдакаке нависем, то фарогири ин ҳама вожаҳо бошад. Бо номи «1001 калимаи зарурӣ» китоб таҳия кардем ва дидем, ки боз дигар китобҳо ҳам пайдо шуданд. Вақте таҳлилу хулосабарорӣ кардем, дидем, ки дар телефонҳо барномае намерасад, ки ба таври осон дастраси ҳамагон бошад. Аввалин чизе, ки таваҷҷуҳи моро ҷалб кард, таҳияи шакли электронии китобҳо буд, зеро аз хориҷ тоҷикони мо бештар пурсон мешуданд, ки чӣ гуна нусхаи электронии ин ё он китобро дастрас намоянд. Ва ман хостам, ки як шакли электронии ин китобро дошта бошам, на танҳо дар формати PDF, балки дар шакли интерактивӣ бошад. Баъдан, вақте бо барномасоз Мирқурбон Наимов ҳамсуҳбат шудем, мавсуф низ иброз дошт, ки нияти таҳияи чунин як барномаро дорад ва ба хулосае омадем, ки аз пайи иҷрои ин идея мешавем. Сохтани барнома қариб як сол вақтро гирифт. Мо ба пуррагӣ гуфта метавонем, ки ин якумин барномаи тоҷикӣ дар самти омӯзиши калимаҳо аст. Пеш аз ин дар телефонҳо барномаҳои зиёд ҳам буданд, аммо онҳо танҳо луғат ва ё ҳамон фарҳанги забони тоҷикӣ-англисӣ ё англисӣ-русӣ мебошанд. Яъне, шумо калимаро менависед, тарҷумаи тоҷикиашро ба шумо нишон медиҳад. Ин барнома тамоман дигар аст ва барои омӯхтани калимаҳо даҳ намуд машқ дорад. Аз шумо ба таври интерактивӣ даҳ намуд калимаро мепурсад, ки шумо ҳамон калимаро аз худ кунед. Аксу садо, тарҷумаи тоҷикиву русӣ ва транскрипсияи калима ҳаст, ки метавонед ба осонӣ омӯзед. Яъне, шумо на танҳо калимаро бо тарҷумааш мебинед, балки даҳ маротиба бо роҳҳои гуногун калимаро аз шумо мепурсад ва тест мегирад. Баробари ин, ҳар калима бо тарҷумаҳояш ҳам садо дорад ва ҳам расм дорад. Шумо барои зуд аз худ кардан метавонед аз онҳо истифода намоед. Дар умум, ҳама он машқҳое, ки вуҷуд дорад, сирф бо забони тоҷикӣ аст ва дизайни платформа низ бояд пурра шакли миллиро ба худ касб намояд. Чун нав се моҳ шуд ба фаъолият оғоз намудани барномаро, дар ин самт ҳоло корҳои техникӣ ва пуррасозии дохили он бо маводи дигари таълимӣ ва бозиҳои шавқовар идома дорад.
Дар ин росто, мехоҳам аз як иқдоми Вазорати маориф ва илм ёдовар шавам. Агар хато накунам, соле қабл Вазорати маориф ва илм “Луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ”-ро бо фарогирии 400 калима таҳия ва дар баробари нашр кардан тавассути сомонаю тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ дастраси ҳамагон гардонид. Идеяи беҳтарин ва иқдоми бениҳоят хуб аст. Ман онро аз сомонаҳо дастрас намуда, бо он шинос шудам. Дар ҳақиқат, калимаҳои сода ҳастанд ва ҳар кас метавонад дар фаъолияти ҳамарӯза рӯ ба рӯ шавад. Вақте ин луғат нашр шуд, ба таҳияи китоби “1001 калимаи зарурӣ” машғул будам ва ин иқдоми вазорат бароям хеле хуш омад.
– Ҳастанд нафароне, ки бо вуҷуди донистану азхуд кардани вожаҳои забони англисӣ, наметавонанд озод муошират кунанд. Ба ибораи дигар, аз суҳбат кардан бо забони англисӣ як навъ тарс доранд. Барои бо забони англисӣ озод суҳбат кардан чӣ бояд кард, муҳити забономӯзӣ ва ё роҳи дигаре вуҷуд дорад?
