Пешрафти ҷомеа ва тараққиёти илму техника ва технология аз раванди татбиқи барномаҳои давлатӣ вобастагии зич дорад. Бо мақсади таъмини иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №114 дар бораи «Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» дар шаҳри Панҷакент бо муҳаррири нашрияи «Чашмаи меҳр»-и шуъбаи маориф Бобо Солеҳзода суҳбат намудем. Мавсуф суҳбатро бо нақли хотираҳои хеш оид ба таҳсил дар мактаби деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент, ки номи Абдусалом Деҳотиро дорад ва ҳолати кабинетҳои фаннӣ дар замони Иттиҳоди Шуравӣ оғоз бахшид.
– Синфи мо дар кабинети химияю биология ҷойгир буд ва омӯзгори ин фанҳо шодравон Эсо Раҷабов роҳбарии синфамонро ба уҳда дошт. Он ҷо ҳама таҷҳизоти гуногуни химиявӣ, хӯсаи парандагону хазандагон гузошта шуда буд ва мо дарси химияро, ки муаллимамон хеле шавқовар, бо шӯхиҳои намакин баргузор мекард, бесаброна интизор мешудем. Шояд ҳамин шавқ буд, ки чанд ҳамсабақи мо пешаи духтурию агрономиро интихоб карданд ва дар ин пешаҳо муваффақ ҳам шуданд. Бале, вақте дарс бо кори амалӣ, бо нишон додани таҷрибаҳо мегузарад, ҳам шавқи хонандаҳоро бедор мекунад ва ҳам мавзуъ хуб азбар мешавад. Албатта, ин ҷо ҳунари омӯзгор ҳам муҳим аст, то тавонад дарсро бо истифода аз асбобҳо шавқовару фаҳмо баргузор намояд. Ин хосса барои фанҳои дақиқ, аз қабили физикаю химия, биологияю география хеле муҳим аст ва «Барномаи таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2021-2025» маҳз бо ҳамин мақсад қабул шудааст.
Тибқи пешбинии барномаи мазкур, давоми чор соли татбиқи он дар муассисаҳои таълимии шаҳри Панҷакент бояд 252 кабинети фаннӣ ва 3 озмоишгоҳи муҷаҳҳаз харидорӣ ва насб карда шавад. Тавре дар шуъбаи маориф шарҳ доданд, нақшаи амалигардонии барнома аз ҳашт банд иборат буда, аз оғози татбиқи он тибқи бандҳои 1ва 2-и он аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр бо харҷи беш аз 10,7 миллион сомонӣ 176 кабинети фаннӣ ва 3 озмоишгоҳ харидорӣ шуда, аз ҳисоби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ таҷҳизоти 12 кабинети фаннӣ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардидааст.
Барномаи мазкур дар самти харидории озмоишгоҳ дар соли 2024-ум 100 ва ташкили кабинетҳои фаннӣ баробари 73,4 фоиз ба иҷро расидааст. Давоми семоҳаи аввали соли равон бошад, боз 3 кабинети фаннӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илм ба мактабҳо тақдим карда шудааст. Ҳоло таҷҳизоти дастрасшуда дар кабинет ва озмоишгоҳҳо дар муассисаҳои таълимӣ насб шудааст ва хонандагон аз онҳо баҳра мебаранд. Ҳамчунин, дар ин давра, тибқи пешбинии банди 3-и нақшаи чорабиниҳои татбиқи барнома бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр барои кабинети мусиқии 25 мактаб таҷҳизот харидорӣ ва насб шудааст, ҳамчунин, бо дастгирии шахсони саховатпеша ва маорифпарвар 4 синфхонаи зинаи аввали таҳсилот бо асбобу ашёи таълимии зарурӣ муҷаҳҳаз гардидаанд.
Масъалаи муҳимми дигаре, ки дар барнома пешбинӣ шудааст, баргузор намудани озмунҳо, ҳамоишҳо, машваратҳои дастурдиҳӣ, конфорнсҳо, дастурдиҳӣ ба омӯзгорон вобаста ба тарзи истифода аз асбобу таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳо, таҳияи дастурҳои методӣ мебошад, ки дар ин самт низ дар шуъбаи маорифи шаҳр корҳои зиёде иҷро гардидааст.
Замоне омӯзгорон аз дастурраҳнамои «Аёният»-и Вазорати маориф ва илм, ки барои иҷрои барномаи зикршуда, шинос намудани омӯзгорон бо тартиби истифодаи асбобу таҷҳизоти кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳо воситаи хубе буд, васеъ истифода мебурданд. Афсӯс, ки ҳоло он ба омӯзгорон дастрас нест.
Дар раванди таълими фанҳои дақиқ, дар маҷмуъ, ҳамаи фанҳои таълимӣ истифода аз компютер, шабакаҳои иҷтимоӣ, шиносоӣ бо адабиёти нави таълимӣ ва таҷрибаҳо хеле муҳим аст. Ҳоло дар муассисаҳои таълимии шаҳр устодону толибилмон аз 2125 компютер, 114 тахтаи электронӣ, 115 проектор истифода менамоянд.
Таҳияи Нуъмон Раҷабзода,
«Омӯзгор»













