Суннату оинҳо нигаҳдоранда ва муҳофизу пайвандгари мо бо пешинаву гузаштаи таърихӣ мебошанд. Дар ин миён Наврӯз ва маросимоти наврӯзӣ таърихи қадима доранд ва моро бо гузаштаву собиқаи таърихӣ, суннатӣ, оинӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва фарҳангӣ пайванд медиҳад.
Якум. Ба назари донишмандон, аз ҷумла, ҷомеашинос Алии Шариатӣ, ҷашну идҳои мутааддиде дорем, ки моро аз берун ба толорҳо, ҳуҷраҳои бузург ва фазои дохилӣ мекашанд ва дар маҳдудаҳо нигоҳ медоранд. Аммо Наврӯз ва чанде аз ҷашнҳои куҳану бостонии аҷдодӣ (ба шумули Сада, Ялдо, Тиргон ва Меҳргон) аз ин қоида истисноанд ва бо шукӯҳу таҷаммулоте, ки доранд, мардумро аз маҳдудаҳои танг ба берун – ба кӯҳу пушта ва дашту водиҳо мекашанд ва аз маҳдудаҳои танг наҷот мебахшанд. Ба ин маъно, Наврӯз бо маросимоту оину суннатҳои дерину пешин мардумро ба табиат ва ҳолу ҳавои табиӣ фаро мехонад ва аз ташвишоти зиндагӣ мунсариф месозад.
Дуюм. Наврӯз бо он шукӯҳу таҷаммулоте, ки дошту дорад, аз доираи як ҷашни миллӣ ба як фарҳангу тамаддуни миллию фаромиллӣ табдил ёфт ва густараи бузурги ҷуғрофиро фаро гирифт.
Сеюм. Наврӯз, пеш аз ҳама, ҷашни бедории табиат ва инсон аст, ки ҷузъи ҷудонопазири ин табиати бузург мебошад. Такроршавӣ ва раванди тавлиду бозтавлидӣ махсуси табиат, эҳсос ва ҷамъият аст. Ҳарчанд ки такрор дар илму адабиёт ва фарҳанг ҷоиз нест, аммо табиат, эҳсос ва ҷамъият онро дӯст доранд.
Чаҳорум. Наврӯз корти муҷаввиз (визитная карточка)-и мост ва бо ин, ба истилоҳ, корти ҳувиятӣ, суннатӣ, ҷашнӣ ва фарҳангӣ мо худ ва миллатамонро дар ҷаҳон муаррифӣ мекунем ва бо маросимот, оинот, суннат ва одатҳои Наврӯзӣ дар миёни соири ақвому милал тайи таърих муаррифӣ шудаем. Аз тарафи дигар, миллати мо дар дарозои таърих тавассути Наврӯз муқобила ва мубориза кардааст ва имрӯз низ бо хатароти минтақавию ҷаҳонӣ аз тариқи ин ҷашни дерини аҷдодӣ таҳоҷумоти сиёсӣ-мафкуравии дохилию хориҷиро маҳор мекунад. Ҳарчанд ки муқовимат бо афкори аҷнабӣ хеле мушкил шудааст, аммо тавассути таҷлили саросарии маросимоти наврӯзӣ имкони пирӯзӣ бар неруи ҷоҳилону мутаассибони бегонапарасти дохилию хориҷӣ, ки солҳост таҳти пуштибонии моддию маънавӣ тарҳҳои шуми худро амалӣ мекунанд, ҳаст. Аз сӯйи дигар, дар дарозои таърих миллати мо ҷабру зулми зиёдеро мутаҳаммил шуда, бо ҷуръату ҷасорати фавқулода худро аз нав шинохта, бозсозӣ карда, манзумаи Наврӯзро сохта, дар партави маросимоти Наврӯзӣ созу оҳанги пирӯзӣ навохтааст. Яъне, Наврӯз бо шинохт, дониш, биниш, ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури миллат пайванд дорад ва мафҳумҳои «шинохт» ва «сохт» (сохтан) ба сатҳи ақлонӣ, тафаккурӣ, бинишӣ ва илмии мардум тааллуқ мегирад.
Наврӯз ҷашну иду расму суннату маросими сода нест, балки мартабаи ҳувияти озодагии мост.
Дар зимн, манобеи гузашта далели он аст, ки Наврӯз дар зиндагии инфиродию ҷамъӣ ва сиёсию иҷтимоию маданӣ ончунон таъсир ва нуфузи зиёде доштааст, ки ҳангоми ҷангу набардҳо бохтану мағлуб шудан бо аз байн рафтани Наврӯз баробар дониста мешудааст.
Пас, Наврӯз ба тамоми маъно ҳасту буд, нерую тавонмандӣ, зарфияти ҳувиятию маданӣ, ному нанги миллӣ ва қудрати фарҳанги мост.
