Ҷангу даргирӣ ва мавқеияти дифоӣ

Инсоният тӯли мавҷудияти хеш ҳазорон ҷангу низоъ ва даргириҳоро аз сар гузаронидааст, ки боиси бадбахтӣ, мусибат, сарафкандагӣ, нодорӣ, бесуботӣ, беморӣ, ранҷурӣ ва фоҷеаи инсонӣ гардида, миллияту халқиятҳои ҷаҳонро ба ҳолати карахтию фақр мубтало кардаанд. Ин аст, ки инсони мутараққии ҷаҳон дар ҳар вазъу ҳоле ва ҳар давру замоне зидди ҷанг ва алайҳи низоъ ва даргириҳои бемаънӣ будаву ҳаст. Албатта, ҷангу набардҳое, ки хусусияти дифоӣ доранд, аз ин қоидаи умумӣ истисноанд.

Асрҳои бист ва бисту як, ба лиҳози рушди инқилоби фаннию техникӣ ва навовариҳои иттилоотӣ аз кулли асрҳои дигар мутафовит аст. Бо таваҷ­ҷуҳ ба ин, сиёсатҳои мустабид ва тавсеаталабиҳои қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ низ бар мабнои пешрафтҳои фаннӣ-техникӣ ва илмӣ-иттилоотӣ афзоиш ёфта, тақсимоти ҷаҳон дар қолиб-формати барномарезиҳои геополитикӣ аз сар гирифта шуд. Табиист, ки тақсимоти сиёсӣ-иқтисодии ҷаҳон бидуни барномарезиҳои ҳарбӣ-низомӣ, ки охируламр ба ҷангу даргириҳо мунҷар мешаванд, иттифоқ намеафтад. Аз ин ҷост, ки сиёсатҳои худкомаву худхоҳ тайи таърихи инсонӣ мардумро ба гурӯҳҳо, мазоҳибу равияҳои мухталиф ҷудо намуда, тухми нобоварию нифоқро байни онҳо коштанд, дасисакорӣ ва найранги сиёсӣ то имрӯз мавриди корбурди сиёсатмадорони навин қарор гирифта истодааст. Мардум, ки аз моҳияту табиати ин ақаллиятҳои сиёсию динӣ огоҳ нест, ногузир ба доми фиреби идеологияи онҳо меафтад ва дар натиҷа, низоъҳои тӯлонӣ ва ҷангҳои хунин дар сатҳи ҷаҳонӣ сурат мегиранд, ки бевосита ё бавосита манфиатҳои гурӯҳҳо ё ба истилоҳ тоталитарҳоро бароварда месозанд.
Дар давоми садаи бистум қатлу куштор ва истибдоду муҷозоти одамӣ ба дараҷае афзуд, ки барои ифодаи онҳо вожаю истилоҳоти нав сохтанд. Истилоҳи «генотсид» (соли 1944 сохта шуд ва дар гардиши фикрию сиёсӣ қарор гирифт) ба маънои маҳвсозии насли одамӣ мавриди истифодаи фаровон қарор гирифт. Худхоҳию худкомагии ҳукуматдорони ҷаҳонӣ боиси аз байн рафтани ҳаёти мардумони зиёди сайёраи инсонӣ гардид. Ҷанги Якуми Ҷаҳон (солҳои 1914-1918) 26 миллион ва Ҷанги Дуюми Ҷаҳон (солҳои 1939-1945) 53 миллиону 547 ҳазор куштаро ба бор овард. Тибқи омори расмӣ, агар дар Ҷанги Якуми Ҷаҳон 50 дар сади аҳолии осоиштаи мамолики ба ҷанг даргир ҳалок шуда бошад, дар ҷараёни Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ин рақам ба 60 дар сад мерасад. Ба сухани дигар, дар ҷараёни ҷангҳои якуму дуюми ҷаҳонӣ аҳолии ғайринизомӣ низ сахт талаф ёфтааст. Акнун таваҷҷуҳ намоед, ки чӣ қадар мардуми бегуноҳ қурбони хоҳишу ҳавасҳои бемаънии ҷангҷӯёну фитнагарон гардидаанд ва ин раванд баъди ду ҷанги ҷаҳонӣ дар байни абарқудратон идома ёфта, то имрӯз домани аҳолии осоиштаи баъзе мамолики сайёраро сар надода истодааст.
Таърих муқовиматҳои шадиди мардуми моро ба муқобили истилогарони мустабид дар ҳамаи давру замонҳо хуб дар ёд дорад. Мардуми тоҷик, новобаста ба шароити сангини иҷтимоию сиёсӣ алайҳи истилогарони Мақдунӣ, арабӣ, туркию муғулӣ таҳти сарварии Спитамен, Муқаннаъ, Маҳмуди Торобӣ, Мавлонзода ва дигар фарзандони далеру шуҷоъ ва баору номус шадидан муқовимат карда, дар майдонҳои набард барои ҳифзи Меҳан ҷоннисорӣ намудааст. Мардум, Ватан ва миллат номи он мардони ҷасурро дар қалбаш абадан нигоҳ дошта, хотираи неки ононро абадан пос медорад.
Вақте ки Ватан дар хатар аст, мардони шуҷои миллат ҷон дар каф барои дифои он бармехезанд ва ҷангу пархош алайҳи золимону мустабидони хориҷӣ ба ғояи мутамаркази ҳаёти сиёсии онҳо табдил меёбад. Беҳуда нест, ки меҳри Ватанро бо меҳри Модар тавъам медонанд.
