НАРГИС ШИРМАТОВА – ҒОЛИБИ ДАВРИ МИНТАҚАВИИ ОЗМУНИ «ОМӮЗГОРИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН — 2024»

Аз 23 то 26-уми апрели соли ҷорӣ дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон – 2024» баргузор шуд. Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Зиёдулло Абдулзода довталабонро ба муносибати роҳ ёфтан ба даври минтақавии озмун табрик намуда, ҳадафи озмунро пайдо кардани чеҳраҳои шоиста дар соҳаи маориф маънидод кард.
Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода – раиси Кумитаи тадорукот ва раиси ҳакамони озмун, Умарҷон Умаров – дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ довталабонро бо шартҳои озмун шинос намуданд.
Мутобиқи талаботи банди 7-и Низомнома, озмун аз рӯйи ҳафт шарт – муаррифии таҷрибаи корӣ, маҷлиси падару модарон, дарси озмунӣ аз рӯйи ихтисос, таҳлили дарс, соати тарбиявӣ, кор бо компютер ва ҷавоб додан ба даҳ савол вобаста ба қарору қонунҳо ва санадҳои меъёрии соҳа баргузор шуд. Дар озмун ёздаҳ довталаб, ки ҳафт минтақаи кишварро муаррифӣ мекарданд, ширкат варзид.
Нахуст фаъолияти кории худро Хушназари Мухтор, омӯзгори физикаи МТМУ №33-и ноҳияи Нуробод, аз рӯйи шарти аввал — муаррифии таҷрибаи корӣ шарҳ дод. Тибқи гуфтаи номбурда, ӯ дар дарсҳояш аз усулҳои гуногуни таълим, аз ҷумла, ангезиши зеҳн, методҳои инфиродӣ, интерактивӣ, истифодаи варақаҳо, тестҳо, воситаҳои техникии таълим ва ғайра ба таври фаровон истифода мебарад. Шогирдонаш дар даври ноҳиявӣ ва минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» ва олимпиадаҳои фаннӣ фаъолона иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд.
Омӯзгори химияи МТМУ №57-и ноҳияи Сангвор Раҳмоналӣ Раҳмонов таҷрибаи 8-солаи омӯзгорӣ дорад. Вай маҳорати хешро бо истифода аз тахтаи электронӣ намоиш дод. Муаллифи чанд мақолаи соҳавӣ мебошад, ки дар нашрияи ноҳиявии «Мавҷи Хингоб» ба табъ расидаанд.
Зулфиқор Азимов, омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №36-и шаҳри Ваҳдат буда, фаъолияти кориаш аз соли 2004 шуруъ шудааст. Шогирдонаш дар даври ҷумҳуриявии озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардидаанд. Мақолаҳояш дар нашрияҳои «Омӯзгор», «Шамъи ирфон» ва «Шаҳриёр» чоп шудаанд.
Ба намояндагӣ аз ноҳияи Шаҳринав дар озмун омӯзгори забони англисии литсейи ғайридавлатии хусусии «Нур» Санавбар Шарипова ширкат варзид. Ӯ таҷрибаи 12-солаи корӣ дошта, шогирдонаш дар озмуну олим­пиадаҳои фаннӣ дар хориҷ аз кишвар ғолиб омадаанд.
Иштирокчии дигари озмун Мадина Сайҷонова низ омӯзгори ҷавон буда, дар МТМУ №1-и ноҳияи Лахш аз фанҳои химия ва биология ба хонандагон дарс мегӯяд. Иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи ихтироъкорӣ мебошад. Шогирдонаш дар даври ниҳоии озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидаанд. Бино ба гуфтаи худаш Мадина мекӯшад, ки дарсҳояш ҳамеша рангорангу ҷолиб бошанд. Дар омода намудани маводи методӣ таҷрибаи бой дорад.
Аз шаҳри Турсунзода дар озмун омӯзгори забони русии литсейи Президентии ба номи А. Рӯдакӣ Лола Раҳмонова ширкат варзид. Ӯ таҷрибаи 22-солаи корӣ дошта, шогирдонаш пайваста дар олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ дар минтақа гардидаанд.
Иштирокдори дигари озмун Шаҳноза Ҳасанова, омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №13, ноҳияи Рашт дар синфҳои 8-11 дарс мегӯяд. Ӯ дарсҳояшро бештар тавассути воситаҳои техникӣ, аз ҷумла, ҳодисаву воқеаҳои таърихӣ бо намоиши пораҳо аз филмҳои ҳуҷҷатӣ, усулҳои интерактивӣ ташкил мекунад. Як нафар шогирдаш дар даври ниҳоии олимпиадаи фаннӣ аз фанни ҳуқуқи инсон ҷойи ифтихориро соҳиб гардидааст. Мақолаҳояш дар матбуоти даврӣ рӯйи чоп омадаанд.
Омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ №64 Наргис Ширматова ноҳияи Варзобро дар озмун муаррифӣ менамуд. Ӯ бо истифода аз маърӯза ва тахтаи электронӣ фаъолияти кории худро муаррифӣ намуд. Н.Ширматова фаъолияти 16-солаи корӣ дорад ва чанде аз шогирдонаш дар даври ҷумҳуриявии озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» сазовори ҷойи ифтихорӣ гардидаанд.
Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики гимназия-парваришгоҳи ба номи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Рӯдакӣ Умеда Алиева собиқаи 8-солаи корӣ дошта, ғолиби даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2023 (дар номинатсияи эҷоди назм мебошад). Умеда табъи шоирӣ дорад ва соҳиби маҷмуаи шеърӣ бо номи «Аниси дилҳо» мебошад. Ҳоло аспиранти ДМТ буда, рисолаи илмияш дар арафаи анҷомёбист. 8 мақолаи илмияш дар «Паёми ДМТ» нашр шудаанд ва зиёда аз 10 мақолаи дигараш дар маҷаллаҳои дигар ба чоп расидаанд.
Сулҳия Ҷӯрабоева, омӯзгори технологияи иттилоотии МТМУ №7–и шаҳри Ҳисор, соли 1995 ДМТ- ро бо дипломи аъло хатм кардааст. Фаъолияти кориаш аз соли 1995 шуруъ шудааст. Аз соли 2017 то ҳол омӯзгори мактаби рақами 7–и шаҳри Ҳисор аст. Мақолаҳояш дар маҷаллаи «Маорифи Ҳисор» нашр шудаанд.
Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №7-и ноҳияи Файзобод Ҷамила Асоева таҷрибаи беш аз 29–солаи омӯзгорӣ дорад. Вай маҳорати хешро тавассути маърӯза бо истифода аз тахтаи электронӣ намоиш дод. Бино ба гуфтаи ӯ, муваффақиятҳояшро дар ҳамкорӣ бо устодони мактаб, ҳамкорон ва дар мутолиаи асарҳои педагогӣ доир ба таълими забон ва адабиёти тоҷик мебинад. Худ низ доир ба тарзу усулҳои манфиатбахши дарс мақолаҳои методӣ навиштааст, ки қисми зиёди онҳо дар нашрияҳои «Набзи Файзобод» ва «Парвин» чоп шудаанд. Ҷ. Асоева иттилоъ дод, ки дар синфҳои 5-10 дарс мегӯяд ва як нафар шогирдаш дар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзида, соҳиби ҷойи 2 гардидааст.
Мавзуъҳои маҷлиси падару модарон аз тарафи ҳайати ҳакамон эълон гардиданд. Довталабон бо истифода аз қонуну қарорҳо ва санадҳои меъёрии соҳа дар зарфи бист дақиқа «маҷлиси падару модарон»-ро ташкил карданд. Мавзуъҳо чандон душвор набуда, вобаста ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», қонунҳои ҷории мамлакат ва монанди инҳо рабт доштанд. Аксари омӯзгорон аз уҳдаи иҷрои ин шарт ба хубӣ баромаданд.
Баргузор намудани дарсҳо дар мактаби рақами 35-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт сурат гирифт. Дарс дар синфи ношинос аз шартҳои муҳимест, ки донишу маҳорат ва кордонии омӯзгорро собит менамояд. Ҳамаи довталабон мекӯшиданд, ки дарсашон диққатҷалбкунанда ва бо аёниятҳо, бахусус, бо истифодаи воситаҳои техникӣ гузарад. Ҳар кадом омӯзгор дар ин самт сабку салиқа ва маҳорати хосаи хешро доро буд. Довталаб Зулфиқор Азимов дар мавзуи «Варзиш ва тарзи ҳаёти солим» дар синфи 11 машғулият баргузор намуд. Вай хонандагонро ба се гурӯҳи шартӣ – «Суғд», «Хатлон» ва «ВМКБ» ҷудо карда, байни онҳо як навъ мусобиқа ташкил кард. Ба ин васила аксар саволҳо вобаста ба мавзуи номбаршуда ҳал шуданд. Пурсиши вазифаи хонагӣ, вобастагии он ба мавзуи нав ва ҳамчунин, бо мавзуъҳои такрорӣ хеле хуб мушоҳида гардид.
Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики МТМУ №7-и ноҳияи Файзобод Ҷамила Асоева бо иштироки 26 нафар хонанда дар синфи 9 дарси адабиёти тоҷикро тавассути пурсиши вазифаи хонагӣ аз «Футувватномаи Ҳусайн Воизи Кошифӣ» оғоз намуд. Пас аз пурсиши вазифаи хонагӣ ва саволу ҷавоб бо хонандагон оид ба мавзуи нав – дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Камолиддин Биноӣ ташкил кард. Тавассути пурсишу саволҳои зиёде дарс ҷамъбаст гардид.
Омӯзгори забони англисии литсейи ғайридавлатии хусусии «Нур»-и ноҳияи Шаҳринав Санавбар Шарипова дарсро дар синфи 7 бо иштироки 18 хонанда баргузор намуд. Бино ба таъкиди узви ҳайати ҳакамон, омӯзгори калони кафедраи методикаи таълими фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии ДҶТИБКСМ Мусаллам Ҳомидова, омӯзгор тавонист дар ҷараёни дарс методҳои гуногунро истифода барад. Масалан, омӯзгор дидактика, технология, шунавонидан, хонондан, гурӯҳбандӣ, тарҷума кардан, кор бо луғат дар тахтаи синф, кор бо варақаҳо ва монанди инҳоро ҳадафмандона истифода бурд. Омӯзгори довталаб, ҳамчунин, аз тахтаи электронӣ босамар истифода бурда, баъзе калимаҳои душворфаҳмро дар тахтаи синф навишт ва якҷо бо шогирдон онҳоро бо садои бурро талаффуз намуд, ки минбаъд ба луғатдонии хонандагон мусоидат хоҳад кард. Хулоса, омӯзгор ба мақсад расид, дар вақти муайяншуда дарсро ба охир расонд, ба хонандагони пурсидашуда баҳои муносиб гузошта тавонист. Машғулиятҳои довталабон Умеда Алиева, Раҳмоналӣ Раҳмонов, Мадина Сайҷонова низ бо истифода аз усулҳои нави таълим — технологияи муосир, салоҳиятнокӣ ва монанди инҳо хеле ҷолиб буданд. Дар қисмати таҳлили дарс довталабон аввал андешаҳои хешро доир ба дарсҳои гузаштаи худ, сипас, оид ба дарси ҳамкасбонашон, ки дар машғулиятҳои якдигар иштирок доштанд, иброз намуданд. Бори дигар собит гардид, ки омӯзгори имрӯза бе дониши технологияи компютерӣ ба комёбӣ муваффақ нахоҳад гардид.
Ба ҳар сурат, дар ин самт байни довталабон фарқи куллӣ буд. Маълум гардид, ки онҳо ҳанӯз аз технологияи иттилоотӣ ба таври васеъ истифода намекунанд. Чунин ба назар мерасид, ки довталабон тахтаи электрониро, аслан, барои таваҷҷуҳи ҳакамон истифода менамуданд, ки ҷойи таассуф аст. Раиси ҳайати ҳакамон Умар Умаров иброз дошт, ки имсол дар баргузории «маҷлиси падару модарон» аз тарафи довталабон фаъолмандӣ бештар буд. Тақрибан ҳамаи онҳо дар дарси худ тавонистанд диққати «падару модарон»-ро ба ҳалли мавзуъ ҷалб намоянд. Раиси ҳакамон вобаста ба ҳар як шарти иҷрошуда аз тарафи довталабон хулосаи аъзои ҳакамонро баён намуд. Шарти дигар ҷавоби дуруст додан ба даҳ савол бо мақсади донистани асноди меъёрӣ — ҳуқуқӣ буд, ки мутаассифона, на ҳамаи ҷавобҳо саҳеҳ буданд.
Дар асоси хулосаи ҳайати ҳакамон омӯзгори таърих ва ҳуқуқи МТМУ № 64-и ноҳияи Варзоб Наргис Ширматова (бо гирифтани 156,54 хол) ғолиби даври минтақавии озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2024» дониста шуд. Бо мақсади холисона ва шаффоф баргузор гардидани ҷараёни озмун раванди он пурра сабт гардид. Дар фарҷоми чорабинӣ аз ҷониби муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёдулло Абдулзода бори дигар таъкид гардид, ки иштирок дар озмун ғолибият мебошад. Баъдан ҳамаи иштирокчиён андешаҳои худро аз раванди баргузории озмун иброз намуданд. Дар фарҷом раиси кумитаи тадорукоти озмун, ректори ДҶТИБКСМ Наврӯз Мирзозода ба ҳамаи он нафароне, ки дар озмун ширкат варзиданд, арзи сипос ва таманниёти нек намуда, ба ғолиб дар даври ниҳоии озмун барору комёбӣ орзу кард.
Салима МӮСОЕВА,
«Омӯзгор