Роҳҳои интиқоли илми тоҷикон ба Аврупо

Дар таърихи тамаддун дониш ҳеҷ гоҳ дар доираи як миллат, як забон ё як давлат маҳдуд намондааст. Андешае, ки дар Бухоро ба вуҷуд омадааст, метавонист дар Бағдод ба забони илмӣ дарояд, дар Толедо ба лотинӣ тарҷума шавад ва баъд дар донишгоҳҳои Париж, Болония ё Оксфорд мавриди омӯзиш қарор гирад.

Яке аз нахустин роҳҳои бузурги расидани дониши Осиёи Марказӣ ба Аврупо тавассути забони арабӣ боз шуд. Дар асрҳои VIII-X дар Бағдод ва дигар марказҳои илмии хилофат асарҳои юнонӣ, ҳиндӣ, сурёнӣ ва паҳлавӣ тарҷума, шарҳ ва аз нав коркард мешуданд. Аммо олимони Шарқ танҳо мероси пешинаро ҳифз накарданд, онҳо масъалаҳои нав гузоштанд, усулҳои ҳисобро такмил доданд ва донишро ба низоми мукаммал табдил доданд. Маҳз ҳамин осори такмилёфта баъдтар ба Аврупо роҳ ёфт.

Намунаи равшани ин раванд Муҳаммад ибни Мусои Хоразмӣ аст. Номи ӯ дар шакли лотинии «Algoritmi» ба истилоҳи «алгоритм» табдил ёфт, номи асараш «Ал-китоб ал-мухтасар фӣ ҳисоб ал-ҷабр ва-л-муқобала» бошад, барои пайдоиши вожаи «алгебра» асос гузошт. Осори Хоразмӣ аслан ба забони арабӣ таълиф шуда, тарҷумаи онҳо ба забонҳои аврупоӣ аз ибтидои асри XII оғоз гардид.

Яке аз аввалин асарҳои ӯ, ки ба муҳити илмии Аврупо ворид шуд, ҷадвалҳои астрономии «Зиҷи Синдҳинд» буд. Ин асар пас аз боз­нигарии Масламаи Маҷритӣ дар Андалус, тақрибан соли 1126 аз арабӣ ба забони лотинӣ тарҷума гардид. Ин ҷадвалҳо аз нахус­тин ҷадвалҳои астрономии анъанаи шарқӣ буданд, ки дастраси донишмандони Аврупои лотинизабон гардиданд.

Соли 1145 риёзидон ва тарҷумони англис Роберти Честерӣ дар Испания асари машҳури «Ал-ҷабр ва-л-муқобала»-ро бори аввал ба забони лотинӣ тарҷума кард. Ин тарҷума бо номи «Liber algebrae et almucabala» паҳн гардид. Дар нимаи дуюми асри XII Герарди Кремонӣ низ тарҷумаи дигари лотинии ҳамин асарро анҷом дод. Бо ҳамин роҳ мафҳумҳо, усулҳои ҳалли муодилаҳои хаттӣ ва квадратӣ ва истилоҳоти алгебраи Хоразмӣ ба муҳити таълимии Аврупо ворид шуд.

Асари дигари Хоразмӣ дар бораи ҳисоби ҳиндӣ, ки матни аслии арабии он то замони мо нарасидааст, дар миёнаҳои асри XII ба лотинӣ тарҷума шуд. Ин матн бо ҷумлаи «Dixit Algorizmi», яъне, «Хоразмӣ гуфт», оғоз мегардид ва бо номҳои «Algoritmi de numero Indorum» ё «Хоразмӣ дар бораи ададҳои ҳиндӣ» низ машҳур шуд.

Роҳи дигари интиқоли илм ба номи Аҳмади Фарғонӣ пайванд дорад. Асари машҳури ӯ «Китоб­у-л­ҳаракат-ис-самовия ва ҷавомеъ-и илм-ин-нуҷум» («Китоби ҳаракати ҷирмҳои осмонӣ ва маҷмуи илми ситораҳо»), ки дар Аврупо бештар бо номи «Унсурҳои астрономия» шинохта мешуд, шарҳи сода, мураттаб ва фаҳмои асосҳои астрономияи Батламиюс буд.

Ин китоб дар асри XII ду маротиба ба лотинӣ тарҷума гардид. Тарҷумаи аввалро соли 1135 донишманд ва тарҷумони испанӣ Иоанни Севилӣ, ки дар сарчашмаҳои лотинӣ Johannes Hispalensis ё John of Seville номида мешавад, анҷом дод. Ин тарҷума бо номи «Differentiae scientiae astrorum» дар муҳити илмии Аврупо паҳн шуд. Тарҷумаи дуюмро Герарди Кремонӣ дар шаҳри Толедо то соли 1175 омода кард. Нусхаи ӯ бо номи «Liber de aggregationibus scientiae stellarum» машҳур гардида, дар шакли дастнавис дар марказҳои илмӣ ва таълимии Аврупо васеъ истифода мешуд.

Номи Фарғонӣ дар шакли лотинии «Алфраганус» дар Аврупо машҳур гардид.

Дар асрҳои XI-XIII шаҳрҳои Испания, махсусан, Толедо ба нуқтаи муҳимми бархӯрди забонҳо ва фарҳангҳо табдил ёфтанд. Дар бис­ёр маврид як нафар матни арабиро ба забони маҳаллӣ баён мекард ва нафари дигар онро ба лотинӣ менавишт. Бо ин роҳ осори риёзӣ, нуҷум, тиб, фалсафа ва табиатшиносии донишмандони Шарқ вориди ҷаҳони донишгоҳии Аврупо гардид. Герарди Кремонӣ, Доминики Гундиссалинус, Иоанни Севилӣ ва дигар тарҷумонҳо дар ҳамин муҳит даҳҳо асари илмиро аз арабӣ ба лотинӣ баргардонданд.

Аз муҳимтарин осоре, ки тавассути ин муҳит паҳн гардид, «Ал-Қонун фӣ-т-тиб»-и Абуалӣ ибни Сино буд. Ин асар дар нимаи дуюми асри XII аз ҷониби Герарди Кремонӣ аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума шуда, дар Аврупо бо номи «Canon medicinae» шинохта шуд. «Ал-Қонун» маҷмуаи мукаммали дониш дар бораи сохтори бадан, бемориҳо, ташхис, дорушиносӣ, беҳдошти саломатӣ ва усулҳои табобат буд. Нусхаҳои дастнавис ва баъдан нашрҳои чопии он дар Салерно, Монпелйе, Болоня, Париж ва дигар марказҳои таълими тиб истифода мешуданд.

Пеш аз ӯ Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ, ки дар китобҳои лотинӣ бо номҳои Rhazes ё Rasis машҳур гардид, асарҳои муҳимми тиббӣ таълиф карда буд. Китоби «Ал-Мансурӣ фи-т-тиб»-и ӯ дар нимаи дуюми асри XII аз ҷониби Герарди Кремонӣ дар Толедо ба лотинӣ тарҷума шуда, бо номи «Liber ad Almansorem» паҳн гардид.

Асари бузурги дигари Розӣ «Ал-Ҳовӣ фӣ-т-тиб» ё «Китоби фарогири тиб» маҷмуаи густурдаи мушоҳидаҳои тиббӣ, маълумоти дорушиносӣ ва андешаҳои интиқодии ӯ нисбат ба осори табибони пешин буд. Ин китоб соли 1279 аз ҷониби табиб ва тарҷумони яҳудӣ Фараҷ ибни Солим, ки дар матнҳои лотинӣ Farraguth номида шудааст, ба лотинӣ тарҷума гардид.

Дар ташаккули тибби донишгоҳии Аврупо асари табиби дигар Алӣ ибни Аббос Маҷусии Аҳвозӣ низ нақши бузург дошт. Китоби ӯ «Комилу-с-синоати-т-тиббия», ки бо номи «Ал-Малакӣ» низ машҳур аст, аз ду қисми асосӣ: тибби назариявӣ ва тибби амалӣ иборат буд. Константини Африқоӣ онро дар асри XI, пеш аз соли 1086, ба лотинӣ тарҷума ва ё бознигарӣ карда, «Pantegni» номид. Ин матн ба яке аз аввалин донишномаҳои мукаммали тиббӣ ба забони лотинӣ табдил ёфт.

Осори Абунасри Форобӣ бошад, бештар ба ташаккули фалсафа, мантиқ ва низоми илмҳо таъсир расонд. Китоби «Иҳсоъу-л-улум» – «Шумориши илмҳо»-и ӯ дар асри XII ба лотинӣ ду бор тарҷума шуд: як тарҷумаи мухтасарро Доминики Гундиссалин ва тарҷумаи пурратарро Герарди Кремонӣ анҷом доданд. Асар дар Аврупо бо номи «De scientiis» маъруф гардид. Форобӣ дар он илм­ҳоро ба соҳаҳои забон, мантиқ, риёзиёт, табиатшиносӣ, илоҳиёт ва улуми маданӣ ҷудо карда буд.

Роҳи дигари интиқоли илм ба осори Абумаъшари Балхӣ, ки дар Аврупо бо номи «Albumasar» шинохта мешуд, вобаста аст. Асари ӯ «Ал-мадхал-ул-кабир» соли 1133 аз ҷониби Иоанни Севилӣ ва соли 1140 аз ҷониби Ҳермани Каринтиягӣ ба лотинӣ тарҷума гардид.

Дар охири асри XIII Хиониад ба Табрез рафта, дар назди Шамсуддини Бухорӣ астрономия ва риёзиёт омӯхт. Табрез он замон бо анъанаи илмии расадхонаи Мароға робитаи қавӣ дошт. Хиониад дар он ҷо бо зиҷҳо, ҷадвалҳои ҳаракати Офтобу Моҳ ва сайёраҳо, усулҳои ҳисоб кардани гирифтҳо ва тарзи истифодаи асбобҳои астрономӣ шинос гардид.

Баъди бозгашт ӯ қисми донишҳои омӯхтаашро ба забони юнонӣ интиқол дод. Ба фаъолияти ӯ тарҷума ё мутобиқсозии баъзе ҷадвалҳои астрономии анъанаи Мароға, аз ҷумла, маводи вобаста ба «Зиҷи Илхонӣ», «Зиҷи Санҷарӣ» ва осори Шамсуддини Бухорӣ нисбат дода мешавад. Бо ҳамин роҳ донишҳои дар матнҳои арабӣ ва форсӣ мавҷудбуда ба муҳити илмии Византия ворид шуданд.

Дар асри XV расадхонаи Самарқанд ва мактаби илмии Мирзо Улуғбек ба яке аз марказҳои пешрафтаи астрономия ва риёзии ҷаҳон табдил ёфт. Бо иштироки Ғиёсуддин Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ, Алии Қӯшчӣ ва дигар донишмандон «Зиҷи Султонӣ» ё «Зиҷи ҷадиди Курагонӣ» таҳия гардид. Дар он ҷадвалҳои дақиқи астрономӣ ва феҳристи 1018 ситора ҷой гирифта буд.

Баъди аз фаъолият бозмондани расадхона мероси Самарқанд нобуд нашуд. Алии Қӯшчӣ аз Самарқанд ба Ҳирот, Табрез ва сипас ба Истамбул рафт. Дар пойтахти Усмонӣ ӯ дар мадрасаҳо дарс гуфт, асар навишт ва шогирдони зиёдеро тарбия кард.

Нусхаҳои «Зиҷи Султонӣ» дар китобхонаҳои аврупоӣ нигоҳ дошта мешаванд, аз ҷумла, нусхаи форсии асри XV таҳти рамзи Persan 172 дар Китобхонаи миллии Фаронса мавҷуд аст.

Лутфинисо ҲОҶИЕВА,

омӯзгори МТМУ №8-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров,

Ризои БАҲРОМЗОД,

корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Добавить комментарий