Кодекси рафтори роҳбари ҳарбӣ барои роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, ҷонишинон оид ба таълим ва тарбия, роҳбарони ҳарбӣ ҳамчун раҳнамо пешниҳод гардида, ҷалби хонандаро баҳри дуруст аз худ намудани ҳар як дарс ва салоҳиятҳои низомӣ роҳнамун мешавад ва баҳри боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносии роҳбарони ҳарбӣ мусоидат хоҳад намуд.
Кодекси рафтори роҳбари ҳарбӣ:
Роҳбари омодагии ибтидоии ҳарбӣ вазифадор аст:
• тарзе рафтор намояд, ки шаъну шарафи касбии худро паст назанад;
• махфияти маълумотеро, ки хонанда ба ӯ бовар намудааст, нигоҳ дошта тавонад;
• хонандагонро аз ҳолатҳое, ки ба таълим халал мерасонад ё ба саломатӣ ва амнияти онҳо таҳдид мекунад, муҳофизат намояд;
• барои гирифтани фоидае аз вазифаи худ сӯиистифода нанамояд;
• нисбат ба хонандагон таъқиб ва рафтори ношоистаеро раво набинад;
• барои ҳамаи хонандагон намунаи ибрат бошад, то шогирдон ба ӯ пайравӣ намоянд;
Ҳангоми
машғулият:
• ба фароҳам овардани муҳити таълимии мусбат ва бехавф мусоидат намояд;
• дар рафти таълим ҳурмат, шаъну эътибор ва ҳуқуқи ҳамаи хонандагонро таъмин намояд;
• дар хонандагон ҳисси иззату ҳурмату эҳтиром, бовар ва эҳтиром ба худро ташаккул диҳад;
• кӯшишҳои хонандагонро дастгирӣ намояд ва ба ҳар як хонанда дар ташаккули истеъдодаш кумак расонад;
• хонандагонро даъват намояд, ки дар рафтор хушмуомилаву ҷиддӣ ва дар таҳсил фаъол, масъул ва комёб бошанд;
• муҳити бовариро дар синф фароҳам оварад;
Ҳангоми фаъолияти
касбӣ:
• методикаҳои муосири таълим ва фанни худро хуб донад;
• ба машғулият сари вақт ва бо тайёрии пурра ҳозир шавад;
• дар чорабиниҳое, ки ба сифати касбии ӯ таъсири манфӣ мерасонад, иштирок нанамояд;
• аз имкониятҳои рушди касбӣ ва методҳои муосири таълим истифода барад;
• қоидаҳои низомӣ, шаҳр-вандӣ, сулҳхоҳӣ ва масъулияти иҷтимоиро таълим диҳад;
• комёбию натиҷаҳои дониши ҳар як хонандаро боадолатона арзёбӣ намояд;
• татбиқи стандарти фанро таъмин намояд.
P.S. Аз роҳбарони ҳарбии муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ хоҳиш менамоем, ки фикру пешниҳодоти худро роҷеъ ба масъалаи мазкур ба мо ирсол намоянд.
Қурбоналӣ Зиёев,
мудири Осорхонаи
маорифи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон,
мутахассиси ОИҲ













