(нома)
Салом, муаллимаи азиз Замира Исматова!
Ёдам ҳаст, аз ҳамон субҳи нахустине, ки бо либоси мактабӣ ва ҷузвдони нав ба мактаб қадам гузошта, ба синфхона ворид шудам, бароям ҳама чиз нав буд: тахтаи синф, мизу курсӣ ва чеҳраҳои кӯдаконе, ки мисли ман ба атроф бо ҳайрат менигаристанд. Аммо дар миён симои шумо барои ман равшантар аз ҳама боқӣ мондааст. Шумо аввалин касе будед, ки ба ман дари ҷаҳони донишро кушодед, қаламро дуруст дар даст гирифтанро омӯхтед.
Аз ҳама бештар лаҳзаҳои аввалини навиштан дар хотирам мондаанд. Қалам дар даст ҳарфҳо гоҳе каҷ мебаромаданд, гоҳе аз хатти дафтар берун мерафтанд ва ман мехостам онҳоро ҳамон тавре нависам, ки шумо нишон медодед, вале дастам ҳанӯз ба ин кор одат накарда буд. Шумо бошед, бо меҳрубонӣ дастамро ба даст мегирифтед ва ҳаракати қаламро ҳамроҳи ман роҳнамоӣ мекардед…
Шумо на танҳо мисли омӯзгору шогирд, балки модарона муносибат менамудед.
Ёд дорам, охирин рӯзҳои дарсиро, ки дар синфи 4 таҳсил мекардем. Хайрухуши шумо бо ману ҳамсинфон ва ашки духтарони синф, ки дигар муаллимаи дӯстдоштаашонро танҳо ҳангоми танаффус дар саҳни мактаб метавонистанд бубинанд, дар хотирам нақш бастаанд.
Солҳое баъд мактаб ба як саҳифаи хотира табдил ёфт, ман калон шудам, таҳсил кардам, касб пайдо намудам ва ба кор даромадам. Ва ман мефаҳмам, ки инсон ҳар қадар калон шавад ҳам, дар ботини ӯ як кӯдаке ҳаст, ки аввалин омӯзгори худро фаромӯш намекунад.
Шогирд калон мешавад, мактабро хатм мекунад, соҳиби касбу кор мешавад, зиндагии худро месозад. Аммо барои устод ҳамон кӯдаке мемонад, ки рӯзе дар синф нишаста ҳарфҳои каҷу килеб дар дафтараш менавишт.
Имрӯз, ҳангоме ки тасмиме дар фаъолиятам гирифтан хоҳам, он боварие, ки нисбат ба ман доштед, ба ёдам меояду ба ман қувват мебахшад
Дар баробари ҳамаи ин хотираҳо, як чиз маро нороҳат мекунад. Ман ҳеҷ гоҳ ба назди шумо бо дастагуле нарафтаам. Ҳеҷ гоҳ наомадаам, ки рӯ ба рӯятон нишинам ва бигӯям: «Устод, ташаккур!». Бовар дорам, ки шумо инро ҳам мисли иштибоҳҳои навиштаҷоти аввалини дафтарам мебахшед.
Ман имрӯз мехоҳам он чизеро бигӯям, ки солҳои зиёд дар дилам маҳфуз мондааст.
Ташаккур, устод!
Исматулло АБДУЛЛОЕВ,
«Омӯзгор»













