ДИЛ БА ДАСТ ОВАР…

Дар ҳама давру замонҳо инсон ба василаи фазлу хирад ва маърифат на танҳо баҳри ободию шукуфоӣ ва рангорангию ҷаззоб гардидани зиндагияш ҷаҳду талош намудааст, балки бо ин амалу кирдори боҳамияту некроёнаи хеш дар рушду пешрафт ва такомулу таҳаввули ватану кишвараш саҳми шоиста гузоштааст. Воқеан, ҷавҳару дарунмояи моҳияти ҳастию бақои инсон ва зиндагии ӯро маҳз хираду ақл ташкил медодааст, ки ин унсури ҳаётбахшро дар тӯли таърих, дар марҳалаҳои гуногун шоирону нависандагони бузурги тоҷик, мутаффаккирону донишмандони нобиғаи он бо баёни афкори нобу пешқадами хеш дар рисолаву осори илмӣ ва адабияшон босароҳат таҷассум намудаанд. Маҳз хираду фазл, ки аз омӯзишу мутолиаи бардавом ва заҳматҳои шабурӯзии абармардони ҷодаи адабиёту илми тоҷик ҳосил гардидааст, дар муқовимату мубориза бо нодонию ҷаҳолат, таассубу хурофот, ки зодаи пиндорҳои беасоси афроди камхондаю гумроҳ маҳсуб меёфт, абзору василаи воқеию калидӣ ба шумор мерафт. Беҳуда нест, ки Ҳаким Фирдавсӣ хирадро афсари шаҳриёрону Одамушшуаро Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ фазлу бузургмардию солориро ҳангоми ҳодисаҳои фалокатзо («балои сахт») сипари боэътимод унвон кардаанд. Ва дар меҳвари ҷамеи ин амалҳо (манзур хирадгароию маърифатандӯзӣ ва баръакс, дар гирдоби ҷаҳлу таассуб ғарқ гардидан) худи шахс қарор дорад. Яъне, вай бо кӯшишу азм ва иродаю руҳи барозанда метавонад, бо илму хираде, ки андӯхтааст, зиндагии аҳли ҷомеа ва худро беҳтару рангинтар ва пурмазмунтар гардонад. Дар акси ҳол, бо фаҳмишу тафаккури маҳдуд ба вартаи нодонию бемаърифатӣ ғелида, дар иҷрои ину он амал ба ифрот ва зиёдаравӣ роҳ хоҳад дод. Ин андешаву ғоя ва ҳадафи созанда дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар ба таври дақиқу сареҳ ва ошкору равшан баён гардидааст. Дар воқеъ, Сарвари давлат дар баробари масоили тундгароию ифротзадагӣ, пайвастани иддае аз ҷавононро ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, равияҳои иртиҷоии динӣ, афзудани ҷинояткорӣ дар солҳои охир, таассубу хурофот ва амсоли инҳо, роҳ надодан ба хароҷоти зиёдатию исрофкорӣ, барпо намудани маъракаҳои мутантани серхарҷ, дастгирии оилаҳои камбизоату ятимон ва бепарасторон дахл карда, аз аҳолӣ даъват ба амал оварданд, дар ҳама кору амале, ки анҷом медиҳанд, аз рӯйи ақли солиму хиради воло ва маърифати баланд, муносибат ва рафтор намоянд. Тавре медонем, солҳои охир барои зиёрати хонаи Худо ва адои ҳаҷҷи акбару умра барои шаҳрвандони кишвар тамоми шароит фароҳам оварда шуд ва дар суханронии Пешвои миллат низ ин нукта таъкид гардид, ки танҳо дар соли 2023 63 ҳазор шаҳрванди ҷумҳурӣ маросими ҳаҷ ва умраро баҷо оварданд. Мусаллам аст, ки адои ҳаҷ фарзест ба монанди намоз гузоридану рӯза доштан. Аммо пас аз бозгашт аз ҳаҷ баргузор намудани маъракаҳои серхарҷ, ки ба ҷуз худнамоишдиҳию шуҳратталабӣ чизи дигаре нест ва зиёни молӣ ба рӯзгори хонадони зиёраткардагон мебошаду халос, воқеан, боиси таассуфу нигаронист. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба ҳамин раванди ногувор ишора намуда, зикр карданд:
«Дар Қуръон такрор ба такрор гуфта мешавад, ки «Аллоҳ ҳеҷ касро аз тавоноияш зиёдтар вазифадор наменамояд».
Аммо маҳз ба сабаби надонистанамон ба таассубу хурофот дода шуда, чунин маъракаҳои серхарҷро доир менамоему ҳам талаботи динро риоя намекунем ва ҳам барои аҳли оила мушкилӣ эҷод мекунем. Ҳол он ки тибқи фармудаи олимони соҳаи дин, савоби умра камтар аз савоби як моҳ рӯза доштан аст. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки ҳаҷ ё умра гуноҳи онҳоро пок месозад, ки ин фаҳмиши берун аз мантиқ ва моҳияти дин аст…»
Чунонки маълум аст, соли 2007 бо иқдом ва пешниҳоди Сарвари давлат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки он аз 5 бобу 16 модда иборат мебошад. Дар боби 3-«Танзими ҷашну маросими расмӣ ва оилавӣ», дар моддаи 12 – «Маросими ҳаҷ» ба таври возеҳу равшан зикр гардидааст:
1. Маъракаҳои гусел ва пешвози ҳоҷиён дар доираи оила гузаронида мешаванд.
2. Ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон ва ҳоҷиошӣ қатъиян манъ аст.
Тавре ки дар суханронии Пешвои миллат ба таври махсус таъкид гардид, мутаассифона, тайи солҳои охир талаботу нишондоди қонуни мазкур аз ҷониби шаҳрвандон ба таври зарурӣ иҷро намегардад. Болотар изҳор дош тем, ки инсон бар мабнои хирад ба пешрафту таҳаввули фардӣ ва рушди ҷомеаю давлат сабабгор шуда метавонад. Вале мушоҳидаҳо бозгӯйи онанд, ки дар радифи қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла, тоҷирону руҳониён, шахсони синнусоли мухталиф, занону кӯдакон, омӯзгорону устодони иддае аз муассисаҳои таълимии кишвар низ ба сафари ҳаҷ рафта, аз он тараф ҳоҷӣ шуда бармегарданд. Бахусус, боиси нигаронист, ки сафи зиёраткунандони хонаи Худо аз ҳисоби омӯзгорон аз шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ дар қиёс бо дигар шаҳру навоҳии кишвар зиёд буда, устодону омӯзгорон баъд аз адои маросими ҳаҷ (асосан ҳаҷи умра) намоишкорона маъракаҳои бодабдабаву тантананок меороянд. Пурсида мешавад, ки магар омӯзгорони муҳтарам, зиёраткунандагони хонаи Худо аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва муҳтавои моддаю бобҳои он бехабаранд? Ба ҷуз ин, дар силки дигар идораю ташкилот ва муассисаҳои давлат дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ низ иҷрои қонуни номбурда зери назорат қарор гирифтааст.
Боиси ташвишу нигаронии ҷиддист, ки бобу моддаҳои ин қонун на танҳо риоя ва иҷро намегарданд, балки аз ҷониби бархе аз омӯзгорону устодон дағалона ва дидаю дониста помол карда мешаванд. Ҳароина, Давлат ва Ҳукумат зидди ҳуқуқу озодиҳои шаҳр вандон набуда, баръакс, барои таъмини соҳиб ихтиёрию озодии сокинони кишвар тамоми шароитро муҳайё намудааст. Таъмини ҳуқуқу озодиҳои ҳар як шахс — сокини ҷумҳурӣ ва зиндагии шоистаи ӯ дар моддаи 1-уми Конститутсияи мамлакат кафолат дода шудааст. Аммо ин маънои онро надорад, ки озодию соҳибихтиёриро ба таври худ фаҳмиду маънидод кард ва дар замони мураккабу вазъияти зуд тағйир ёбандаи ҷаҳони муосир, ки ба ҳар васила ба зиндагии одамон латма ворид мекунад, иддае аз омӯзгорон, ки онҳоро барҳақ зиёиён-маърифатгустарони ҷомеа меномем, ба ботлоқи таассубу хурофот афтода, маъракаҳои серхарҷи «ҳоҷи талбон» барпо намуда, рӯзгори бе ин ҳам вазнини худро сангинтар созанд. Ҳол он ки омӯзгорон чун неруи пешбарандаи кишвар бояд худ намунаи ибрати дигар қишрҳои ҷомеа, аз ҷумла, одамони камхондаю дар банди таассубафтода бошанд, онҳоро аз ташкилу баргузории маъракаҳои пурдабдабаву боҷалол боздоранд ва пайомадҳои вазнини онро ба эшон шарҳу тавзеҳ диҳанд. Таъкиду огоҳиҳои Президенти кишвар дар ин боб аз сари сидқу сафо сурат гирифта, пешниҳоди ҷолибашон дар хусуси баҳри ободию сохтмони ину он иншоот дар маҳалли зисташон ҳоҷиён (хонда шавад бархе аз омӯзгорон) сарф намоянд, бамаврид мебошад. Дар ин росто, пайравӣ аз соҳибкорони саховатпеша айни муддао буда, дар ивази ду ё се дафъа маросими ҳаҷро ба ҷо овардан, зиёраткунандагон метавонанд бо ин маблағҳо дар деҳаи худ барои мактабиён бино ё синфхонаҳои иловагӣ бунёд ва компютеру дигар васоити техникии муосир бихаранду туҳфа кунанд. Дар мулоқот аз ҷониби Пешвои миллат дар робита ба ин мавзуъ зикр гардид:
«Агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд. Хотирнишон месозам, ки мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд».
Ҷойи афсӯс аст, ки сафари ҳаҷ намудан ба сабқат табдил ёфта, бахши аъзами онҳое, ки маросими ҳаҷ (хусусан, ҳаҷи умра)-ро баҷо меоранд, вақтҳои охир аз рӯйи шиори «Ман аз кӣ кам?» амал намуда, ба таассуби ошкоро даст мезаданд, ки аз ин қатор омӯзгорону устодон низ берун нес танд.
Дар ин байн омӯзгорон бояд дурандешона рафтор намуда, панди Шайх Саъдии Шерозиро ҳеҷ гоҳ аз мадди назар дур насозанд, ки «чу дахлат нест, харҷ оҳистатар кун». Тақлидкорӣ ва пайравии ноогоҳона ба кишварҳои дигар, ба хусус, дар тарзи либос ба бар кардан низ бозгӯйи он аст, ки маърифат ва дарки зебоӣ (эстетикӣ)-и фарҳанги либоспӯшии аксари мардум, аз ҷумла, зоирон дар сатҳи хеле поин қарор дорад. Ҳол он ки ҳанӯз Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ тақлиду зоҳиргароиро зери танқиду мазаммат қарор дода, фармуда буд:
Равандагони тариқат ба ними ҷав нахаранд,
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.
Дар ҳар сурат, устодону омӯзгорони ҷумҳурӣ бояд мубаллиғу муаррифгари сиёсати Ҳукумат ва давлат бошанд, дар мубориза алорағми ҷаҳлу хурофот ва таассуб дар сафи пеш қарор бигиранд. Онҳо бо донишу ҷаҳонбинии фарох ва тафаккури пешрафта дар ҷамъомаду ҳамоишҳо иштирок ва суханронӣ намуда, бо истифода аз осори назмию насрии шоирону нависандагон ва андешаву афкори олии гуманистии донишмандону мутафаккирони гузаштаамон дар таҳкими пояҳои ахлоқии насли наврас, ҷавонон ба таври возеҳу саҳеҳ ба самъи мардум расондани моҳияту ғоя ва консепсияи инсонгароёнаи арзишҳои миллию фарҳангӣ, динӣ, ошкору бармало сохтани пиндорҳои авомонаю авҳомзо, ки аз асосҳои илмӣ дур буда, одамонро ногузир ба халоби ҷаҳлу нодонӣ ва хурофоту таассуб гирифтор менамояд, нақши бориз ва муассиру барҷастаро иҷро кунанд. Сарвари давлат ба оқибатҳои хатарзои хурофот ишора намуда, онро ҷаҳолат номиданд, ки барои миллат бадбахтӣ меорад.
Мушоҳидаҳо аз он мегӯянд, ки имрӯз иддае аз шумули аз илмҳои дунявию динӣ комилан бехабар дар ҳар як кирдору амали муқаррарии рӯзмарраи ҳатман кадом як «гуноҳ»-и нестандарҷаҳон ва гоҳо «кабира»-ро меҷӯянду ҳадс мезананд, ки «мо ин ҳукми шаръиро аз гузаштаҳо шунидаем». Аммо чун пурсон мешавӣ, ки чунин як ҳукм (фатво) дар кадом сарчашмаю манбаи муътамади динӣ, дар кадом саҳифа, кадом боб оварда шудааст, лол монда, муҳри хомӯшӣ бар лаб мезананд. Мутаассифона, бар ивази пеши роҳи чунин «воизон»-и хомандешро гирифтан, иддае аз омӯзгорону устодон (тавре дар фавқ дар хусуси онҳо гуфта гузаштем) на танҳо маъракаҳои гӯшношуниди ҳоҷиталбон баргузор менамоянд, балки дидаву дониста дар маросими «ҳоҷибинӣ» ё «ҳоҷиошӣ» ширкат меварзанд, ки ин омил дар тарбияи шогирдони онҳо бетаъсир нахоҳад буд.
Аз ин рӯ, омӯзгорону устодонро зарур аст, ки рисолати виҷдонии худро ба масобаи афрӯзандаи чароғи маърифату хирад дар ниҳоди шогирдон баҳри фардои дурахшони ҷомеаю кишвар аз хотир набароранд. Насли наврас ба сифати ҳодию раҳнамо ногузир ба ҳар як рафтору кирдор ва амалҳои анҷомдодаи омӯзгорону устодон на танҳо таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд, балки ин рафтору амалро (новобаста аз моҳияти баду некаш) ҳақ мешуморанду ба он пайравӣ мекунанд. Дар ин боб устодону омӯзгорон набояд ба иштибоҳ роҳ диҳанд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»