Маркази барномаҳои байналмилалӣ аз рӯйи зинаи магистратура ҳуҷҷати довталабонро ҷиҳати қабул шудан ба Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО)-и Федератсияи Россия оғоз намуд.
Барои довталабоне, ки дар Федератсияи Россия дар Донишкадаи давлатии муносибатҳои байналмилалии Москва (МГИМО) барои соли тањсили 2024-2025 таҳсил кардан мехоҳанд, интихоби ихтисос озод буда, танҳо таҳсили ройгон пешниҳод гардида, дигар ҳароҷотҳо аз ҳисоби довталабон роҳандозӣ мегардад.
Қабули ҳуҷҷатҳо ба донишгоҳи МГИМО то 6 майи 2024 идома меёбад.
Барои гирифтани маълумоти бештар ба Маркази барномаҳои байналмилалӣ (суроға: ш.Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода – 47) муроҷиат намоед.
Телефон барои тамос: +992 372 232359
МАРКАЗИ БАРНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ – РОҲНАМОИ ШУМО БАРОИ АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ОРЗУҲО!