Асри бистум дар худ ду ҷанги бузурги ҷаҳониро ғунҷоиш дод, ки ба бадбахтии мардуми манотиқи мухталифи сайёраи мо боис гардид. Ҷанги Якуми Ҷаҳон, ки солҳои 1914-1918 байни гурӯҳи давлатҳои аврупоӣ сурат гирифт, фақру бенавоӣ ва ноамнию бесуботиро дар ҷаҳони онвақта мутаҳаммил сохта, роҳи саодату хушбахтии мардумро муддатҳои тӯлонӣ барбаст. Дар натиҷа, ҷомеаҳои ҷангзада ба дардҳои ногувори равонӣ, уқдаҳои ботинӣ ва фишору тазйиқҳои иҷтимоию сиёсӣ гирифтор шуда, дар ҳолати дилшикастагӣ, худбохтагӣ ва навмедию нобоварӣ умр ба сар бурданд.
Мусаллам аст, ки ҷангҳои ҷаҳонии дар асри бистум бавуқуъ пайваста дас­товардҳои моддию маънавии башарро зери хатар қарор дода, вазъияти амниятии манотиқи гуногуни ҷаҳонро хавфнок сохта, фақру бенавоӣ ва қатлу ғорат ҷомеаи ҷаҳониро таҳдид кард.
Ҳамин гуна беморию ранҷурӣ ва фақру бенавоиро садҳо карат зиёдтар Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ (солҳои 1939-1945) ба мардуми сайёра «эҳдо» намуд. Муҳимтар аз ҳама, бар асари ин ҷанги мудҳиш ҷони миллионҳо нафар одамони сайёра ба коми нестию нобудӣ афтида, миллионҳо кӯдакони оилаю хонаводаҳо заҳри ятимию бекасиро маҷбуран ва ғайриихтиёр чашидаанд. Аз ин дида мусибате сахттар барои насли инсонӣ нест.
Аз батни Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, Ҷанги Бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) тавлид ёфт, ки барои манотиқи дар ин ҷанг шомилбуда асароти сахт гузошт. Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки бо ҳуҷуми аҳдшиканонаи Олмони гитлерӣ бар хоки Иттиҳоди Шуравӣ оғоз ёфт, ҳудуди панҷ сол амну суботи ҷомеаи онвақтаи Иттиҳоди Шуравии нав аз кашмакашҳои дохиливу хориҷӣ халосёфтаро, ки Тоҷикистони азизи мо як ҷузъи он маҳсуб мешуд, халалдор сохт.
Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар фашизми олмонӣ салтанати истилогунаро қариб дар тамоми ҷаҳон барканда, роҳи тараққиёти минбаъдаи бисёр мамолики таҳти тасарруфи мустабидони берунӣ қарордоштаро муайян кард. Ғалабаи Иттиҳоди Шуравӣ бар олмони гитлерӣ – ғалаба ва пирӯзии адолат бар разолат, рӯшанӣ бар торикӣ, хайр бар шар, некӣ бар бадӣ, ақл бар ҷаҳл, меҳру вафо бар ҷабру ҷафо, покӣ бар палидӣ мебошад. Дар ғалаба бар фашизми гитлерӣ, ки бар ивази хуни миллионҳо сарсупурдагони Ватан ба даст омадааст, тамоми мардуми Шуравӣ, аз ҷумла, намояндагони Тоҷикистон низ саҳм доранд.
Дифоъ аз Ватан ва ҷанг ба хотири ба вартаи асорат наафтодани мардуми Шуравӣ, ки онро ҷиддитарин хатар – фашизми олмонӣ таҳдид мекард, ба қарз, фарз ва амри виҷдони ҳар як шаҳрванди солимақли Иттиҳоди Шуравӣ табдил ёфт.
Даъвати роҳбарияти давлати Шуравӣ ба ҷанг барои аз хоки Ватан рондани истилогарони олмонӣ дар Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт ва дар кӯтоҳтарин муҳлат мардуми манотиқи гуногуни кишвар ихтиёран ба ҷанг сафарбар шуданд. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 290 ҳазор нафар фарзанди ғаюри миллат бар ҷаб­ҳаҳо сафарбар шуда, алайҳи фашизм мубориза бурда, зиёда аз 50 нафар унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ»-ро сазовор гардиданд. Дар ақибгоҳ ҳам халқи азизи тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳадафмандона заҳмат кашида, барои сангарҳои ҷангӣ ҳазорон тонна маҳсулоти ғизоӣ, анвои гуногуни озуқаворӣ ва лавозимоти ҷангӣ фиристода, аз ин тариқ, дар раванди пирӯзӣ саҳми муносиб гузоштанд.
Шароити муосири сиёсӣ ва геосиёсӣ бисёр нигаронкунанда аст: қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ барои бароварда сохтани ниёзҳои сиёсӣ, молиявӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, мафкуравӣ-идеологӣ миёни мамолики камзарфият ҷангу низоъ ва даргириҳоро дар ҳар шакле пиёда месозанд. Бинобар ин, ниҳоят ҳушёр бояд буд, то мавриди истифодаи қудратҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ қарор нагирем ва дар баробари ҷангу низоъҳо истодагарӣ карда тавонем. Ба сухани дигар, барои он ки сулҳу амният бар ҷангу мунозаат пирӯз гардад, моро зарур аст, ки ҳар чӣ зиёдтар ба илму фарҳанг рӯ биёварем.
Нозим НУРЗОДА,

пажуҳишгар

Добавить комментарий