Дар ҷаҳони муосир рушди босуръати технологияҳои рақамӣ ва татбиқи инноватсияҳо ба яке аз омилҳои муҳимми пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ табдил ёфтааст. Рақобати шадиди ҷаҳонӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ барои кишварҳо на танҳо имкониятҳои нав эҷод мекунад, балки зарурати мутобиқшавӣ ба шароити нави ҷаҳониро низ пеш мегузорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар марҳалаи рушди босуръати иқтисодӣ қарор дорад, рушд ва ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ метавонад омили калидии тағйирот гардад. Бо дар назардошти афзалиятҳои миллӣ ва зарурати ҳамгироӣ бо ҷаҳони муосир, омӯзиши имкониятҳо ва роҳҳои татбиқи самараноки ин равандҳо аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Рақамикунонии таҳсилот дар Тоҷикистон на танҳо ба ҳар як шахс ё донишҷӯ имкон медиҳад, ки дар муҳити рақамӣ ва бо истифода аз технологияҳои муосир таҳсил кунад, балки барои баҳо додан ба сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш, малакаву маҳорат ба ҳалли мушкилоти анъанавии соҳаи маориф низ имконият фароҳам меорад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (28 декабри соли 2024) таъкид намуданд, ки барои вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» эълон карда шаванд.
Дар асри XXI инсоният ба марҳалаи нави рушд ворид шудааст, ки онро метавон замони илм, техника ва рақамикунонӣ номид. Ин давра бо суръати бесобиқаи тағйирот дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, аз ҷумла, илм, маориф, иқтисод ва фарҳанг тавсиф мешавад. Дар ин замина, таҳқиқ ва омӯзиши илм ва технологияи рақамӣ аҳаммияти вижа пайдо мекунад. Мафҳуми рақамикунонии таҳсилот маънои истифодаи барномаҳои гуногун, замимаҳо ва дигар захираҳои рақамиро барои омӯзиши электронӣ, ҳам ба таври фосилавӣ ва ҳам ҳузурӣ дар муассисаҳои таълимӣ тавассути барномаҳо дар компютер, планшет, телефон ё таҷҳизоти электронӣ дар назар дорад.
Рақамикунонии соҳаи маориф яке аз равандҳои муҳимми замони муосир мебошад, ки бо суръати баланд дар тамоми ҷаҳон рушд мекунад. Ин раванд на танҳо ба такмили сифати таҳсилот мусоидат менамояд, балки имкон медиҳад, омӯзиш ба талаботи асри иттилоотӣ мутобиқ гардад.
Рақамикунонӣ дар таҳсилот на танҳо ба ҳифзи мероси илмӣ ва таълимӣ мусоидат мекунад, балки имкон фароҳам меорад, ки омӯзгорон ва донишҷӯён бо захираҳои таълимӣ, бо усулҳои нав ва самаранок кор кунанд. Китобхонаҳои электронӣ ҳамчун платформаҳои рақамӣ, дастрасии зуд ва осонро ба маводи таълимӣ, аз ҷумла, китобҳо, мақолаҳо, рисолаҳо ва дигар захираҳои омӯзишӣ таъмин менамоянд.
Бо истифода аз барномаҳои таълимии рақамӣ, китобҳои электронӣ, видеороликҳо, аниматсияҳо ва дигар воситаҳои визуалӣ донишҷӯён метавонанд маводи таълимиро азхуд намуда, ҳангоми таҷрибаомӯзӣ ва баъди хатми донишгоҳ дар фаъолияти касбӣ истифода баранд. Аз ин рӯ, рақамикунонии таҳсилот на танҳо як талаботи замон аст, балки имконияти бузург барои таҳсил ва таҳаввулоти иҷтимоии ҷомеа низ ба шумор меравад.
Қ. ШАРИПОВ,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,
номзади илми педагогӣ,
Т. ҚАЮМОВА,
омӯзгори МТМУ №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ













