Кафили саодати халқ

6 ноябри соли 1994 дар таърихи кишвари азизамон ҳуҷҷати сарнавиштсоз – Конститутсия қабул гардид. Конститутсияи даврони соҳибистиқлолӣ, воқеан ҳам, ба талаботи замони нав ва ҷомеаи муосири кишвар ҷавобгӯ буда, барои рушду тараққиёти давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои он ва зиндагии осудаву озоди мардуми тоҷик нақши муҳим мебозад.

Конститутсия, ки сарчашмаи ҳама қонунҳост, рамзи асосии низоми ҳуқуқӣ ва арзишҳои демократии кишвар ба ҳисоб рафта, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро муқаррар намуда, барои рушду пешрафти давлат хизмат мекунад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи ҳифзу эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар қатори беҳтарин конститутсияҳои давлатҳои дунё қарор дорад. Ба шарофати қабули ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз, ки баёнгари иродаи халқи Тоҷикистон ва дастоварди бузургу нодир ва ифтихори миллати тоҷик мебошад, роҳи рушди давлати миллии мо муайян гардид.
Тибқи муқаррароти Конститутсия, забони тоҷикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ ҳамчун муқаддасот шинохта шуданд. Мутобиқи ин талабот коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди шаҳрвандӣ ва дигар муносибатҳои меҳнатӣ бо забони давлатӣ сурат мегиранд.
Бартарии дигари ин санад, таҳияи боби алоҳида оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон аст ва бори аввал мафҳуми инсон дар чаҳорчӯбаи қонуни асосии давлат баррасӣ ва эътироф гардид. Мутобиқи Конститутсия, ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд ва давлат ба ин кафолат медиҳад. Баҳри ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, гуногунандешӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини фазои сулҳу субот ва заминаи боэътимоди ҳуқуқиро фароҳам овардааст.
Маҳз соҳибистиқлолӣ омили асосии мушарраф гаштани миллати тоҷик ба дастовардҳои бемислу монанд маҳсуб меёбад ва қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ин дастовардҳост. Дар ин маврид, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Конститутсия маҳсули андешаи бунёдии миллии халқи Тоҷикистон мебошад, зеро маҳз бо иродаи мардуми кишвар дар вазъияти барои давлату ҷомеа ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихӣ якдилона қабул гардида, дар побарҷойии давлат ва низоми идоракунии он нақши ҳалкунанда бозид».
Дар Конститутсия баробарҳуқуқӣ ва дӯстию бародарии тамоми миллатҳо ва халқиятҳои сокини кишвар эътироф гардидааст.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рукни муҳимми давлатдорӣ, таҷассумгари тамоми арзишҳо ва суннату анъанаҳои беназири миллӣ ва умумибашарӣ буда, роҳи минбаъдаи пешрафту тараққиёти давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявии моро муайян кард. Ба ин васила, ҳамчун рӯйдоди муҳимми таърихию сиёсӣ соҳибихтиёрӣ, соҳибистиқлолӣ, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, заминаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи шаҳрвандиро устувор намуд.
Бунафша Ғаниева,

номзади илмҳои педагогӣ, дотсенти Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Добавить комментарий