Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини оғози фаъолияти роҳбариашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд. Аз ин ҷост, ки бо ташаббуси Пешвои миллат маблағгузорӣ ба соҳаи маориф сол аз сол зиёд гардида, дар соли 2026 наздики 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад. Ҳамасола зимни ироаи Паёмҳои худ Президенти кишвар соҳаи маорифро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ҳисобида, баҳри беҳбудии шароити соҳа тадбирҳои мушаххас меандешанд. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ (16.12.2025) таъкид доштанд: «Ман тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям, зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати миллату давлат аз илму маорифи пешрафта вобаста аст. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳим ва тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар барномаву консепсияҳо ва қарорҳои зиёде баҳри рушди соҳаи маорифи кишвар ба тасвиб расидаанд.
Пешвои миллат дар ҳамаи вохӯриҳояшон бо мардум таъкид медоранд, ки ба масъалаи таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд, зеро ки ояндаи давлату миллат аз насли донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Асри XXI асри илму дониш, кашфиёту ихтироот, техникаву технологияи навтарин, пешрафту тараққиёти миллату халқҳои босаводу донишманд ва навовару ихтироъкор мебошад. Бо азму талошҳои пайвастаи Пешвои миллат дар кишвар барои илму донишомӯзии насли наврасу ҷавон ва рушди ҳамаҷонибаи илму фарҳанг тамоми имкониятҳо муҳайё гардидаанд. Таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ» роҳандозӣ гардидаанд, ки дар роҳи илмомӯзӣ, аз бар кардани осори мондагори фарзандони фарзонаи миллат ва рушди илму фарҳангу санъати миллӣ мусоидат менамоянд.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 117 ҳазор ҷавони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба мактабҳои олии бонуфузи 42 кишвари ҷаҳон фиристода шуданд. Имрӯзҳо бошад, зиёда аз 42 ҳазор ҷавони тоҷик дар давлатҳои мутараққии дунё таҳсили илм доранд, ки беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.
Ҳамчунин, дар солҳои соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор духтар муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намудаанд. Аз оғози ҷорӣ гардидани Квотаи Президентӣ беш аз 12 ҳазор нафар духтар мактабҳои олиро хатм кардаанд.
Агар то соли 1991 дар кишвар ҳамагӣ 13 мактаби олӣ бо 69 ҳазор донишҷӯ фаъолият мекард, ҳоло шумораи онҳо ба 48 ва донишҷӯёни онҳо ба зиёда аз 214 ҳазор нафар расидааст.
Президенти кишвар маорифро соҳаи афзалиятнок, эътироф намуда, пайваста тадбирҳои судманд меандешанд. Мо-омӯзгоронро зарур аст, ки бо масъулияти бештар фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаи маориф саҳм гузорем ва насли шоистаро ба камол расонем.
Холбой ИМОМОВ,
омӯзгори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон