Инобатхон Худоева – хонандаи синфи 9-уми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Шаҳринав буда, чор сол аст, барои ёд гирифтани нозукиҳои касби дӯзандагӣ ва такмили забондошияш дар маҳфилҳои муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Шаҳринав иштирок мекунад. Дар маҳфили ҳунаромӯзии «Дастони моҳир духтарак тарзи омода намудани либосҳои миллии занона ва дастпӯшаку ҷӯробро омӯхтаву зимни иштирок дар маҳфили «Забони русӣ» бошад, сатҳи забондониаш хуб гаштааст. Ин барояш имкон дод, то асарҳои зиёди адибони дунёро бо забони русӣ мутолиа намуда, дар номинатсияи адабиёти ҷаҳони озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ширкат варзида, то ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ ёбад. Чун И. Худоева имрӯз 850 кӯдаку наврас дар 14 маҳфили фанниву ҳунаромӯзии муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳия дар 53 гурӯҳ ҷалб шудаанд.
– Фарогирӣ бо таҳсилоти иловагӣ яке аз самтҳои муҳимми фаъолияти соҳаи маориф маҳсуб ёфта, ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон мусоидат мекунад. Муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ берун аз барномаи таълимӣ фаъолият намуда, ба хонандагон имкон медиҳанд, ки қобилияту истеъдодҳои худро дар самтҳои гуногун рушд диҳанд. Соли ҷорӣ дар муассисаи мо 380 нафар писар ва 390 нафар духтар ба маҳфилҳои инкишофи нутқ, забони англисӣ, забони русӣ, малакаҳои компютерӣ, химия, физика, биология, таърих, мусиқӣ, гулдӯзии миллӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, дастони моҳир, бокс ҷалб гардидаанд,-иброз дошт директори муассисаи таҳсилоти иловагӣ Наргис Нуриддинова.
– Бояд қайд намуд, ки дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ 10 синфхона, китобхона ва толори варзишӣ мавҷуд мебошад. Толори варзишӣ бо дастгирии президенти ассотсиатсияи байналмилалии бокс Умар Кремлёв бо маблағи 320 ҳазор сомонӣ таъмиру азнавсозӣ ва муҷаҳҳаз гардидааст,-гуфт директор ва афзуд, – алҳол мушкилии асосиамон таъмири умумӣ (капиталӣ)-и бино аст. Барои ҳалли он борҳо ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия муроҷиат намудем, ваъда доданд, ки ҳал мекунанд.
Муассиса аз соли 2015 дорои мустақилияти молиявӣ буда, маблағ барои маоши кормандон ва 5000 сомонӣ барои таъмири ҷузъии бино ҷудо мегардад. Дар ин ҷо 14 нафар омӯзгор, ки аз ин теъдод 9 нафарашон дорои маълумоти олианд, кор мекунанд.
Бонуи ҳунарманд, чевари гулдаст Тоҷинисо Ҷалилова мегӯяд, ки тӯли 46 сол аст, маҳфили дӯзандагии муассисаро роҳбарӣ менамояд. Давоми солҳои фаъолият шогирдони зиёде соҳибкасб бинмудааст.
Т. Ҷалилова иброз дошт, ки имсол дар маҳфил дар чор гурӯҳ 40 нафар шогирд дорам. Дар оғоз ба шогирдон нозукиҳои дарзи дастӣ ва баъдан кор бо мошинаи чокдӯзиро меомӯзонем. Мо дар муассиса чор мошинаи дарздӯзӣ дорем, ки дутояш аз кор баромадааст. Бинобар ин, ду мошина барои омӯзиш басанда нест, лекин кӯшиш мекунем, бо навбат ба духтарон тарзи кор бо онҳоро ёд диҳем.
Бо мақсади ҷалби бештари хонандагон ба машғулиятҳои иловагӣ, баланд бардоштани маҳорату истеъдод ва завқи онҳо ҳамасола дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ чорабиниҳои гуногун, аз қабили озмунҳои «Чевари беҳтарин», «Иди гулҳо», «Модар – ганҷинаи меҳр», «Наврӯз – мероси ниёгон», «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ», «Донояк» роҳандозӣ мегарданд. Ҳамчунин, аъзои маҳфилҳои муассиса пайваста дар озмунҳои ноҳиявию ҷумхуриявӣ иштирок карда, соҳиби диплому ҷоизаҳо мегарданд.
Меҳрангез Хушмуродова яке аз дастпарварони фаъоли маҳфили «Дастони моҳир»-и муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва хонандаи синфи 10-уми мактаби рақами 1 аст, ки меҳри ҳунар дар қалби ӯ аз хурдӣ маъво гирифта. Модар кӯрпаву кӯрпача, тагсариву дастархони қуроқ медӯхту ҷемпиру ҷӯроб мебофт ва фарзанд беихтиёр мафтуни ҳунари волояш мегашт. Оҳиста-оҳиста Меҳрангез аз модар ва устодони муассисаи таҳсилоти иловагӣ ҳунарашонро омӯхт. Имрӯз гарданбанду дастбанд, ҳамёнчаҳои муҳрагини занона, ҷӯробу дастпӯшак, куртаву тоқиҳои сохтаву бофта ва дӯхтаи ӯро анқариб дар тамоми намоишҳои ноҳиявӣ ва ҷумҳуриявӣ дидан мумкин аст.
Соли 2023 дар муассиса бо дастгирии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилоти Иттиҳоди Аврупо, ташкилоти ҷамъиятии «Ҳамсол ба ҳамсол» озмоишгоҳи инноватсионӣ ташкил шуд. Озмоишгоҳ аз рӯйи се барнома «Пешсаф», «Лаёқат», «Тик» фаъолият намуда, дар заминаи он маркази таҳсилоти иловагӣ бо 10 компютер, 2 принтер ва 1 тахтаи электронӣ таъмин гардид. Давоми ин муддат 350 нафар наврас пас аз омӯзиши кор бо компютер ва барномасозӣ соҳиби сертификат шудаанд.
Мутахассисон – кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бар он назаранд, ки вақти холии наврасонро самаранок истифода мебаранд. Машғул шудан ба омӯзиш ва фаъолияти муфид онҳоро аз таъсири манфии муҳити беруна ва рафтори номатлуб дур нигоҳ медорад. Ин омил дар тарбияи насли солим аҳаммияти калон дорад. Бо дарназардошти ҳамин нукта ва рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон, ҳамасола дар фасли тобистон дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ бо фарогирии 180 нафар дар чор гурӯҳ истироҳатгоҳи наздимуассисавӣ ташкил карда мешавад.
Шаҳноза БОБОМУРОДОВА,