Дар ин ҷо шоири бузурги миллат зиставу шоҳасарҳо эҷод кардааст.
Дар ин ҷо чароғи илму адаб ҳамеша фурӯзон ва шуълаафшон будааст.
Дар ин ҷо пайваста маҳфили сухани воло абармардони миллатро ба ҳам меовардааст.
Дар ин ҷо меҳмонон аз бисёр мамолики ҷаҳон борҳо гирди як хон биншаставу сухан аз дӯстию сулҳ гуфтаю суруди муҳаббат сароидаанд.
Дар ин ҷо чаманистони назм ҳамеша тозаю тар ва димоғпарвар будааст…
Манзили зисти шоири маъруфу маҳбуби миллат, устод Мирзо Турсунзода аст ин ҷо. Тозаю озодаю ороста ва хушбоду ҳаво. Дар саҳни ҳавлии хонаи устод қадам гузошта, кас фарогири ҳисси гуворою ифтихоромез мешавад, ба ҳолати аҷибе гирифтор мегардад; замоне ин ҷо устоди беназир Мирзо Турсунзода, ки шуҳрат андар олам дошту тамоми умр ҳама ҷо донаи сулҳу дӯстӣ мекошт, гаштугузор доштааст. Изи пои устодро дар ҳар ваҷаб замини ин манзил метавон ба чашми дил диду ҳузури маънавиашро эҳсос кард…
Ҳамакнун ин «ошёни баланд» Осорхонаи адабию ёдгории Мирзо Турсунзода ном гирифтаасту ба зиёратгоҳи аҳли диёр ва меҳмонони Тоҷикистон, ба рамзи меҳвари шеъру сухан ва ҷовидонагии фарзанди сарбаланди халқ табдил ёфтааст. Мо ба ифтихори зодрӯзи устод (2 май) дар саҳни ин манзил, дар айвончаи тахтагие, ки барои шоири шаҳир ин ҷо бо дӯстон дар ҳавои кушод биншаставу сари як пиёла чой суҳбат оростан ва шоҳмот бозидан хеле писанд будааст, гуфтугӯе доштем бо директори Осорхонаҳои муттаҳидаи адабӣ – ёдгории Институти забон ва адабиёти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Амирхӯҷаи Абдураҳим.
Ҳамсуҳбатам бадоҳатан сухан аз бузургию тавоноии устод Турсунзода, нақши ҷовидонии ӯ дар таърихи адабиёти тоҷик, хидматҳои мондагору ҷасуронааш дар арсаи ҳимояи сулҳу ваҳдат ва дӯстию рафоқат дар саросари ҷаҳон ба миён овард. Саршор аз ифтихор ва меҳру муҳаббат буд суханонаш.
— Устод Мирзо Турсунзода барои халқи тоҷик чун аллома Садриддин Айнӣ ҳадяи таърих буд, шахсе буд маҳбуби ҳар хонадон, писанди хурду калон ва ғамхору дилсӯзи аҳли ҷаҳон. Тамоми умри бобаракату файзбори устод сарфи хидмат ба аҳли диёр, мусоидат ба шукуфоии бӯстони адабиёти тоҷик гардид. Ватандӯсти асилу камназир буд устод, ба ҳадде ки дар ҳама ҷо, дар ҳама ҳолат «ҳамеша бо Ватан буд»-у «ҳамеша бо Ватан масрур», бо номи Ватан нафас мекашиду меҳри Ватан нерую тавони дилаш буд. Ҷаҳониён ба шарофати осору омоли устод тоҷику Тоҷикистонро бештар шинохтанду эътироф карданд. Таваҷҷуҳ кунед, ки Пешвои миллат, Сарвари маҳбуби кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар самимона ва бо ифтихор устоди бузургворро ситоиш кардаанд: «Шеъри Мирзо Турсунзода шеъри миллат ва шеър барои инсоният аст. Тамоми зиндагии ӯ тимсоли дурахшони хидмати содиқонаи як фарзанди зиёӣ ба нафъи халқу Ватани хеш мебошад. Меҳри ӯ дар ошёни баландтарин – дили халқ маъво гирифтааст ва халқ хотираи неки фарзанди маҳбуби хешро то абад ҳифз хоҳад кард». Устод Турсунзода сазовори ҳама гуна ситоишу эътироф ва арҷгузорист. Устод Лоиқ, яке аз шогирдону ворисони шоиставу садоқатманди шоири бузург, барҳақ гуфтааст:
Хуни гармаш дар раги ҳар байт туғён мекунад,
Дар дили хок аст, аммо дил бадарё мезанад.
Зиндаи ӯ баҳри имрӯзи ҷаҳон ҷонкандааст,
Баҳри фардои ҷаҳон осори ӯ ҷон меканад.
— Ин ҳама суханони меҳрбори шумо дар саҳни манзили устод дар остонаи зодрӯзаш як каф дуоро мемонад. Саломат бошед! Мехостем сухане чанд дар хусуси таърихи таъсиси Осорхонаи адабию ёдгории устод бигӯед.
— Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода 24 сентябри соли 1977 аз олам даргузашт. Ҳукумати Тоҷикистон барои поси хотири ин фарзонафарзанди миллат як силсила тадбирҳои шоистаро амалӣ намуд. Аз ҷумла, бо қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Шурои вазирони ҶШС Тоҷикистон 21 марти соли 1978 хонаи шоир (воқеъ дар кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 79) ба Осорхонаи ёдгорӣ – адабии Мирзо Турсунзода табдил дода шуд. Осорхона дар арафаи таҷлили 70–солагии устод дари худро ба сӯйи бинандагон боз кард (соли 1981). Бояд ёдовар бишавам, ки дар ин хона устод солҳои 1949-1969 зиндагӣ кардааст. Хона аз як қабад иборат буда, ҳоло ба чунин ҳуҷраҳо тақсим мешавад: айвон, меҳмонхона, ҳуҷраи корӣ, ҳуҷраи хоб, ҳуҷраи туҳфаҳо ва ҳуҷраи бойгонӣ. Ҳар ҳуҷра ашёи давраи зиндагии устодро ҳифз мекунад. Чунончи, дар айвон (даромадгоҳ) телевизор, миз барои рӯзномаю маҷаллаҳо, роял, тахтаю донаҳои шоҳмот, чанд курсӣ, гилеми мунаққаш, дар девор шохи бузурги гавазн ва чанд ашёи дигар ба назар мерасад. Ҳуҷраи кории устод бисёр оростаю назаррабост. Дар ҳамин ҳуҷра устод дар давоми бист сол асарҳои машҳури худ, аз ҷумла, достонҳои «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Ҷони ширин» ва як силсила шеърҳои машҳурашро эҷод кардааст ва матни суханрониҳои муассиру пурмуҳтавояшро дар кунгураҳои ҷаҳонӣ ба қалам овардааст.
Устод, ки ҳамарӯза, ба қавле, ҳазору як кору ташвиш ба нафъи халқу адабиёту сиёсат дошт, ғолибан шабонаҳо ба эҷоди бадеӣ машғул мешуд ва инро худ бо ишора ба ҳуҷраи кориаш таъкид кардааст:
Агарчи хона ором аст дар шаб,
Ба шоир ҷои илҳом аст дар шаб.
Ҷевонҳои ҳуҷраи кории устод пуропур аз китобанд (беш аз чор ҳазор) ва қисме аз ин китобҳо дорои соядаст мебошанд; тақдим ба устод аз муаллифон. Меҳмонхонаи устод низ таърихи ҷолиб дорад. Дар ин ҷо устод бо гурӯҳе аз дӯстонаш 40-солагию 50-солагии худро таҷлил кардаву ба ифтихори таваллуди писари дуюмаш (Парвиз) ва набераи аввалинаш барои пайвандонаш хони зиёфат оростааст. Ҳамчунин, ин ҷо устод як зумра шахсиятҳои маъруфи замонро (чун Файз Аҳмади Файз, Парвиз Нотил Хонларӣ) Иржи Бечка, Николай Тихонов, Расул Ғамзатов, Чингиз Айтматов, Ғафур Ғулом, Мулк Ананд Роҷ, Зулфия…) меҳмондорӣ кардааст. Ҳуҷраи туҳфаҳои устод ҳар бинандаро ба ваҷд меоварад. Ҳар як ҳадя ба устод (аз номи созмону ташкилотҳои ватанию хориҷӣ, иддае аз шахсиятҳои маъруф ва ҳаводорони эҷодиёташ) нишони возеҳи муҳаббату эътиқод ба шоири бузург аст…
Солҳои минбаъд аз рӯйи зарурат дар қисмати рости хонаи устод (дар самти ғарбии ҳавлӣ) биное иборат аз панҷ толори хурд бунёд гардид. Дар ин толорҳо ашёи зиёде вобаста ба ҳаёту эҷодиёт ва фаъолияти адабии устод Турсунзода гузошта шудаанд (китобҳои устод, ордену медалҳо ва ҳуҷҷатҳои шахсияш, намунаи дастхатҳо, аксҳо, харитаҳо…).
— Аз бойгонии устод ёдовар шудед. Он то ба кадом сатҳ омӯхтаю тавсиф бахшида шудааст?
— Воқеан, бойгонии адибон ва шахсиятҳои маъруф ҷузъи муҳимми ифодагари ҳаёт ва фаъолияти онҳост. Бойгонии устод Турсунзода хеле ҷолибу ғанӣ буда, дар як ҳуҷраи хурди хонаи устод гирд оварда шудааст ва зери назорати махсус қарор дорад. Он аз дастхатҳои зиёд, варақаю дафтарҳо, блокнотҳо (дафтарчаи ёддоштҳо, беш аз 100 адад) ва суратҳо иборат мебошад. Матни 41 мақолаи гуногуни устод дар бойгонӣ маҳфуз аст. Бойгонии устодро теъдоди зиёди номаҳои дӯстону ҳампешагон, ҳаводорону хонандагони осораш ғанитар сохтаанд.
