Нашрияи Омӯзгор

“Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ” муайян гардид

Сана: 2020-09-03        Дида шуд: 54        Шарҳ: 0

 

Дар доираи ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии хазинаи кӯдакон (ЮНИCЕФ) бо иқдоми Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Таҷрапт” тайи ду ҳафта озмуни “Беҳтарин лоиҳаи иҷтимоӣ” байни 19 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру навоҳии пилотии вилоят - Исфара, Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов ва Деваштич баргузор шуд, ки дар он 54 лоиҳа пешниҳод гардид. Ҳайати ҳакамони озмун ба дастаи навоварони ноҳияи Ҷаббор Расулов барои лоиҳаи навсозии гармхона мақоми аввал, шогирдони навовари ноҳияи Бобоҷон Ғафуров барои пешниҳоди лоиҳаи мақсаднок истифода бурдани партовҳо ҷойи дуюм, дастаи навоварони шаҳри Исфара барои лоиҳаи омода намудани маҳлулҳои зиддисироятӣ ва муҳассилини ноҳияи Деваштич барои лоиҳаи дӯхти ниқобҳои ҳимоятӣ ҷойи сеюмро сазовор донистанд. Аз ҷониби Созмони байналмилалии хазинаи кӯдакон (ЮНИCЕФ) ба ғолибон - ҷойи якум - 1,5 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм -  1000 сомонӣ ва ҷойҳои сеюм - 500 сомонӣ ҷоизапулӣ дода шуд. Дар маросими тақдими ҷоизаҳо намояндаи раёсати маорифи вилоят иштирок намуда, роҳандозии чунин лоиҳаро иқдоми шоиста дар роҳи татбиқи Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф арзёбӣ кард.

Нуъмон Раҷабзода,

“Омӯзгор”


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш