Нашрияи Омӯзгор

Ҷаҳонро ба дониш тавон ёфтан

Сана: 2020-08-13        Дида шуд: 136        Шарҳ: 0

 

Суханҳои ҳикматомӯзи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи дониш ва маърифату худшиносӣ

Вазифаи аввалиндараҷаи наврасону ҷавонон илму дониш омӯхтан, аз худ кардани технологияҳои муосири иттилоотӣ, касбу ҳунарҳои замонавӣ, дар сатҳи аъло донистани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ мебошад.

***

Вазифаи муҳимтарини мо тарбияи шахсияти худшиносу ватандӯст, дорои  масъулияти баланди иҷтимоӣ, соҳиби донишу ҷаҳонбинии муосир ва ниҳоят, шахсияте мебошад, ки қобилияти шинохти равандҳои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро дошта бошад.

***

Ҳоло дар назди насли ҷавони кишвар масъалаҳое қарор доранд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ дарку ҳалли онҳо аз ҷавонони мо дониши амиқ, ҷаҳонбинии замонавӣ ва муҳимтар аз ҳама, ҳисси баланди миллӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва самимона дӯст доштани Ватанро талаб менамоянд.

***

Ҷавонони моро зарур аст, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлат тамоми саъю талоши хешро ба донишандӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, ободиву пешрафти сарзамини аҷдодӣ, ҳимояи Ватан, рушди илму техника ва бунёдкорӣ равона созанд.

***

Худшиносӣ ва дарёфти ҳувияти миллӣ омилҳое мебошанд, ки моро беш аз пеш ба ваҳдат ва гиромӣ доштани таъриху фарҳанги ниёгонамон ҳидоят мекунанд.

***

Маҳз омӯзгорони соҳиб-маърифату бофарҳанг ва устодони донишманду ватанпараст савияи таълиму дониши хонандагонро баланд бардошта, онҳоро ба забондонӣ, илмомӯзӣ ва худшиносиву ҷаҳоншиносӣ раҳнамоӣ карда метавонанд.

***

Ҷомеаи солим ба насли бомаърифат, донишманд, миллатдӯст, ватанпарвар, забондон, ҷасур, аз ҷиҳати сиёсӣ зираку ҳушёр, дорои ахлоқи ҳамида ниёз дорад. Маҳз инсонҳои дорои чунин хислатҳо метавонанд дастовардҳои истиқ-лолияти мамлакатро афзун ва ҳифз намоянд.

***

Дар замони ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати илму техника ин мафҳум маънои комилан нав ва бисёр фарох касб кардааст. Акнун нафаре босавод шуморида мешавад, ки на танҳо хонда ва навишта тавонад, балки маҷмӯи донишҳои муназзами замонавӣ дошта, забони давлатиро дар сатҳи аъло донад, инчунин, як ё ду забони хориҷӣ ва тарзи дурусти истифодаи технологияҳои имрӯзаро азхуд карда бошад.

***

Кормандони соҳаи маориф – омӯзгорону мураббиён, зиёиён ва умуман, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки барои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ифтихор аз Ватан ва фарҳангу тамаддуни бостонии халқамон ҳамеша саъю талош намоянд. Вазифаи ҳар як шахси солимфикру огоҳ ба хонандагон талқин намудани омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, забономӯзӣ, баҳрабардорӣ аз дастовардҳои навини технологияҳои муосир мебошанд.

***

Мақсади мо аз фароҳам овардани шароити зарурӣ ва хубу мусоиди таҳсили насли наврас, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки ҳамаи онҳо соҳиби дониши мукаммал, забондон, бархӯрдор аз дастовардҳои илму техникаи муосир гарданд ва бо омӯзиши касбу кор ва ихтисосҳои гуногун барои ободу шукуфо кардани Ватани худ омода шаванд.

***

Дар шароити имрӯза мамлакати мо барои соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба кадрҳои баланд-ихтисоси миллӣ ниёз дорад. Бо дарназардошти ин нукта, вазифаи асосии шумо-хонандагон, пеш аз ҳама, омӯзиши илму дониш, касбу ҳунар, аз худ кардани забони модарӣ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, дастовардҳои техникаву технологияҳои муосир мебошанд.


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Ҳикмат

Бисёр вақт зиндагии воқеии инсон он чизе нест, ки ӯ дар пайи ба даст оварданаш мебошад.
Оруэлл

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш