Ҳафтаи гузашта дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон — 2022» баргузор гардид. Онро муовини вазири маориф ва илми кишвар Зиёдулло Абдулзода ифтитоҳ намуд. Сипас, вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Саидзода Раҳим Ҳамро иброз дошт, моҳияти озмун аз он иборат аст, ки ҳар як довталаб то чӣ андоза маҳорату малакаи педагогӣ, сабку усулҳои навро дар ҷараёни баргузории машғулиятҳои таълимӣ, донишу фаҳмиш, ҷаҳонбинӣ ва навгониҳои методиро ҳангоми иҷрои шартҳои пешниҳодшуда муаррифӣ мекунад.
Дар озмун панҷ нафар довталаб аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Турсунзода, Бохтар, Душанбе, Хуҷанд ва ноҳияҳои Рӯшон) иштирок намуданд. Озмун иҷрои ҳафт шарт-дарси конкурсӣ аз рӯйи ихтисос, муаррифии таҷрибаи корӣ, таҳлили дарс, маҷлиси падару модарон, соати тарбиявӣ, саволу ҷавоб (10 саволи меъёрию ҳуқуқии соҳаи маориф), кор бо компютер ва тахтаи электрониро дар бар мегирифт. Довталабон нахуст ба иҷрои шарти муаррифии таҷрибаи корӣ пардохтанд.
Иштирокдори озмун, омӯзгори алгебра ва геометрияи литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумзода собиқаи кории 13-сола дошта, ба таҳқиқоти илмӣ аз методикаи таълими алгебраю геометрия машғул аст. Дар раванди баргузории дарсҳо аз адабиёту сарчашмаҳои илмӣ ҳадафмандона истифода мекунад. Дар мавзуи «Баъзе усулҳои ҳалли супоришҳои ба салоҳияти геометрии хонандагон нигаронидашуда» ва чанди дигар рисолаю мақолаҳои илмӣ-методӣ навиштааст.
Фаъолияти худро шуруъ аз соли 2018 дар масъалаи татбиқи усулҳои инноватсионӣ дар таълими фанни геометрия, дар заминаи омӯзишии маводи илмӣ-назариявӣ ба роҳ мондаву дар машғулиятҳо аз шеваи муносибати босалоҳият ба таълим васеъ истифода мекунад. Дар маҷмуъ, муаллифи 29 мақола ва дастурҳои методӣ мебошад.
Мақолаҳои илмӣ-методии довталаб дар маҷаллаи «Паёми Донишкадаи омӯзгории шаҳри Бохтар» ба табъ расидаанд. Мавсуф гуфт, дар арафаи ҳимояи рисолаи илмӣ қарор дорад.
Дастоварди шогирдонаш дар олимпиадаҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ назаррас буда, аз ҷумла, аз арифметикаи имо ва ишоравӣ дар озмунҳои «Кенгуру», «Архимед» ва дар олимпиадае, ки дар Таиланд баргузор шуд, соҳиби ҷойҳои намоён гардидаанд. Омӯзгори забон ва адабиёти тоҷики мактаб-интернати ҷумҳуриявии ноҳияи Рӯшон Гулнамо Мамадгаминова зикр намуд, ки баъди хатми Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ ба номи М. Назаршоев аз соли 1997 то соли 2012 фаъолияти педагогии худро дар МТМУ №9-и ноҳияи Рӯшон ба роҳ монда, аз соли 2012 инҷониб дар мактаб- интернати ноҳия аз фанни забон ва адабиёти тоҷик дарс мегӯяд. Ба таъкиди довталаб, вай пайваста дар курсҳои такмили ихтисос иштирок намуда, малакаву маҳорати педагогии худро такмил медиҳад.
Дар машғулиятҳояш аз усулҳои ҷолибу шавқовари таълимӣ, амсоли ба гурӯҳҳо ҷудо кардани хонандагон, методи намоиш ва ҳамгиро (дар робита бо фанни забони русӣ, дар таълими мавзуи «Таҳлили морфологии исм») усули кластер, «ангезанда» ва ғайра истифода мекунад.
Муаллифи дастури методии «Усулҳои фаъол дар таълими мавзуъҳои забон ва адабиёти тоҷик» буда, ба иншои шеъру тарона рағбати зиёд дорад. Маҷмуаҳои «Рози гул» ва «Ишқ» гувоҳи ин гуфтаҳоянд. Шогирдонаш дар маҳфили «Адибони наврас» иштирок намуда, шеъру лавҳа, таронаю ҳикояҳо эҷод мекунанд. Довталаб Ҷӯрабой Бобоҷонов, омӯзгори физикаи литсейи Донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд, зимни муаррифии фаъолияти педагогияиш изҳор намуд, ки ба таълиму тарбияи хонандагон аз соли 2014 машғул мебошад. Дар дарсҳо аз усулҳои фаъоли таълим ва васоити техникӣ ба таври судманду ҳадафнок истифода мекунад.
Довталаб лаҳзаҳои ҷолиби машғулиятҳои худро тавассути навор ба намоиш гузошт. Дар идома вай афзуд, ки барои ҳал кардани мисолу масъалаҳои физикӣ донистани формулаҳо муҳим аст. Ҳамчунин, машғулиятҳояшро ба таври амалӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ гузаронида, шогирдонро ба аз худ кардани мавзуъҳо аз наздик сафарбар менамояд. Аз ҷумла, ҳангоми таълими мавзуи «Трансформатор» чунин як дарси сайёр ташкил намуда, онҳоро ба заводи трансформаторбарорӣ роҳнамоӣ намуд, ки қисмҳои трансформаторро ба таври аёнӣ мушоҳида кардаву дар ёд гирифтаанд.
Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани дарсҳо иловатан ба маводи китоби таълимӣ, аз сомонаҳои марбут ба илми физика истифода мекунад. Минҷумла, ҳангоми гузаронидани корҳои лабораторӣ аз барномаи «Макромедия» корбурд ва усули интерактивиро самаранок роҳандозӣ менамояд. Иштироки шогирдони омӯзгор дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ лоиқи ситоиш буда, соли гузашта 6 нафар дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гардиданд. Соли таҳсили 2021-2022 дар олимпиадае, ки дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия аз физика баргузор гардид, ҷойҳои якуму дуюмро соҳиб шуданд. Ҷӯрабой Бобоҷонов муаллифи дастурҳои методии зиёде, аз қабили «Формулаҳои асосии физика» ва мақолаҳои илмӣ-назариявӣ мебошад. Довталаб Азизамоҳ Идиева, омӯзгори синфҳои ибтидоии МТМУ №98-и шаҳри Турсунзода, собиқаи кории 17-сола дошта, машғулиятҳояшро ба воситаи дискҳои аудиоӣ, тахтаи электронӣ ва ғайра шавқовару рангин мегузаронад.
Омӯзгори фанни забони англисии гимназияи ба номи Асадулло Ғуломови шаҳри Душанбе Фарангез Оддиева қайд намуд, ки барои аз худ кардани мавзуъҳои дарсӣ ва рушду такомули нутқи хонандагон аз василаҳои гуногуни таълимӣ истифода мекунад. Ба худомӯзӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии шогирдон таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, аз саволу супоришҳои тестӣ, бозиҳои дидактикӣ, диаграммаи Вен ва ғайра самаранок корбурд мекунад.
Кӯшиш мекунад, ки дар дарс хонандагон комилан ба забони англисӣ ҳарф зананд. Чорабиниҳои беруназсинфӣ, амсоли ҳафтаи фаннӣ ва маҳфили забони англисиро бо иштироки хонандагон шавқовару муассир мегузаронад. Ҳамин тариқ, иштирокдорони озмун ба иҷрои шарти сеюм-таҳлили дарс оғоз карданд.
Дар иҷрои ин шарт ҳамаи довталабон фаъолу кӯшо буданд ва дар баробари муваффақияту дастовардҳо, камбудию норасоиҳои якдигарро аз нигоҳи маҳорату таҷриба, усулу методҳои таълимӣ, истифодаи шеваҳои нави дарсӣ,муоширату муносибат бо хонандагон ва ғайра ошкоро баён намуданд. Дар хусуси шарти панҷум-баргузор намудани соати тарбиявӣ, узви ҳайати ҳакамони озмун, мудири лабораторияи илмӣ-таҳқиқотии Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммад Сафаров андешаҳояшро иброз намуда, аз ҷумла, қайд кард, ки довталабон дар иҷрои шарти зикршуда фаъол буданд, вале ба таъкиди номбурда, аз ҳама бештар машғулияти тарбиявии баргузорнамудаи довталабон Б.Ҳукумзода аз шаҳри Бохтар ва Азизамоҳ Идиева аз шаҳри Турсунзода писанду мақбули ҳакамон гардид.
Узви ҳакамон, муовини ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Абдусаттор Наҷмиддинов дар бораи машғулиятҳои таълимии довталабон андешаҳояшро ба таври зайл баён намуд:
-Машғулияти довталаб Ҷӯрабой Бобоҷонов аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз фанни физика дар синфи 8 воқеан, беҳтарин ҳисоб меёфт ва дар сатҳи баланд гузаронида шуд. Ҳар як лаҳзаи дарсро самаранок ва бо истифода аз усулҳои фаъоли таълим шавқангез мегузаронд. Ба робитаи байни фанҳо таваҷҷуҳ намуда, дар алоқамандӣ бо санаҳои таърихӣ ҳалли мисолу масъалаҳоро ба роҳ монда, бо ёфтани ҷавоби масъалаҳо (115-солагии аллома Бобоҷон Ғафуров ва солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат», инчунин, «Бистсолаи омӯзиши рушди фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ») таваҷҷуҳи хонандагонро ба аҳамияти ин санаҳо равона намуд.
Мавзуи нави дарсӣ-«Тақсимшавии заряди электрикӣ»-ро дар робита бо корҳои амалӣ хеле ҳадафмандона баён кард. Аз тахтаи электронӣ ва наворҳои кӯтоҳ оид ба баёни моҳияти мавзуъ истифода намуд. Дар раванди дарс саволу посухҳои кӯтоҳ (блитс-пурсиш)-ро бо хонандагон анҷом дод. Моделҳои гуногуни таълимӣ, аз ҷумла, муносибати босалоҳиятро ба дарс пухтаву устокорона истифода кард. Дарси довталаб Гулнамо Мамадгаминова аз ноҳияи Рӯшон дар синфи 8 аз фанни адабиёт баргузор шуд. Вай мавзуи нав-«Мероси адабии Абуалӣ ибни Сино»-ро ба хонандагон бо қироат ва таҳлилу тафсири се рубоии шоир баён намуд. Ҳарчанд машғулияти довталаб анъанавӣ буд, вай саъй бар он намуд, ки аз шаклу усулҳои гуногуни таълимӣ истифода кунад. Дарси иштирокдори озмун аз шаҳри Бохтар Бахтовар Ҳукумзода дар синфи 10 аз фанни алгебра ба таври сода ва муқаррарӣ тавзеҳ ёфт. Мавзуи дарс «Таърифи ҳосилаи функсия» ном дошт ва дар он се мисол ҳал карда шуд.
Довталаб дар бораи як формула маълумот дода, тавассути истифодаи он мисолҳоро ҳал кард. Мисолҳои дигарро бо ҳаллаш ба шогирдон дикта кард. Дар меҳвари дарс асосан худи омӯзгор қарор дошт. Фаъолияти хонандагон камранг буд. Дарси иштирокдори озмун Азизамоҳ Идиева аз шаҳри Турсунзода дар синфи 4 аз фанни математика шавқовар гузашт. Мавзуи дарс «Ҳалли муодилаҳо» ном дошт. 33 нафар хонандаи синф дар дарс фаъолу серғайрат буданд. Таваҷҷуҳу майли онҳо ба ҳалли муодилаҳо зиёд буд. Дар ҷараёни машғулият хонандагон бештар аз 12 мисолу масъаларо ҳал карданд. Иддае аз хонандагон ҳалли муодилаҳоро аз рӯйи варақҳои супоришӣ анҷом доданд. Ба хотири он ки хонандагон хаста нашаванд, аз ҷониби довталаб лаҳзаи дамгирӣ ташкил карда шуд.
