Тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва самараи он

Ҷаҳони муосир пайваста дар ҳоли рушду такомул қарор дорад. Технологияи иттилоотии зиёде ба вуҷуд омада, ҷомеа ҳамаҷониба рушду пешрафт менамояд. Дар баробари ин, вазъи ноором ва ба вуқӯъ пайвастани ҷангҳои зиёд дар гӯшаву канорҳои олам ҷаҳонро ба марҳалаи нав ворид намудааст. Амалҳои террористиву экстремистӣ дар ақсои олам аз ҷониби гурӯҳҳои тахрибкор ба роҳ монда шуда, онҳо ба ҳар роҳу восита мехоҳанд ҳаёти тинҷу осудаи мардумро ноором созанд ва мақсадҳои нопоки хешро амалӣ намоянд. Аз ин ҷост, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зиёди судманд амалӣ мегарданд, то наврасону ҷавонон дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ ба камол расанд. Дар ин замина, «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», «Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» қабул гардидаанд, ки дар ин аснод муҳимтарин вазифаҳо ҷиҳати тарбияи хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ ва дӯст доштани Ватан нишон дода шудаанд. Дар «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» зикр шудааст: «Тарбияи ватандӯстӣ фаъолияти мунтазами мақсадноки мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оила буда, бо ташаккул додани шуури баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, омодагии ҷавонон ба иҷрои вазифаи конститутсионии шаҳрвандон вобаста ба ҳифзи манфиатҳои Ватан равона карда шудааст».

Мусаллам аст, ки дар кишварамон хидмат дар Артиши миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳо маҳсуб ёфта, раванди тайёр намудани наврасону ҷавонон дар ин мактаби мардонагӣ дар муассисаҳои таълимӣ сурат мегирад. Бинобар ин, дар муассисаҳои таълимӣ ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда мешавад. Дар раванди таълим бояд дарк кард, ки дӯст доштани Ватан, ифтихори ватандорӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлол ва сулҳу субот аз муҳимтарин вазифаҳои ҳар шаҳрванд мебошанд. Ба ин мазмун, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ таъкид кардаанд: «Аҳли маорифро зарур аст, ки низоми таълиму тарбия ва мактабу маорифро дар заминаи сарватҳои бебаҳои маънавию ахлоқӣ, таърихиву фарҳангӣ, анъанаҳои деринаи тарбиявии халқамон ва бо дарназардошти тақозои замони муосир, ниёзҳои давлати соҳибистиқлоли демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва арзишҳои умумибашарӣ пеш баранд».
Имрӯз ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагон диққати махсус зоҳир карда мешавад. Ин омил нишон медиҳад, ки хонандагон дар баробари омӯзиш дар ҳифзи марзу буми кишвар низ омода мебошанд. Шоистаи таҳсин аст, ки ҷавонони кишвар имрӯз довталабона ба хидмати ҳарбӣ рафта, дар рӯзҳои аввали қабул ба хидмат аксари шаҳру навоҳии кишвар нақшаро иҷро намуданд. Маълум мегардад, ки сатҳи таълиму тарбия ва таваҷҷуҳ ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии хонандагон дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи баланд роҳандозӣ шудааст. Аз ин рӯ, бояд ин равандро идома бахшид ва ба хонандагон дар хусуси дӯст доштани Ватан, ҳувияти миллӣ ва омода гардидан ба хидмати ҳарбӣ машғулиятҳои тарбиявӣ ва чорабиниҳои беруназсинфӣ ташкил ва баргузор карда шаванд.
Биқурбон САМАДОВА,

директори литсейи №1-и шаҳри Бӯстон

Добавить комментарий