Солҳост, ки аз ҷониби мутахассисони Институти забон ва адабиёти АМИТ ва кормандони осорхона бойгонии устод омӯхта мешавад. Солҳои наздик тибқи лоиҳаи махсус куллиёти устод ба чоп омода хоҳад шуд, тақрибан дар ҳафт ё ҳашт ҷилд. Куллиёти устодро рӯйи даст доштан орзуи дерини ҳаводорони каломи бадеъ ва доираи васеи хонандагони тоҷик аст. Шумо медонед, ки чанд кӯшиши қаблӣ дар ин самт фарҷоми шоиста наёфт. Дар омади гап, бояд як мушкилиро аз ин хусус ёдовар шавам: мо номаҳои дигаронро ба устод дар бойгонӣ дорем, вале номаҳои устод ба дигарон дастрасамон нест. Чӣ хуб мебуд, агар касоне, ки ин гуна номаро бо худ доранд ва ё медонанд, нусхаеро аз онҳо ба мо пешкаш мекарданд. Ҳамчунин, дар гирд овардани соядастҳои устод низ мо аз мадади хонандагон, кулли сокинони диёр умедворем.
Имрӯз ҳар як нуктаи алоқаманд ба ному фаъолияти устод Турсунзода дорои аҳаммияти махсус аст. Ҳоло мо беш аз 1300 мактуби ба номи устод навишташударо дар бойгонӣ дорем. Ба нақша гирифта шудааст, ки ин номаҳо дар ҷилди шашуми куллиёт ҷой дода шаванд.
— Кормандони осорхона дар омӯзиши бойгонии устод ва ҳаёту фаъолияти ӯ чӣ нақше доранд?
— Вазифаи мо – кормандони осорхона танҳо аз истиқболи бинандагону тавзеҳи ашёву таърихи манзили устод ва ҳифзи мадракҳо иборат нест. Дар радифи ин корҳои ҳамарӯза, мо ба таҳқиқу омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти шоир машғул мешавем, вохӯрию маҳфилу конфронсу ҷашнвораҳо баргузор мекунем. Ҳар сол зодрӯзи устод дар осорхона бо ташкили базми адабӣ, маҳфили шеъру суруд ва ҳамоиши илмӣ таҷлил мешавад. Мо бахшида ба паҳлуҳои фаъолияти устод дар заминаи пажуҳишҳо китобу дастурҳо ба чоп расондаем ва ин кор идома дорад. Чанде пеш китоби «Осорномаи Мирзо Турсунзода»-ро чоп кардем, ки натиҷаи заҳмати бардавоми кормандони мост. Ният дорем, ки соядастҳои китобҳои ба устод тақдимшударо (беш аз 2 ҳазор), ки бо забон (русӣ, англисӣ, ҳиндӣ, фаронсавӣ…) ва хатҳои гуногунанд (кириллӣ, арабӣ, лотинӣ чинӣ, ҳиндӣ…), бо хатти имрӯзаамон ва ба забони тоҷикӣ баргардон карда, дар шакли китобчае пешкаши хонандагон намоем. Таҳия ва чопи китоби «Таърихномаи ҳадяҳо ба устод Турсунзода»-ро низ дар назар дорем, ки ба гумонам, туҳфаи хеле аҷибу ҷолиб хоҳад буд барои ҳаводорони устод ва кулли алоқамандони адабиёти бадеӣ. Тавзеҳи таърихи баъзе ҳадяҳо на камтар аз панҷ-шаш сафҳаро фаро мегирад. Дар ин кор хонандагон, мутахассисон ва алоқамандони адабиёт низ метавонанд ба мо мадад расонанд, ҳамкорӣ кунанд.
— Таваҷҷуҳи аҳли диёр ва меҳмонони ҷумҳурӣ ба осорхонаи устод чӣ гуна аст?
— Як давраи муайян таваҷҷуҳи шаҳрвандон умуман ба тамошои осорхонаҳою мавзеъҳои таърихӣ коҳиш ёфта буд. Солҳои ахир, хушбахтона, мардум ба такмили ҷаҳони маънавии хеш бештар диққат медиҳанд. Ҳоло ҳар рӯз чанд гурӯҳ тамошобинон аз минтақаҳои гуногуни мамлакат (бештар хонандагони мактабҳо) ба осорхонаи устод меоянд ва ҳар гӯшаи онро бо шавқ тамошо мекунанд, ба саволҳои зиёди худ посух меёбанд. Аз аввали сол то имрӯз осорхонаро наздик ба чорсад нафар шаҳрванди хориҷӣ тамошо карданд.
***
Дар назди даромадгоҳи асосии ҳавлии Осорхонаи ёдгорӣ–адабии Мирзо Турсунзода лавҳи бузурги мармарие бо акси устод бунёд гардида, ки дар он, ҳамчунин, байти зер (аз шеъри машҳури «Замин») ҳаккокӣ шудааст:
То абад, бигзор, бошад шуълаафкан, шуълабор
Он чароғе, ки фурӯзон гашт дар маъвои ман.
Чароғи хонаи устод то ба имрӯз фурӯзон аст ва ҳамин гуна фурӯзону шуълаафшон хоҳад монд, «то ҳаст оламе, то ҳаст одаме».
Таҳияи Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»