Панҷум. Наврӯз бузургтарин ҷашни миллист, ки комилан ҳолу ҳавои дунявӣ дорад. Ба сухани дигар, мардуми мо ба воситаи таҷлилоти наврӯзӣ аз ҳавою фазои табиати ватанӣ нафас мекашанд, оҳангу нағмаҳои идона менавозанд, овозхонӣ мекунанд, шеъру тарона месароянд, аз неъматҳои дунёӣ лаззат мебаранд ва ҳамин тавр, кулли рӯзро ба хушҳолӣ сипарӣ менамоянд. Аз хона баромадан ва худро ба домани талу теппа, кӯҳу пушта ва сабзаву майсазор задан ва дар ҳавои баҳору наврӯзи оламафрӯз бо шӯру шавқ рақсу бозӣ кардан аз ҷумлаи талаботи маросимоти наврӯзӣ будааст, ки шукӯҳи идонаи наврӯзӣ дар «Шарафнома»-и Низомӣ хеле хуб ба риштаи тасвир ашида шудааст:
Рух ороста, дастҳо пурнигор
Ба шодӣ давидандӣ аз ҳар канор.
Муғона майи лаъл бардошта,
Ба ёди муғон гардан афрошта.
Ҳама корашон шӯхию дилбарӣ,
Гаҳ афсонагӯйӣ, гаҳ афсунгарӣ…
Шашум. Наврӯз бо қаҳрамони устуравӣ ва ниматаърихии мо Ҷамшеди Пешдодӣ иртибот дорад ва маҳз тавассути ин шаҳриёри иронитабор марсуму машруъ шуд. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ба шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри донишманди ҷуғрофиёи фарҳангию сиёсии ориётаборон аст, ки тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурӯъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврӯз марҳалаи аввалини худшиносии миллиро дар ҷаҳони маърифати эронитаборон оғоз бахшида, таҷлили онро ҳамчун тантанаи хирад ва адолат (ду бахши муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ) саросарӣ намудааст. Дар зимн, мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то имрӯз як аст – марг ва ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ, калидӣ дигар мушкилотро ба дунбол дорад. Ин мушкилот (дард, ранҷ, беморӣ, сардӣ, бадбинӣ ва танаффур, дурӯғгӯйӣ ва амсоли инҳо) пайваста ҳамқадами инсонанд ва ба гумони устурасозони пешин, рафъи мушкилоти фавқ аз ҷониби Ҷамшед ба вуқуъ пайвастааст ва нахустин бор дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои ибтидоӣ) инсон намиранда мегардад. Ҳаким Фирдавсӣ дар достони Ҷам зуҳури Наврӯз ва ба ин восита аз ранҷурӣ раҳо гардидани ҷаҳонро ин гуна тасвир намудааст:
Сари соли нав ҳурмузи фарвадин
Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.
Бузургон ба шодӣ биоростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Ҳафтум. Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ ва ҳувиятсозист ва аслан бо ҷаҳлу нодонӣ даргир аст. Чун Ҷамшеди пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, ки нахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгироӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Махсусияти калидии Наврӯз ба сифати ҷашни фарогир ва ҳамагир дар воқеиятгароӣ, инсонсозӣ ва таъйини таодул ва баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад ва ин вижагӣ асрҳои тӯлонӣ оини миллиро на танҳо тарк накард, балки таҳкиму тақвият бахшид. Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тӯлонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуғрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро фаро мегирад.
Ҳаштум. Айёми наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, эҳсос, отифат ва фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, замони фарорасии Наврӯз як навъ симфонияи табиӣ дар олами вуҷудӣ ба амал меояд. Маҳз ҳамин ҳолат ва вазъи хуби равонӣ аст, ки мардум вуҷуди худро аз ғаму ғусса, кину адоват, бадию бадандешӣ, зулму ситам, ҷаҳлу разолат пок намуда, танҳо аз покии вуҷуд ва андеша ҳарф мезананд ва ин гуна фазоро то Наврӯзи дигар ба якдигар орзу мекунанд:
Наврӯз даррасиду ғам аз дил бурун шавад,
Шодии мардумӣ ҳамагонӣ фузун шавад,
Аз покии вуҷуд бигӯ з-он, ки бегумон,
Нопокию палидию дун сарнагун шавад.
Нуҳум. Руҳияи Наврӯзӣ аз фоли Наврӯзӣ, ки аз хотири ҷамъи инсонӣ дарак медиҳад, сарчашма мегирад. Бигзор, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду дониш фазои Тоҷикистони азизро тарк накунад ва миллати тоҷик бо оини Наврӯзи истиқлол ба сӯйи пеш – ҷониби рушду тараққӣ ва фатҳи қуллаҳои мурод қадамҳои устувор бардорад.
Нозим НУРЗОДА,
пажуҳишгар













