(Дар мисоли як устура, ки дар садҳо асари бадеӣ истифода шудааст)
Дар куллияи манотиқи ҷаҳон сароғози ташаккули адабиёти бадеӣ маҳз устураҳо будаанд, ки дар Шарқ бо ҳамин ном, яъне, устура (ҷамъи шикастаи арабиаш – асотир) ва дар Ғарб бо истилоҳи миф (ҷамъаш – мифология) корбурд мешавад. Устураҳоро, қабл аз ҳама, ҳамчун таҷассуми ҷаҳонбиниву сатҳи ибтидоии идроки олами ашё аз ҷониби башарият бояд фаҳмид. Яъне, нахустин зинаи тафоҳуми олами атроф ва шарҳу тафсири тағайюроти он тафаккури устураист. Сабаби дар ҳофизаи башарият садсолаҳо мондани устураҳо ҷанбаи устувори эътиқодӣ доштанашон аст, масалан, афсона агар як василаи дилхушиву баёни орзуву таманниёти инсон бошад, аммо нигоҳи инсон ба устура ин гуна нест. Дурӯғу газоф будани афсона барои инсон маълуму фаҳмост, аммо устура сазовори эҳтиром аст: мардум дар онҳо рамзи ин ё он ашё ва ё падидаву дигаргуниҳоро мебинанд.
Аксари олимони бостоншинос бар ин ақидаанд, ки устураҳо на фақат маҷмуи ривоятҳоро оид ба пайдоиши ин ё он ҳодисаи табиат ва ашё, балки расму ойин ва таҷрибаи таърихии ҳар қабилаву қавму авлодро низ дар бар гирифтаанд. Аммо аҷибаш ҳамин аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ инсонҳои қадим устураро маҳсули хаёлу фантазия нашумурда, онро аз бофтаҳои дигар фарқ мекарданд. Ҷомеаи одамони қадим олоту лавозимоти хоҷагидорие офаридаанд, ки онҳоро бидуни тафаккури мантиқӣ сохтан имкон надошт, аз ин хотир, он фикр бояд хато бошад, ки шуури қадимиён воқеияти объективиро инъикос намекард.
Ба қавли олими бостоншинос И. М. Тронский, «устурапардозӣ ҷилваи одии фантазия нест, он як зинаест дар раванди тафоҳуми дунё». Яке аз заминаҳои муҳимми устурапардозӣ ба ашёи муҳити атроф дамонидани руҳ, яъне, бахшидани сифату хосиятҳои инсонист. Ҳатто ҷирмҳои осмонӣ ва набототу ҳайвонот аз рӯйи ин пиндор, бо сабабҳои ба одам хос дар ҷунбишу ҳаракат мебошанд.
Ҳамин тариқ, устура тахайюле будааст, ки бо кумаки он афкори инсонӣ мехост зуҳуроти даҳшатбор ва номаълуми муҳити атрофро фаҳм кунад, сирри табиатро ошкор ва ба худ тобеъ намояд.
Бояд гуфт, ки тамоми адабиёти Ғарб аз адабиёти атиқа, яъне, Юнону Руми бостон сарчашма мегирад ва асоси ин адабиёт ҳамоно устураҳо будаанд. Роҷеъ ба эзадон ва қаҳрамонони асотирии юнониву румӣ аз эҷодиёти Ҳомер ва Ҳесиод, фоҷиаҳои Эсхилу Софокл ва Еврипиду Аристофан иттилооти кофӣ дастрас кардан мумкин аст. Аз қадимтарини давра то бунёди ҷомеаи аристократӣ (асри XI) устураҳои юнонӣ пайваста рушд кардаанд ва аз қарни VIII то милод ба ин тараф дар тасаввури мардум эзадони юнонӣ (олимпӣ) хусусияти антропоморфизм гирифтанд, яъне, дар симои эзадон хӯю хислат ва ҳаяҷону эҳсосоти ба инсон хос ба мушоҳида гирифта мешуд.
Яке аз машҳуртарин устурҳои юнониҳои қадим устураи Прометей аст, ки асоси эҷоди даҳҳо шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон шудааст. Худи Прометей (вожаи юнонӣ буда, маънояш дурандеш, ояндабин, эҳтиёткор, бофаросат, борикбин, басир) аз зоти худовандист. Писари азимҷусса Япет, бародари угайи Зевс (ба ривояти дигар — тағояш) дар аввал бо Зевс (эзади эзадони Олимп) дар торумор намудани азимҷуссаҳо кумак мерасонад, баъдан барои ҳифозату наҷот ва нигаҳбонии бани башар аз ҷониби Зевс дар кӯҳҳои Қафқоз занҷирбанд мегардад. Фалсафаи чунин рафтори Прометейро ба тариқи зайл метавон шарҳ дод: инсоният дорои хираду шуур ва дасту бозуи қавист, аз ин рӯ, ба фардои нек рӯ бояд овард ва занҷири ғуломиро даршикаст. Ин мазмун 2500 сол қабл дар фалсафаи Зардушт низ инъикос шудааст. Ҳанӯз дар ҳукумати Ҳахоманишиҳо ғуломиро рад мекарданд.
Ҳамин тариқ, устураи Прометей вақте ба вуҷуд омад, ки ҷомеаи ғуломдории шадид ҷойи худро ба ҷомеаи демократии навбунёд (шаҳр-давлатҳои озод) иваз мекард. Нахустмаъхазе, ки оид ба устураи Прометей маълумот медиҳад, достони шоири халқии юнонӣ Ҳесиод (охири асри VIII, ибтидои асри VII пеш аз милод) «Заҳмат ва айём» аст.
Тибқи ахбори «Заҳмат ва айём», худоҳои ҷовиди Олимп нахустқавми башарро хушбахт гардонданд ва ин давраро асри тиллоӣ меномиданд. Бани одам чӣ будани маризиву машаққат, пиронсоливу азобро намедонист, аз кулфату ғаму ташвиши рӯзгор осуда буд. Баъди ин асри нуқра омад ва умри инсонӣ кӯтоҳ шуд. Кибру ғурур ва такаббур ба одамон имкон намедод, ки ба эзадон итоат кунанд, аз ин рӯ, Зевс ин қавмро ҳам нобуд сохт. Ниҳоят қавми сеюм (асри мис) ихтироъ шуд, ки ҳайати он ба ифтихор ва ҷанг маҳбубият доштанд, ҷасуру ғайюру нотарс буданд. Кулли яроқу аслиҳаи одамон аз мис сохта мешуд, манзилҳояшон низ. Ин қавм бар асари зӯроварии зиёд ҳатто якдигарро дида натавонистанд ва дар разму набардҳои ҳамдигарӣ фано гаштанд. Баъд аз ин дар асри чаҳорум қаҳрамононе офарида шуданд, ки олиҳиммату одил буданд ва ба худоҳо пайравӣ мекарданд, аммо онҳоро низ ҷангҳои тӯлонӣ ба коми худ фурӯ бурд. Ахиран, асри панҷум, асри оҳан падид омад ва инсонҳо ба азоби доимӣ барои ризқу рӯзӣ гирифтор шуданд.
Ҳесиод иттилоъ медиҳад, ки дар асри мис бинобар мутеъ нашудан ба худоҳо ва аз беадолативу фисқу фуҷур, одамон ба тӯфони азиме дучор омаданд ва замин зери об монд. Танҳо писари Прометей — Девкалион ва ҳамсараш Пирра наҷот ёфтанд ва аз тариқи лутфу марҳамати худоҳо ба идомаи насли одамӣ муваффақ шуданд. Аз рӯйи ривояти дигар, Прометей бунёдгузори насли инсон (аз хок) ҳисоб меёфт. Ин насл хеле дағалу ваҳшитабиат буд, аз набудани оташ азоб мекашид. Прометей аз рӯйи меҳр аз макони Зевс оташ фуруд овард, ба кишту кори замин одамонро ҳидоят кард. Хидматҳои Прометей барои инсонҳо афзуншумор буданд: сохтани киштиҳо ва аз бар намудани ҳунарҳо, илму дониш, меъмориву суханварӣ ва ғайра. Хуллас, ӯ коре кард, ки одамон аз зулмат ба сӯйи рӯшноӣ, ҷониби бахту саодат раҳнамун шуданд. Ин амалҳои хайри Прометей ба Зевс мақбул нагашт ва ӯро дар кӯҳҳои Скифия занҷирбанд кард. Азобҳои ӯ рӯз то рӯз зиёд мешуданд, зеро бо фармони Зевс уқобе аз ҷигари ӯ ҳар рӯз ғизо мехӯрд.
Сарчашмаи дигаре, ки роҷеъ ба Прометей иттилои комилтар медиҳад, фоҷиаи «Прометейи занҷирбанд»-и шоири машҳури юнонӣ Эсхил (525-456 то милод) мебошад. Намоишномаи мазкур аз саҳнаи ҷазои Прометей оғоз мешавад. Бо фармони Зевс ёварони ӯ — Қудрат ва Ҳокимият Прометейро ба кунҷи олам — Скифия меоранд ва Ҳефест (эзади оҳангарӣ) ӯро дар хорокӯҳе занҷирбанд месозад. Дар танҳоӣ ӯ рӯ ба муноҷот меорад, замину замонро овози раъдосояш фаро мегирад:
– Чаро ман бояд ҳамаи ин азобу машаққатро пушти сар кунам? Барои кадом гуноҳ? Ба он хотир, ки ба одамони одӣ туҳфаи бузург додаму роҳи наҷотро нишон додам… Оҳ, бахти бад, бахти бад!
Аз нолаву шевани ӯ духтарони Океан ҳозир мешуданд ва ҳикояти аламовари қаҳрамонро мешуниданд. Прометей сабабҳои ба қаҳру ғазаб омадани Зевсро муфассал баён мекунад: ӯ ба одамон тариқи муносибат бо оташро ёд дод, роҳи наҷот аз гармову сармо, ҳисобу китоб, тарзи ром кардани ҳайвонот ва сохтани киштиҳо, усули фоида бурдан аз гиёҳҳо барои рафъи бемориҳо, истифодаи конҳои зеризаминиро нишон додааст. Ғайр аз ин, ӯ ҳангоми мулоқот бо Ио (персонажи дигари устураӣ, ки бо ҳукми Зевс ба гов табдил шудааст) ёдрас мекунад, ки сирри марги Зевсро медонад ва наҷотбахши ӯ (Прометей) аз насли одам — Ҳеракли қаҳрамон аст. Бо вуҷуди талабу дархостҳои пайдарпайи фиристодаи Зевс — Ҳермес Прометеи сарбаланд сирри марги Зевсро намегӯяд. Фоҷиа бо лаҳзаи пурдаҳшат — бархӯрди барқ ба хорокӯҳ ва ба қаъри замин фурӯ рафтани Прометей анҷом меёбад.
Ҳамин тавр, мундариҷаи асосии ин фоҷиаро зиддияти байни ҳокими золим (Зевс) ва муборизу наҷотбахши инсонҳо (Прометей) ташкил додааст. Дар мавзуи Прометей ин ягона фоҷиаи Эсхил набуда, балки ду асари дигари трилогия (сегона) бо номҳои «Прометейи озодшаванда» ва «Прометеи оташбон» низ мавҷуд буданд, ки мутаассифона, пораҳои парешони онҳо ба ёдгор мондаанд. Аз мантиқи ин навиштаҳои парешон маълум мешавад, ки бо гузашти асрҳо Прометейро аз нав ба хоросанги кӯҳ чормех зада, ҷазои нав муқаррар мекунанд. Ҳар субҳ уқоби Зевс ҷигари қаҳрамонро хуншор карда, ғизо мегирад. Азоби ҷисмонии Прометейро ҳадду канор нест, шабона захм андаке гӯшт мегирад, аммо рӯзона боз уқоб парида меояд. Азимҷуссаҳои дигар — рафиқони Прометей, ки ҳамагӣ ба Зевс мутеъ шуда буданд, гирди ӯ ҷамъ мешаванд ва нақли талху фоҷиаангези ӯро мешунаванд. Ниҳоят, Ҳеракл пайдо гашта, уқобро сарнагун сохта, Прометейро озод менамояд. Сабаби асосии озодшавии қаҳрамон дар фош намудани сирри марги Зевс аз ҷониби худи Прометей аст: оне, ки ба олиҳаи баҳр Фетида издивоҷ мекунад, мувофиқи қуръапартоии мойраҳо (ояндабинҳо) аз фарзанд камиқтидортар хоҳад буд.
Бо кушодани ҳамин сир Зевс наҷот меёбад, зеро хостори никоҳ бо Фетида буд. Бо устураи Прометей устураи дигар — Пандора узван алоқаманд аст. Баъди барои одамон оташ рабудани Прометей қаҳри Зевс бо ҷазо додани қаҳрамон паст намегардад. Бо фармони ӯ якчанд худо (Афина, Ҳефест, Афродита, Ҳермес) Пандора ном зани зебое офарида, ба замин мефиристанд. Пандора мебоист ҳамроҳ бо худ зарфе меовард, ки андаруни он кулли бадбахтиҳо ниҳон буд. Бародари Прометей — Эпиметей бо вуҷуди радду инкори боисрори Прометей бо Пандора издивоҷ мекунад. Пандораи кунҷков пинҳонӣ аз дигарон зарфи сеҳрнокро мекушояд ва боиси паҳн шудани бадбахтиҳои бешумор миёни инсонҳо мегардад. Пандора бо тарсу ҳарос дарҳол сарпӯши зарфро ба ҷояш мегузорад, аммо дохили он танҳо «умед» боқӣ мемонаду халос.
Ҳамин тариқ, бо вуҷуди маҳдудиятҳои маълуми ҷаҳонбинӣ, Эсхил бо истифода аз устураи Прометей нақши қаҳрамонеро дар адабиёт ба вуҷуд овард, ки дар ҳама давру замон наву таъсирбахш на хотирнишин аст. Фоҷиаи Эсхил зарурати мубориза ва ҷаҳду талошро бар зидди беадолативу зулму истибдод ва зери ҳимоя гирифтани инсони истисморшударо тарғиб мекунад. Чунин мубориза аз тариқи тамаддун бояд сурат гирад, тамаддун бошад, танҳо бо роҳи рушди мунтазам ба даст меояд. Прометей, агарчи ба пешакӣ тарроҳӣ шудани тақдираш қоил бошад ҳам, беҷуръатӣ ва хомӯшии инсонро дар рӯ ба рӯйи сарнавишт тарафдор нест. Ӯ ба ҷазои сахт гирифтор шуданашро донад ҳам, бо вуҷуди ин, дар роҳи саодатёр намудани бани башар бошуурона хидмат ба ҷо овард, роҳи пешрафт ва рушду нумуъро нишон дод, усули аз тариқи илму дониш ва ҳунару кор бартараф сохтани истибдоду зулм ва торикиву ҷаҳолатро пазируфт ва ба инсонҳо талқин намуд.
Руҳи озодихоҳ ва озодипарасти Прометей аз ин гуфтаҳо баръало аён аст: «Дониста бош, ки ман ҳеҷ гоҳ андӯҳ ва азоби худро ба хидмати ғуломона иваз намекунам». Дар устураи Прометей мазмунҳои амиқу доманадори иҷтимоӣ ғунҷоиш ёфтааст. Масалан, лаҳзаи мусолиҳаи Зевс ва Прометей асрорангез намояд ҳам, барои тафаккур маводи арзишманде додааст.
Албатта, дар асари бадеӣ (гирем фоҷиаи Эсхилро) Зевс тимсоли қувваҳои ҳукмрон аст ва Прометей аз табақаҳои поёнии ҷомеа намояндагӣ мекунад. Прометей оқибат сирри Зевсро ошкор мекунад ва бо ин амал ӯро наҷот ҳам медиҳад. Дар навбати худ Зевс ба Прометей тавассути Ҳеракл озодӣ мебахшад. Зевс маҷбур буд, ки Прометейро озод кунад, зеро тақдири ӯ аз тақдири қаҳрамон вобастагӣ дошт. Бад-ин минвол, Прометей ҳарчанд руҳан ғолиб омада бошад ҳам, билоқибат натавонист аз ҳокимияти Зевс сарпечӣ кунад. Яъне, дар ҳар гуна ҷомеаи башарӣ миёни ҳукуматдорону ҳукмиҷрокунандаҳо бояд як навъ иқоъ (гармония) вуҷуд дошта бошад. Ба ибораи дигар, «болоиҳо» бояд тавре ҷомеаро идора кунанд, ки қобили қабули «поёниҳо» ва «поёниҳо» тавре ахлоқу зиндагӣ дошта бошанд, ки ба мудирияти муътадили «болоиҳо» мусоидат кунад.
Кам андар кам образҳои устураие ҳастанд, ки монанди устураи Прометей дар арсагоҳи ҳунари дунё таъсиру нуфуз доранд. Устураи Прометей дар эҷоди бадеии адибони машҳури дунё Калдерону Милтон, Волтер, Гёте, Шелли, Байрон, асарҳои симфонии Лист ва Скрябин мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтааст. Максим Горкий ба ин образи ҷовидонӣ аз ҳама бештар диққат медод. Шевченко ва Огарёв бо номи «Прометей» махсус шеърҳо эҷод кардаанд, ҳатто Г. И. Серебрякова асари ба Маркс бахшидаи худро «Прометей» номгузорӣ кардааст.
Ҳафиз РАҲМОН













