«Барномаи биллингӣ» – омили муҳимми таъмини шаффофият дар ҷамъоварии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ

Тартиби пардохти ғайринақдӣ яке аз талаботи замон маҳсуб меёбад. Дар ин замина, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми кишвар чиҳати пардохти маб­лағи иҷораи китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таълимӣ «Барномаи биллингӣ» амал менамояд. Барнома аз соли 2024 дар муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Душанбе, Ҳисор ва ноҳияи Шаҳринав мавриди истифода қарор дорад ва соли таҳсили 2026-2027 дар тамоми мактабҳои кишвар ҷорӣ хоҳад шуд. Вобаста ба тарзи корбарӣ ва истифодаи барномаи мазкур бо Тоҷиддин Уроқзода — мудири шуъбаи нигаҳдорӣ ва таъминоти адабиёти таълимии Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбат оростем, ки фишурдаи онро пешниҳоди хонандагон мегардонем.

– Дар оғоз мехостем дар хусуси зарурати низоми биллингӣ дар соҳаи маориф чанд сухан мегуфтед.
– Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ
Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ» (аз 22 июни соли 2023, №586), Вазорати маориф ва илми кишвар уҳдадор гардид, ки низоми пардохтҳоро ғайринақдӣ ба роҳ монад.
Соли 2024 «Барномаи биллингӣ» барои пардохти ғайринақдии маблағи китобҳои дарсӣ таҳия ва татбиқ гардид. Низоми нав барои ба тартиб даровардани гардиши китобҳо, назорати маблағ, таъмини шаффофият, ҳам­замон, аз байн бурдани амалҳои коррупсионӣ мусоидат менамояд.
Бояд гуфт, то амалӣ гардидани барномаи мазкур баъзе китобдорони китобхонаҳо ҳисоботи дақиқи шумораи китобҳои дарсиро дуруст ба роҳ намемонданд.
Инчунин, шуъбаҳои маориф аз ҳисоби маблағи китоб­ҳои дарсӣ қарздор мешуданд, зеро маблағҳои ҷамъовардашуда дуруст ҳисоб ё пурра пардохт намешуданд.
Дар низоми нав ин масъала бо механизми махсус, яъне, маблағҳои солҳои 4 ва 5 (гардиши дохилии китобҳо) метавонанд барои пӯшонидани қарзҳои пешина истифода шаванд.
Дар барномаи мазкур ҳар як пардохт сабт мешавад. Пештар агар китоб 5 сомонию 36 дирам арзиш дошта бошад, мумкин буд, 6 сомонӣ талаб кунанд. Ҳоло ин имкон надорад, система танҳо маблағи дақиқро қабул мекунад.
Барнома аз чанд бахши асосӣ – дархости китобҳо, ан­бор (дар сатҳи вазорат), китобхона, пардохтҳо, маълумотномаҳо, муассисаҳо иборат аст.
Кор дар 4 қадами асосӣ – ворид кардани китобҳо (ном, нарх, сол), ворид кардани маълумоти хонандагон, муайян кардани фоизи иҷора (34%, 33%, 33%), сабти пардохт ва додани ID ба ҳар хонанда анҷом дода мешавад
– Дар барнома кадом маълумот ворид карда мешавад ва масъулияти он ба зиммаи кист?
– Барои истифодаи барномаи мазкур, пеш аз ҳама, маълумоти марбут ба китоб – номи китоб, номи муаллиф, фан, соли нашр, соли воридшавӣ ба китобхона, нархи китоб ва теъдод, ҳамзамон, маълумоти марбут ба хонанда – ному насаб, синф ё гурӯҳ, суроға, рақами тамос (дар ҳолати зарурӣ), инчунин, дар бораи гирифтан ва баргардонидани китобҳо ворид карда мешаванд.
Масъулияти асосии ворид намудан ва дуруст нигоҳ дош­тани маълумот ба зиммаи китобдор гузошта мешавад, зеро маҳз ӯ бевосита бо фонд ва хонандагон кор мебарад. Китобдор бояд ба таври муназзам маълумотро навсозӣ намояд, саҳеҳии онро таъмин кунад ва аз кори дурусти барнома огоҳ бошад.
Дар баробари ин, назорати умумии фаъолияти барнома ва дуруст истифода бурдани он ба зиммаи роҳбарияти муассиса, махсусан, директор вогузор мешавад. Директор бояд пайваста фаъолияти китобхонаро назорат намуда, барои беҳтар шудани сифати хизматрасонӣ ва истифодаи самараноки технологияҳои иттилоотӣ тадбирҳои зарурӣ андешад.
Дар ин самт, барои омодасозии кадрҳо семинарҳои омӯзишӣ дар тамоми минтақаҳо гузаронида мешавад. Ба ҳар як китобдор логин ва рамз дода шудааст. Дар аввал мушкилӣ ба мушоҳида мерасид, вале тадриҷан кормандон ба барнома мутобиқ шуда истодаанд.
– Пайваст шудани барнома ба «Амонат-мобайл» чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?
– Пайваст шудани барнома ба «Амонат-мобайл» яке аз қадамҳои муҳимми рақамикунонии хизматрасонии китобхона ба ҳисоб меравад. Ин ҳамгироӣ равандҳои пардохтро содаву шаффоф мегардонад. Пештар волидайн ё хонандагон маҷбур буданд, ки шахсан ба китобхона ҳозир шуда, маблағи иҷораи китобҳоро пардохт намоянд. Ҳоло бошад, бо истифода аз барномаи «Амонат-мобайл» метавонанд дар вақти мувофиқ маблағро пардохт кунанд.
Ҳар як навоварии рақамӣ, дар баробари имконият, ҳамзамон, мушкилот ва маҳдудиятҳои худро дорад. Дар минтақаҳои дурдаст мушкили дастрасӣ ба интернет ва барқ дар фасли сармо вуҷуд дорад, ки метавонад истифодаи пурраи низомро то андозае маҳдуд созад. Бо вуҷуди ин, роҳҳои ҳал вуҷуд доранд. Масалан, дар як маҳал нафаре, ки дастрасӣ ба интернет ва барномаро дорад, метавонад ба дигарон кумак расонад ва барои чанд оила ё хонанда пардохт­ро анҷом диҳад.
– Низоми ғайри­нақдӣ то кадом андоза шаффофияти пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсиро таъмин менамояд?
– Пеш аз ҳама, дар доираи ин низом гирифтани пули нақд аз хонандагон пурра манъ карда мешавад. Ҳар як шуъбаи маориф ва муассисаи таълимӣ суратҳисоби алоҳидаи бонкӣ мекушоянд ва маблағҳо мустақиман ба суратҳисобҳо ворид мешаванд.
Илова бар ин, амалиёт дар система ба таври автоматӣ сабт мегарданд. Ҳар пардохт рақами мушаххаси худро дошта, муайян аст, ки кӣ, кай ва чӣ қадар маблағ пардохт кардааст. Дар чунин шароит пинҳон кардан, тағйир додан ё истифодаи маблағ ба манфиати шахсӣ ғайриимкон мегардад.
– Оё низоми биллингӣ имкон медиҳад, ки қарзҳои солҳои гузашта низ ба таври дақиқ ҳисоб ва танзим карда шаванд?
– Низоми биллингӣ, гарчанде ки мустақиман барои сабти қарзҳои солҳои гузашта пешбинӣ нашудааст, аммо барои танзим ва пӯшонидани онҳо роҳи мантиқӣ ва амалиро пешниҳод мекунад. Сабаб дар он аст, ки чунин қарзҳо то ҷорӣ шудани барнома ба вуҷуд омадаанд ва дар система сабти ибтидоӣ надоранд. Аз ин рӯ, онҳо ба таври автоматӣ дар базаи маълумот ҷойгир намешаванд.
Тибқи тартиби амалкунанда, маблағҳое, ки аз гардиши китобҳои солҳои 4 ва 5 (яъне, китобҳое, ки аллакай чанд сол дар истифода ҳастанд) ҷамъоварӣ мешаванд, метавонанд ба таври мақсаднок барои пӯшонидани қарзҳои пешина равона карда шаванд.
– Барои хонандагони ятим, дорои имконияташон маҳдуд ва оилаҳои камбизоат, ки китобҳоро ройгон мегиранд, дар система имтиёзҳо пешбинӣ шудаанд?
– Бале, ин масъала дар низом дақиқ ба назар гирифта шудааст. Тибқи тартиби муқарраргардида, ба гурӯҳҳои муайяни хонандагон, аз ҷумла, ятимони кул, нимятимон, оилаҳои камбизоат, ки ҳуҷҷати тасдиқкунанда доранд ва фарзандони оилаҳои дорои имконияти маҳдуд имтиёз дода шудааст. Агар китоб ба солҳои 4 ва 5 тааллуқ дошта бошад, он аз ҳисоби маблағҳои дохилии муассиса пӯшонида мешавад. Агар ба солҳои 1-3 рост ояд, он ҳамчун қарз сабт мешавад ва баъдан аз ҳисоби гардиши умумӣ (китобҳои солҳои 4 ва 5) пардохт мегардад.
– Нақши китобдор дар низоми биллингӣ чӣ гуна зоҳир мегардад ва то кадом андоза ҷомеа, бахусус, волидайн ба истифодаи чунин технологияҳо омода аст?
– Дар шароити ҷорӣ шудани низоми биллингӣ, нақши китобдор ба таври ҷиддӣ тағйир ёфта, аз вазифаи анъанавӣ ба масъулияти бисёрҷанба табдил меёбад. Агар пештар китобдор ҳамчун нигаҳдорандаи фонд ва шахсе, ки китобҳоро медиҳад ва қабул мекунад, шинохта мешуд, имрӯз ӯ ба масъули низоми иттилоотӣ табдил ёфтааст, ки бо маълумот, ҳисоб, назорат ва равандҳои рақамӣ кор мекунад.
Дар баробари зиёд шудани масъулият ҳавасмандгардонӣ низ пешбинӣ шудааст, зеро аз маблағҳои гардишӣ қисми муайян ҳамчун ҳаққи китобдор ҷудо мегардад.
Табиист, ки ҳар навоварӣ дар аввал бо душворӣ рӯ ба рӯ мешавад, аммо таҷриба нишон медиҳад, ки волидайн нисбатан зуд ба ин низом мутобиқ шуданд. Айни замон дар муассисаҳои чанд шаҳру навоҳие, ки «Барномаи биллингӣ» амал мекунад, бисёре аз волидайн аз шаффофият ва осонии пардохт қаноатманданд. Бояд қайд кард, ки дар муассисаҳои таълимӣ ҷаласаҳои умумимактабӣ бо иштироки падару модарон баргузор мешаванд. Дар ин ҷаласаҳо тартиби истифодаи барнома, муҳлати пардохт, масъулияти волидайн, тарзи корбарӣ ва пардохти ғайринақдӣ шарҳ дода мешавад.
– Оё низоми биллингӣ имкони назорати мустақим ва мониторинги фаврии пардохтҳоро барои Вазорати маориф ва илми кишвар фароҳам меорад?
– Бале, маҳз ҳамин имконият яке аз функсияҳои асосии низоми биллингӣ ба ҳисоб меравад. Система ба мақомоти марказӣ, аз ҷумла, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки вазъро дақиқ таҳлил намояд. Яъне, дар кадом ноҳия ё муассиса аз чӣ қадар иҷро гардидани пардохти маб­лағҳои китобҳои дарсӣ бохабар мешаванд.
Дар баробари ин, чунин мониторинг ба таҳлил ва банақшагирӣ мусоидат мекунад.
– Барои суҳбати самимӣ ташаккур.
– Саломат бошед.
Суҳбаторо
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий