Нашрияи Омӯзгор

То сухан бар сухане зам шавад…

Сана: 2019-09-26        Дида шуд: 358        Шарҳ: 0

 (Охираш. Аввалаш дар шумораи гузашта)

 

Навиштаҳои омӯзгорон аз мактаби №42-и ноҳияи Деваштич Хурсандбой Одиназода- «Таълими салоҳиятнок», мактаби №31-и шаҳри Душанбе Р.Абдулҳақов- «Салоҳиятнокӣ ва низоми таълими фанни технология» афзалиятҳои усули нави тадрисро бозгӯйӣ мекунанд. Дар мақолаи омӯзгорони литсей барои хонандагони  болаёқати шаҳри Хуҷанд Рӯдоба Сиддиқова – «Маърифати омӯзгорро баланд бардорем», литсей-интернати Президентии шаҳри Душанбе Саодат Давлатова – «Таълими босалоҳият - омили рушди зеҳнии хонанда», мактаби №42-и ноҳияи Деваштич Х.Одиназода - «Фаъолияти равоншинос дар мактаб». мактаби №3-и шаҳри  Ваҳдат Л.Ҳакимова – «Дарс дар марҳалаи муосири инкишофи таҳсилот», мактаби №1-и шаҳри Гулистон Гулчеҳра Маъруфова – «Истифодаи техника ва технологияи муосири таълим дар раванди дарсҳои забони англисӣ», мактаби №10-и шаҳри Ваҳдат Исмоил  Ҳамроев – «Кабинети география ва нақши он дар таълим», мактаби  №50- и ноҳияи Рӯдакӣ Иброҳим Саидов – «Мактаб дар замони муосир», мактаби Президентӣ дар ноҳияи  Кӯшониён Аъзам Бобоев – «Тест ва афзалияти он дар раванди таълим», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56-и ноҳияи Сино Ҷавлон Ғаниева – «Иди элементҳои кимиёвӣ», мактаби №110 ба номи Алишер Навоии шаҳри Ваҳдат М.Қулматова «Методикаи гузаронидани корҳои лабораторӣ дар дарси физика», мактаби №88-и ноҳияи Сино Суман Алиева, - «Омӯзонидани зарбулмасалу мақолҳо дар таълими забони англисӣ», Ҷ.Қозибеков, шаҳри Хоруғ – «Ду омили рушди соҳаи маориф», мактаби №15-и ноҳияи Ёвон Хуршед Каримов - «Давлатдориҳо дар Осиёи Марказӣ», мактаби №72-и шаҳри Душанбе Муҳаррама Қобилҷонова – «Алоқамандии астрономия бо илмҳои дақиқ», мактаби №29-и шаҳри Душанбе Муборак Нуриддинова-«Мероси ниёгон дар дарсҳои риёзӣ», омӯзгор аз ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Кишваршоҳ Ниёзӣ- «Табодули таҷриба», мактаби №91-и ноҳияи Сино Парвина  Шодиева - «Нақши бозиҳои дидактикӣ дар рушди тафаккури хонандагон», мактаби №73-и ноҳияи Рӯдакӣ Шарофиддин Юсуфов, -«Усули гузаронидани имлои биноӣ», мактаби №44-и ноҳияи Сино  Шаҳноз Муҳаммадиева – «Зиндагиномаи Саъдии Шерозӣ», корманди китобхонаи вилоятии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ (Суғд) Марҳабо Турсунзода –«Нақши шуъбаи адабиёти тиббӣ дар рушди соҳаи китобдорӣ», мактаби №58-и шаҳри Ваҳдат Қурбонгул Ҳалимова – «Усули гузаронидани иншо аз рӯйи расм», мактаби №3-и ноҳияи Айнӣ Саидмоҳ Нозимова – «Табиат мекунад моро табобат», мактаби №12-и ноҳияи Мастчоҳ Шариф Ҳасанов  - «Тақвимҳо-солномаи ниёгон», ассистенти кафедраи назария ва амалияи забонҳои хориҷии Донишгоҳи  давлатии Данғара Арабзода Фирӯзҷони Ҳамрохон ва омӯзгори мактаби №3-и шаҳри Кӯлоб Моҳира Муъминова – «Ҳунар беҳтар аз ганҷи Қорун бувад», аз мактаби ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ Кишваршоҳ Ниёзӣ-«Намунаи эссе барои довталабон», мактаби Президентӣ дар шаҳри Кӯшониён Аъзам Бобоев – «Тоҷикистон – сарчашмаи оби тоза» ва ғайраи дигар самтҳои гуногуни раванди таълим, шурӯъ аз таълими салоҳиятнок то истифодаи маводи иловагии илмӣ-методӣ дар дарсҳо инъикос ёфтаанд. Як идда навиштаҳои  омӯзгоронро ситоиши дастоварду музаффариятҳои ҷумҳурӣ дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ва тавсифи корнамоиҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил медиҳад. Ба ин гурӯҳ мақолаҳои корманди мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе Салима Абдулхатова, омӯзгори мактаби №2-и ноҳияи Шоҳмансур Иқлима Гулева,  корманди китобхонаи оммавии вилояти Хатлон дар шаҳри Кулоб Саодат Абдуллоева, устоди Донишгоҳи политехникии Донишгоҳи техникии  Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд Фароғат Маҳмудова, омӯзгорони мактаби №7-и ноҳияи Варзоб Нур Содиқов, мактаби №15-и ноҳияи Айнӣ Маҳфиза Мукаррамова ҷонишини директор оид ба таълими гимназияи №53-и шаҳри Душанбе Г.Абдулмунтазирова, омӯзгори мактаби № 42-и ноҳияи Деваштич Хурсандбой Одиназода, гурӯҳи эҷодии рӯзномаи донишгоҳи «Нури маърифат»-и ДДХ ба номи Б.Ғафуров, Маратҷон Ҷабборов аз ноҳияи Деваштич дохил мешаванд. Маъмулан, бархе аз навиштаҳои омӯзгорон дар хусуси заҳмату талошҳои ҳампешагони онҳо нақл мекунад. Ҳарчанд ин мақолаҳо хусусияти тарҷумаиҳолӣ касб карда, бештар атрофи роҳи тайкардаи ину он омӯзгор иттилоъ медиҳад, бо ин ҳама сатрҳои самимӣ ва меҳрбореанд, ки хизматҳои мондагори устодони меҳнатдӯсти моро нишон медиҳанд. Устои таълимии истеҳсолӣ аз шахри Турсунзода Шодӣ Мавлонов дар бораи сарустои литсейи касбии металлургии шаҳри Турсунзода Қурбонбой Шукуров, омӯзгори мактаби №40-и шаҳри Истаравшан Ҷаҳонгир Маҳкамов перомуни фаъолияти шоистаи ҳамкорашон Муъмин Ҷумъаев,  рӯзноманигор Аъзам Бобоев, доир ба дарсҳои шавқовари муаллима Шоиста Шункиева, узви ИЖТ Қаҳрамон Сараев, дотсент, номзади илмҳои техникӣ Осими Оқил (донишгоҳ ё донишкадааш номаълум), омӯзгори мактаби №35-и шаҳри Душанбе Оқил Убайдуллоев, Сайҳомид Сафаров аз ноҳияи Муъминобод, Ҳамида Имомова, омӯзгори мактаби №19, шаҳри Хуҷан, Зуҳро Рустамова, омӯзгори ФМ ДҶТИБКСМ дар вилояти Суғд, Музамбила Тӯхтаева (вилояти Суғд) лавҳаҳои хубе иншо намудаанд. Омӯзгорону устодони эҷодкори мо бошанд, дар мавзӯъҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ шеъру ҳикоя ва мақолаҳо таълиф карда. ҳунари нигарандагии худро ба намоиш гузоштаанд, ки  лоиқи дастгирист. Мусоҳибаи рӯзноманигор Лутфишоҳи Додо бо котиби масъули шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. шоири шинохта Лаълҷӯбаи Мирзоҳасан, гузориши омӯзгорон Баҳодур Сулаймонӣ ва Аслон Сафаров аз мактаби №2-и ноҳияи Айнӣ, мақолаҳои омӯзгори мактаби Президентии шаҳри Кӯлоб Некрӯз Турсунзода бахшида ба 78-  солагии зодрӯзи шоири шаҳир, шодравон Лоиқ Шералӣ, Хурсандбой Одиназода аз мактаби №42-и ноҳияи Деваштич, магистранти бахши дуввуми Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Зиёратшоҳ Садриддинов, омӯзгор аз ноҳияи Айнӣ Ҳасан Алимзода (доир ба ҳаёт ва эҷодиёти шоир Мазмуни Зарободӣ), унвонҷӯи ПРМ ба номи А.Ҷомии АТТ Суҳроб Бобокалонов шавқовару пурмуҳтаво мебошанд. Ҳамчунин, ҳикояҳои омӯзгори собиқадор Қарахон Турсунов «Меҳмони хориҷӣ», Ҳомид Вайдулло «Моҳии обӣ», омӯзгори гимназияи Балъамии шаҳри Ваҳдат Фахриддин Назиров «Бурёкӯбон» ва чанд нафари дигар хонданӣ ва муассир буда, мазаммати хулқу афъоли ношоистаи ашхоси ҷудогонаро фаро гирифтаанд.

Дар охир ба кулли устодону омӯзгорон барои ҳамкорӣ ва таълифи маводу мақолаҳои арзишманд изҳори сипос намуда, навиштаҳои рангин ва тозаи онҳоро интизор ҳастем.

 

Шодӣ Раҷабзод,

«Омӯзгор»  


Фикрҳои хонанда

|


Иловакунии фикр

       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       
       

Шумораи охирин

Тақвим



ДшСшЧшПшҶмШбЯш