Омӯзгор раҳнамои ҷомеа аст

Мусаллам аст, ки халқи маърифатпарвари тоҷик дар ҳама давру замон ба омӯзгор, устод ва тарбиятгар эҳтиром мегузошт, зеро илму дониш, маърифат ва касбу ҳунарро сарчашмаи зиндагии осоишта ва пойдории оилаю давлат медонисту медонад. Эҳтироми ӯ ба омӯзгор то ба ҳаддест, ки бузургони мо фармудаанд:

Ҳаққи устод аз падар беш аст
В-аз падар устод дар пеш аст.

Вуқуи ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ дар кишвар ва фаро расидани буҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ дар солҳои 90-уми асри XX, ки ба тамоми соҳаҳои ҳаёт таъсири манфии худро расонид, ба ҳаёту фаъолият, обрӯю эътибор ва мақому мартабаи омӯзгор низ бетаъсир намонд.

Вазъи иқтисодии рӯзгорони аҳли таълиму тарбия дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа хеле гарон гашт. Ин раванд гурӯҳе аз омӯзгоронро маҷбур намуд, ки барои таъмини ризқу рӯзии оилаи хеш тарки вазифа намоянд, рӯ ба бозори меҳнат биёранд ва ё муҳоҷиратро ихтиёр созанд. Вале бо ин ҳама, қисми зиёди омӯзгорон ба касбу вазифаи худ содиқ монда, аз мактабу маориф дур нашуданд…

Хушбахтона, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ маорифро соҳаи афзалиятнок эълон намуда, барои бунёди маорифи миллӣ ва пешрафти соҳа ҷаҳду талошҳои зиёдеро роҳандозӣ намуданд.

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат ҷиҳати таҷдиди назар кардани стандартҳо ва барномаҳои давлатии соҳавӣ, нақшаву барномаҳои таълимӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон, тарбияи мутахассисони ҷавон корҳои зиёдеро ба сомон расонид.

Имрӯз мо мушоҳида менамоем, ки дар дурдасттарин деҳаҳои кишвар биноҳои наву замонавии муассисаҳои таълимӣ сохта, ба истифода дода шудаанд ва бунёдкорӣ дар ин самт, дар саросари ҷумҳурӣ бомаром идома дорад. Насли нав дар чунин шароити мусоид дар фазои сулҳу оромӣ ва бо руҳияи болида таҳсил мекунад, ба камол мерасад ва сӯйи ояндаи дурахшон қадам мезанад.

Ҷомеа ҳар чи бештар рӯ ба мактабу маориф меорад, эътиқоду боварӣ нисбат ба омӯзгор меафзояд, шароити иқтисодию иҷтимоии омӯзгор рӯз ба рӯз беҳтар мегардад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон чунин таъкид намудаанд: «Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто, ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд».

Қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» нишонаи арҷгузорӣ ва эҳтироми хосса зоҳир намудан ба омӯзгор ва касби пуршарафи ӯ аз ҷониби Пешвои миллат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳамаи ин пешравиҳои соҳаи маориф ва қабул гардидани қонуни мазкур дар замони Истиқлоли давлатӣ бозгӯи таваҷҷуҳи ҳамешагии ҳукумати кишвар ба соҳа ва вазифагузории нав дар назди омӯзгорон мебошад

Ҳамин тавр, чун Ҳукумати кишвар ба омӯзгор ва касби пуршарафи ӯ арҷ мегузорад, соҳаи маорифро афзалиятнок медонад ва аз ҳама муҳиммаш, аз мо, омӯзгорон, дар таълиму тарбияи насли ҷавон ва ояндаи миллат умедҳои зиёд дорад, пас, ҷавобан ба ин ғамхорӣ моро мебояд, ки боз ҳам пурсамартар, содиқона ва навоваронаю эҷодкорона амал намоем.

Мехоҳам бо такя ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи мақоми омӯзгор» чанд мулоҳизаи худро ба омӯзгорони азиз, бахусус, ба мутахассисони ҷавон манзур созам.

Дар Паёми навбатиашон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026-ро «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намуданд. Тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ вазифаи аввалиндараҷаи аҳли маориф буда, маҳаки асосии фаъолияти рӯзмарраи моро ташкил медиҳад. Вобаста ба ин, дар зербанди 3, моддаи 6-и қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» чунин омадааст: «Таълимгирандагонро дар руҳияи ватандӯстӣ, риояи қонун, эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, падару модар, атрофиён, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ, таърихӣ ва муқаддасоти миллӣ тарбия намояд».

Агар мо, омӯзгорон, дар давоми 11 соли таҳсил дар мактаб шогирдонро дар ҳамин руҳия таълим диҳему тарбия намоем, дилпурона гуфта метавонем, ки шогирдони намунавӣ ва ҷавобгӯи хостаҳои давлату миллат ва ормонҳои волидайнро ба камол расонидаем.

Омӯзгор барои шогирдон ҳамеша намунаи ибрат буду ҳаст. Омӯзгор ҳар рӯз дар паҳлуи хонанда аст. Намуна будан барои хонанда бо сару либоси тозаю озода, одобу ахлоқи ҳамида, нигоҳи пур аз меҳру муҳаббат, малакаву маҳорат, самимият, дили софу беолоиш ва донишу заковати омӯзгор иртибот дорад.

Бо такя ба гуфтаҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – «Муаллим ақл, шарафу виҷдони ҷомеа ва симои асосии он мебошад» иброз медорем: ҳамон тавре ки мо аз ҷомеа ва давлату миллат эҳтиром, арҷгузорӣ ва мақому мартабаи баландро интизор ҳастем, Давлату Ҳукумат ва ҷомеа низ аз мо садоқат ба касби пуршарафи омӯзгорӣ ва фаъолияти шоистаю фарогирро талаб менамояд.

Фатҳиддин БАҲРИДДИНОВ,

раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи ноҳияи Айнӣ

Добавить комментарий