Терроризм ва экстремизм аз таҳдидҳое мебошанд, ки амнияти инсон, суботи ҷомеа ва рушди давлатҳоро зери хатар мегузоранд. Таъсири онҳо бо талафоти ҷонӣ ё зарари моддӣ маҳдуд намешавад. Густариши тарсу нобоварӣ, тафриқаи иҷтимоӣ, осеб дидани муносибатҳои байни одамон ва халалдор шудани фаъолияти муассисаҳои ҷамъиятӣ низ аз пайомадҳои ин зуҳуротанд. Аз ин рӯ, муқовимати муассир бояд ҳам пешгирии хушунат ва ҳам бартараф намудани омилҳои мусоидаткунанда ба ҷалби одамон ба гурӯҳҳои ифротиро фаро гирад. Дар Паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм дар пайванд бо волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, рушди иҷтимоӣ, тарбияи ҷавонон ва ҳамкории байналмилалӣ баррасӣ мешавад. Баррасии нуктаҳои Паёмҳои солҳои 2001-2025 нишон медиҳад, ки ин масъала дар сиёсати давлатӣ ҷойгоҳи устувор дошта, бо дигаргун шудани таҳдидҳо самтҳои муқовимат низ густариш ёфтаанд. Ҳифзи амният ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иштироки фаъоли аҳли ҷомеаро тақозо мекунад.
Барои Тоҷикистон арзиши сулҳу субот бо таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ робитаи амиқ дорад. Ин таҷриба нишон дод, ки заиф шудани ниҳодҳои давлатӣ, густариши хушунат ва аз байн рафтани муколама ба зиндагии мардум чӣ гуна зарба мезананд. Сабақи муҳимми он давра ин аст, ки таҳкими давлатдорӣ бояд бо эҳёи эътимоди ҷомеа, барқарорсозии робитаҳои иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити зиндагии осоишта ҳамроҳ бошад. Аз нуктаҳои Паёмҳо се самти ба ҳам алоқаманди таҷрибаи кишвар бармеояд: ташаккули заминаи ҳуқуқию барномавӣ, тақвияти сохторҳои масъули амният ва рушди ҳамкории байналмилалӣ. Самаранокии ин тадбирҳо ба ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо муассисаҳои таълимӣ, оила ва дигар ниҳодҳои ҷомеа низ вобаста аст. Муқовимат ба терроризму экстремизм масъулияти муштарак буда, саҳмгузории ҳар як шаҳрвандро талаб мекунад.
Дар Паёми Пешвои миллат (30 апрели соли 2001) мубориза бо терроризму экстремизм дар радифи муқовимат ба ҷинояткории муташаккил ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамчун ҷузъи таҳкими қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ матраҳ гардидааст. Дар он ба барномаҳои давлатӣ, аз ҷумла, барномаи пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм барои солҳои 2000-2003 таваҷҷуҳ зоҳир шудааст. Ин нукта нишон медиҳад, ки масъалаи мазкур ҳанӯз дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштааст. Дар марҳалаҳои минбаъда заминаи ҳуқуқию барномавии муқовимат такмил ёфт. Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва «Стратегияи пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» аз ҷумлаи санадҳои марбут ба ин самт мебошанд. Чунин санадҳо барои муайян намудани вазифаҳо, ҳамоҳангсозии фаъолияти ниҳодҳои масъул ва ба роҳ мондани тадбирҳои пешгирикунанда замина фароҳам меоранд.
Дар Паёми Пешвои миллат (23 январи соли 2015), аз ҷумла, таъкид гардид, ки «… терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст». Ин нукта зарурати муқовимати муштараки ҷомеаи ҷаҳониро ба терроризм равшан месозад. Пешвои миллат ҳам дар суханрониҳои байналмилалӣ ва ҳам дар Паёмҳои худ ба ин масъала таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоянд. Дар Паём ба Маҷлиси Олӣ (26 декабри соли 2018) вазифаҳо вобаста ба пешгирии терроризму экстремизм мушаххастар муайян шудаанд. Ҷилавгирӣ аз шомилшавии шаҳрвандон ба созмонҳои террористиву экстремистӣ, ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда ва таҳияи лоиҳаи қонун оид ба муқовимат ба экстремизм аз ҷумлаи масъалаҳои мазкур мебошанд. Ин нуктаҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари ошкор намудани ҷиноят, пешгирии ҷалбшавӣ ва кор бо шахсони осебпазир низ аҳаммияти ҷиддӣ доранд. Дар ин раванд, баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифати ҳуқуқӣ ва ҷаҳонбинии наврасону ҷавонон метавонад устувории онҳоро дар баробари таблиғоти гурӯҳҳои ифротӣ тақвият бахшад.
Имрӯз гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ барои паҳн намудани таблиғот ва ҷалби одамон аз технологияҳои навин низ истифода мекунанд. Дастрасии васеъ ба интернет, дар баробари фароҳам овардани имконоти омӯзишу муошират, барои паҳншавии муҳтавои фиребанда низ шароит муҳайё месозад. Аз ин рӯ, ташаккули фарҳанги истифодаи платформаҳои рақамӣ ва баланд бардоштани саводи расонаӣ бояд ҷузъи кори пешгирикунанда бошад. Дар ин самт ҳамкории оила, муассисаҳои таълимӣ, воситаҳои ахбори омма ва мақомоти масъул зарур аст. Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ (26 январи соли 2021) низ масъалаи истифодаи самараноки шабакаҳои интернетӣ, аз ҷумла, аз ҷониби наврасону ҷавонон матраҳ гардидааст. Мазмуни амалии ин вазифа аз он иборат аст, ки имконоти интернет барои донишомӯзӣ, рушди малакаҳо ва дастрасӣ ба иттилооти боэътимод истифода шаванд.
Дар Паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат масъалаи мубориза бо терроризму экстремизм ҳамчун яке аз самтҳои муҳимми таъмини амният пайгирӣ мешавад. Дар Паёмҳои (солҳои 2023, 2024 ва 2025) масъалаҳои амният бо омодагии касбӣ, таъминоти хидматчиёни ҳарбӣ, интизом ва волоияти қонун, ҳамкории байналмилалӣ ва «Раванди Душанбе» ҷойгоҳи муҳим дошта, мубориза бо терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ аз вазифаҳои асосии сохторҳои масъул арзёбӣ мешавад. Ин пайдарҳамӣ нишон медиҳад, ки муқовимат ба таҳдидҳои мазкур ҳам ҷанбаи дохилӣ ва ҳам ҷанбаи минтақавию байналмилалӣ дорад. Бинобар ин, таҳкими иқтидори ниҳодҳои миллӣ бояд бо мубодилаи таҷриба ва ҳамкории байналмилалӣ ҳамоҳанг бошад.
Тоҷикистон дар пешбурди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба терроризму экстремизм низ саҳм мегузорад. Бо ташаббуси Пешвои миллат дар шаҳри Душанбе ҳамоишҳои байналмилалӣ доир гардида, таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати ҳамоҳангсозии талошҳо дар ин самт ҷалб шудааст. Густариши фаъолияти гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, идомаи низоъҳо ва афзоиши мусаллаҳшавӣ зарурати чунин ҳамкориро бештар мегардонанд. Дар ин шароит, ташаббусҳои сулҳҷӯёнаи Тоҷикистон, аз ҷумла, «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036», ба ҳифзи сулҳ ва масъулиятшиносӣ дар баробари наслҳои оянда равона шудаанд. Пешвои миллат таъкид кардаанд: «Тоҷикистон дар оянда низ дар ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи байналмилалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, ифротгароӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ, ҳамчунин, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва рафъи оқибатҳои он саҳми босазо хоҳад дошт». Аз ин андеша бармеояд, ки таъмини амният аз ҳалли дигар масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ ҷудо нест ва иштироки фаъол дар ҳамкории байналмилалиро тақозо мекунад.
Дар баробари тадбирҳои ҳуқуқию амниятӣ, таълиму тарбия ва донишандӯзии наврасону ҷавонон дар пешгирии амалҳои ифротгароёна ҷойгоҳи муҳим доранд. Дар муассисаи таълимӣ насли наврас донишу ҷаҳонбинии худро такмил медиҳад, муносибат бо дигаронро меомӯзад ва барои дарки воқеаҳои ҷомеа замина пайдо мекунад. Аз ин рӯ, дарсҳо бояд ба ташаккули малакаҳое мусоидат намоянд, ки хонандагонро дар баробари таъсири таблиғоти ифротӣ устувор месозанд. Тафаккури интиқодӣ, санҷидани далелҳо, шунидани андешаҳои гуногун ва ҳалли баҳсҳо бе таҳқиру зӯроварӣ аз ҷумлаи чунин малакаҳоянд. Хонанда бояд тавонад муайян кунад, ки иттилоотро кӣ, бо кадом мақсад ва бо такя ба кадом далелу сарчашма нашр кардааст. Қобилияти саволгузорӣ ва муқоисаи манбаъҳо барои шинохтани фиреб ва қабули қарори огоҳона аҳаммияти амалӣ дорад.
Рисолати омӯзгор дар ин самт бо баргузории дарсҳои тарбиявӣ маҳдуд намешавад. Фароҳам овардани муҳити солими синф, эҳтироми шаъну шарафи хонанда ва пешгирии таҳқиру канорагузорӣ ба ташаккули эътимод ва эҳсоси мансубият ба ҷомеа мусоидат мекунанд. Наврас ё ҷавоне, ки мушкили худро бе тарс ба омӯзгор ё равоншинос гуфта метавонад, барои дарёфти кумаки саривақтӣ имкони бештар дорад. Омӯзгор бояд дар баробари таълиму тарбия, аз рӯйдодҳои муҳимми ҷаҳон огоҳ бошад ва масъалаҳои замонро ба хонандагон бо забони фаҳмо, бо такя ба далелҳои санҷидашуда ва бо дарназардошти синну соли онҳо шарҳ диҳад. Ҳамзамон, омӯзиши фарҳанги истифодаи платформаҳои рақамӣ, ҳифзи маълумоти шахсӣ ва шинохтани иттилооти носаҳеҳ бояд дар фаъолияти таълимӣ ҷойгоҳи муносиб дошта бошад. Ҳамкории омӯзгор бо оила ва мутахассисони дахлдор метавонад ин корро самаранок гардонад.
Аз таҳлили Паёмҳои Пешвои миллат бармеояд, ки мубориза бо терроризму экстремизм бояд ҳамоҳанг, пайваста ва ҳадафманд ба роҳ монда шавад. Дар маҳалҳо зарур аст, ки мактаб, оила, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти масъул роҳҳои мушаххаси ҳамкорӣ дошта бошанд. Таваҷҷуҳ ба мушкилоти ҷавонон, дастгирии шахсони осебпазир ва фароҳам овардани имконоти омӯзишу фаъолияти созанда метавонад таъсири омилҳои ҷалбкунанда ба гурӯҳҳои ифротиро аз байн барад. Паёмҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дарки пайванди амният, қонуният, рушди иҷтимоӣ ва ҳамкории байналмилалӣ замина фароҳам меоранд, ки татбиқи ин самтҳо дар фаъолияти ҳамарӯза ифода мегардад. Тарбияи насли соҳибмаърифат ва масъулиятшинос, дар баробари фаъолияти муассири ниҳодҳои давлатӣ, устувории ҷомеаро дар муқобили таблиғу хушунати ифротӣ таҳким мебахшад.
Дарвоқеъ, ҳифзи сулҳу субот ва фароҳам овардани шароити рушди минбаъдаи кишвар масъулияти ҳар яки мост. Арҷ гузоштан ба зиндагии осоишта бояд дар рафтори шаҳрвандӣ, эҳтироми қонун, таҳаммулпазирӣ ва муносибати масъулона ба ояндаи Ватан зоҳир гардад. Аз худ кардани донишҳои замонавӣ, истифодаи самараноки технологияҳои навин ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ба насли ҷавон имкон медиҳад, ки дар ободию пешрафт ва шукуфои бештари Тоҷикистон саҳми муносиб гузорад.
Насриддин ОХУНЗОДА,