Омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим аст

Ман омӯзгорам, омӯзгори забони англисӣ. Солҳои тӯлонӣ мешавад, ки дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат фаъолият дорам.

Касби худро дӯст медорам ва аз ин пешаи интихобкардаам ифтихор дорам. Вақте ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон дар васфи омӯзгор сухан мегӯянд, ба пешаи интихобкардаам, ифтихори бештар менамоям.
Сарвари кишвар доимо ба ҷавонон такя намуда, онҳоро неруи пешбарандаи ҷомеа номида, ояндаи Ватани азизамон – Тоҷикистонро дар зеҳну маҳорату малакаи онҳо дидан мехоҳанд.
Омӯзиши забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин, кӯшиш менамоям, ки дарсҳоямро бо истифодаи аёнияти воситаҳои техникӣ, китобҳо, саволномаҳо шавқовару диққатҷалбкунанда роҳандозӣ кунам, то шогирдонам забондону донишманд шаванд.
36 сол боз аз забони англисӣ дарс медиҳам. Вақте шогирди ман бо забони хориҷӣ сухан мекунад, сари ман ба осмон мерасад ва беҳуда нагуфтаанд. «Забон донӣ – ҷаҳон донӣ».
Дар замони муосир омӯзиши забонҳои хориҷӣ аҳаммияти бештар пайдо кардаанд, зеро дар ҷаҳони имрӯза мутахассисоне муваффақу комёб мегарданд, ки бо забонҳои хориҷӣ корро ташкил карда тавонанд. Бо ин мазмун, дар кишвар «Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» қабул шудааст.
Зарур аст, ки омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад, то наврасону ҷавонон забонҳои хориҷиро ба таври фарогир аз худ кунанд.
Саодат ҲАЛИМОВА,

омӯзгори забони англисии Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат

Добавить комментарий