Машғулияти довталаб аз шаҳри Душанбе Фарангез Оддиева дар синфи 11 аз фанни забони англисӣ дар мавзуи «Дар ҷустуҷӯи Англия» муассиру хотирмон буд. Муаллима кӯшиш кард, то хонандагон мавзуъро беҳтару хубтар аз худ кунанд. Аз тахтаи электронӣ ва навори видеоӣ барои беҳтар намудани қобилияти шунавоии хонандагон истифода намуд. Забондонӣ ва табодули андешаҳои шогирдон бо забони англисӣ дар сатҳи баланд қарор дошта, онҳо фикрашонро озодона баён мекарданд. Дар маҷмуъ, яке аз машғулиятҳои намунавӣ ҳисоб меёфт.
Яке аз дигар шартҳои озмун, саволу ҷавоб дар доираи фанҳои таълимӣ, методикаи таълим ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ба шумор мерафт. Ба ҳар як довталаб 10 савол аз рӯйи вариантҳои гуногун пешниҳод гардонда шуд.
Баҳогузорӣ дар фазои озод, ошкоро ва шаффоф сурат гирифт, ки мо шоҳиди бевоситаи он гардидем. Ва ниҳоят, шарти ҳафтуми озмун-кор бо компютер ва тахтаи электронӣ аз ҷониби довталабон баргузор карда шуд. Супориш аз мактубро ба почтаи электронӣ фиристодан, панҷ хабари муҳимро аз сомонаи Вазорати маориф ва илм дар компютер ҷой додан, пешниҳоди саволҳои тестӣ дар шакли слайдҳо ба хонандагон ва амсоли инҳоро дар бар мегирифт. Довталабон Ҷ. Бобоҷонов, Б.Ҳукумов тавассути истифодаи саҳеҳу дурусти компютер ба саволҳо ҷавобҳои дақиқ доданд, вале иштирокдорони дигари озмун-А.Идиева, Ф.Оддиева ва Г. Мамадгаминова, ҳарчанд шартҳои пешниҳодшударо тавассути компютер таҳия ва иҷро карда бошанд ҳам, вале ба почтаи электронӣ фиристода натавонистанд.
Ҳамин тавр, озмун аз ҷониби доварон дар сатҳи баланд, шаффофу одилона ҷамъбаст гардид. Маросими тантанавии супурдани мукофоту туҳфа, ифтихорномаю сипоснома ва дипломҳо дар маҷлисгоҳи Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. Муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Зиёдулло Абдулзода зикр намуд, ки озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори соли Тоҷикистон-2022 бо риояи тамоми қоидаҳои муқарраргардидаи низомнома баргузор шуд.
Вазири маориф ва илми кишвар Раҳимзода Саид Ҳамро дар вазъияти суруромезу бошукӯҳ иштирокчии озмун, омӯзгори фанни физикаи литсейи Донишкадаи политехникаи шаҳри Хуҷанд Ҷӯрабой Бобоҷоновро, ки ба соҳиб гардидан ба 196,7 хол ғолиби озмун дониста шуд, табрик намуда, ба ӯ мукофоти пулиро дар ҳаҷми 30000 сомонӣ ва туҳфаи хотиравиро тақдим намуд. Довталабони дигар бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», ифтихорномаю сипоснома ва дипломҳои Вазорати маориф ва илм, инчунин, туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд. Вазири маориф ва илми кишвар ҳамаи иштирокдорони озмунро табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгориашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»