– Ин мушкили танҳо мо-тоҷикон нест ва ин омил дар тамоми дунё ба мушоҳида мерасад. Дилхоҳ шахс, ки як забони дигарро меомӯзад, зимни аввалин суҳбатҳо дар вуҷуди ӯ як тарс пайдо мешавад. Шахс фикр мекунад, ки агар ман як хато кунам, мусоҳиб ва ё нафарони дигар ба ҳоли ман механданд. Ман бо хориҷиён низ кор кардаам, хусусан, муаллимони амрикоӣ, бритониёӣ, эронӣ низ ин таҷрибаро ёдовар ва иқрор ҳам шудаанд, ки ҳатто дар донишгоҳҳои кишварҳои зикршуда низ ин ҳолат ҷой дорад. Ба андешаи инҷониб мо бояд хато кунем. Маҳз дар чунин ҳолат шахс хатои худро дарк карда, аз пайи ислоҳ мешавад ва қадам ба қадам сатҳи муоширати худро хуб мекунад. Дар зимн, барои он ки сатҳи забондонии мо хубтару беҳтар шавад, бояд бештар гӯш кунем. Вақте зиёд гӯш мекунем, тарзи талаффузи калимаро аз худ мекунем ва ба хатоӣ кам роҳ медиҳем.
– Барои нафароне, ки мехоҳанд забони англисиро зудтару хубтар аз худ кунанд, чӣ тавсия медиҳед?
– Тавсияи якуми ман ин аст, ки ҳатман барои омӯхтани забон вақт ҷудо кунанд. Фикр накунанд, ки дар муддати се моҳ метавонанд забони англисиро аз худ мекунанд. Омӯхтани дилхоҳ забон меҳнати зиёдро талаб мекунад ва ҳатман вақте қарор доданд, ки забони хориҷӣ меомӯзанд, ҳатман вақт ҷудо кунанд. Яъне, дар як ҳафта як соат намешавад. Баъзе нафароне ҳастанд, ки мегӯянд, мо 4 моҳ вақт дорему фалон ҷо сафар дорем ва оё ҳар ҳафта серӯзӣ дар 4 моҳ метавонем англисиро омӯзем? Ин аллакай 2 моҳ мешавад. Вақте барои худ 4 моҳ вақт ҷудо мекунанд, 4 моҳ бояд ҳар рӯз бе рӯзи истироҳат ва дар як ҳафта ҳафт рӯз ба забономӯзӣ машғул шаванд. Яъне, 4 моҳ-120 рӯз бояд дарс хонанд. Дар баробари 120 соат бо муаллим будан, ақаллан 120 соати дигар худашон мустақилона ба забономӯзӣ машғул шаванд. Дар ин ҳолат мешавад забонро омӯхт. Зеро ана ҳамон формулаи математикие, ки дар дилхоҳ кор истифода мешавад – вақт+меҳнат= натиҷа ҳаминро ифода мекунад. Ба ин мазмун, агар мо вақт надошта бошем, наметавонем ба мақсад расем. Ҳатто агар аҳамият диҳем, дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд ба чашм мерасад, ки шахсони алоҳида тарғиб мекунанд, ки дар ду ё се моҳ метавонем забони англисиро пурра ба шумо омӯзонем ва шумо озодона ҳарф занед. Ин идао мутлақо хатост. Ҳатто бо як нафар омӯзгор баҳс ҳам доштем ва вақте даъво кард, ки дар се моҳ хонандаро забондон мекунад, пурсидем, ки худаш ба ин бовар дорад, посух дода натавонист ва танҳо гуфт, ки дар як рӯз се соат дарс мегузарад. Бале, дар як рӯз 3 соат дарс гузаштан имкон дорад, аммо оё хонанда ин се дарсро пурра аз худ карда метавонад ё не, суоли асосист. Тавсияи дигар ин аст, ки донишомӯзон бештар омӯзанд ва шавқу рағбат нисбат ба ҳамон забонро дар дил парвариш диҳанд.

Мусоҳиб Э.ХУШБАХТ,
“Омӯзгор”