УСТОД ДАР ОИНАИ ҲИКОЯТҲО

УСТОД ВА БАРФ

Дар Чини қадим марде бо номи Ян Ши зиндагӣ мекард. Бо вуҷуди он ки худ донишманд шуда буд, барои бештар омӯхтан ҳар гоҳ назди устод Чэн И мерафт.
Рӯзе ҳамроҳи дӯсташ барои гиреҳкушоии масъалае ба хонаи устод омад. Барфи сахт меборид. Вақте ки расиданд, диданд, ки устод истироҳат дорад.
– Бедораш кунем? – гуфт дӯсташ.
Ян Ши ҷавоб дод:
– Мо барои такмили дониш назди ӯ омадаем. Чӣ гуна метавонем барои манфиати худ оромии устодро халалдор кунем?
Онҳо дар берун интизор шуданд. Барф ҳамоно меборид ва оҳиста-оҳиста то зонуяшон расид. Танҳо баъд аз бедор шудани устод вориди хона шуданд.
Солҳо гузаштанд, аммо мардум ин воқеаро фаромӯш накарданд. «Дар зери барф назди дари устод истодан» дар фарҳанги Чин рамзи эҳтиром ба омӯзгор гардид.
Ҳикмат: Касе, ки қадри устодро медонад, қадри донишро низ медонад.
***
УСТОДИ МАН КИСТ?
Аз Конфутсий пурсиданд:
– Устод, шумо худ ба ҳазорон нафар дониш меомӯзонед. Лутфан бигӯед, ки устоди шумо кист?
Ӯ ба маъние посух гуфт, ки баъдҳо машҳур гардид: вақте ки бо чанд нафар ҳамроҳ мешавам, ҳатман дар миёни онҳо барои ман омӯзгоре пайдо мешавад.
Шогирдон ҳайрон шуданд.
Конфутсий шарҳ дод: аз инсони нек хислати некашро меомӯзам ва мекӯшам ба ӯ монанд шавам. Дар шахси дигар камбудие мебинам ва ба худ менигарам, то он камбудӣ дар ман набошад.
Пас ҳар инсоне, ки ба ту чизе меомӯзонад, метавонад ба гунае устоди ту бошад.
Ҳикмат: Донишманд касест, ки аз ҳар инсон чизе барои омӯхтан меёбад.
***
ЧАРО БА МО УСТОД ЛОЗИМ АСТ?
Донишманди бузурги чинӣ Ҳан Ю тақрибан дувоздаҳ аср пеш саволе гузошта буд:
– Агар инсон ҳама чизро медонист, ба омӯзгор чӣ эҳтиёҷ дошт?
Ва худ посух медиҳад: инсон бо дониш ба дунё намеояд. Ӯ савол дорад, шубҳа дорад, роҳро намедонад. Вазифаи омӯзгор ин аст, ки донишро ба ӯ бирасонад ва гиреҳи саволҳояшро кушояд.
Ҳан Ю андешаи ҷолибтаре ҳам мегӯяд: синну сол муайян намекунад, ки кӣ устод аст. Агар касе чизеро пеш аз ман ва беҳтар аз ман омӯхта бошад, ман метавонам аз ӯ биомӯзам, зеро дар назди дониш масъала ин нест, ки калонтар кист. Масъала ин аст, ки кӣ медонад ва кӣ омӯхтан мехоҳад.
Ҳикмат: Эҳтироми омӯзгор, пеш аз ҳама, эҳтироми дониш аст.
***
ЯК СУХАНИ ОМӮЗГОР
Дар мактаби Ясная Полянаи Лев Толстой писарбачае таҳсил мекард, ки дар ҳисоб хеле қобилиятнок буд. Аммо ҳамин ки омӯзгор ӯро барои ҷавоб додан мехонд, сар хам мекард ва аз чашмонаш ашк мерехт.
Ӯ ҷавобро медонист, вале сухан гуфта наметавонист.
Толстой дар бораи ин кӯдак андеша карда, ба натиҷаи муҳим расид: шояд тарси омӯзгори пешина, шояд сухани ноҷое, ки замоне шунидааст, эътимоди кӯдакро ба худ шикастааст.
Омӯзгор метавонист ӯро маҷбур кунад, сарзаниш намояд ва ҳатто тарсашро аз байн барад. Аммо Толстой ҳушдор медиҳад, ки бо шикастани ҳамин хислат мумкин аст, беҳтарин сифатҳои руҳи кӯдак низ шикаста шаванд.
Ҳикмат: Як сухани омӯзгор метавонад шогирдро бол бахшад, сухани дигар метавонад, болашро бишканад.
***
ОМӮЗГОРЕ, КИ ФАРОМӮШ НАШУД
Робиндранат Тагор солҳои мактабхониашро ба ёд оварда менависад, ки на ҳамаи омӯзгоронаш дар хотираш яксон мондаанд.
Аз ин миён як омӯзгор – падар Де Пенеранда ҳеҷ аз хотираш нарафт. Ӯ испанӣ буд ва ба забони англисӣ чандон равон ҳарф намезад. Аз ҳамин сабаб, баъзе хонандагон ба дарсаш аҳамияти ҷиддӣ намедоданд.
Омӯзгор ин беэътиноиро эҳсос мекард. Вале ба ҷойи хашму таҳқир онро бо таҳаммул қабул мепазируфт.
Солҳо гузаштанд. Бисёр дарсҳо аз хотираи Тагор рафтанд, аммо симои ҳамин омӯзгори орому фурӯтан дар зеҳнаш боқӣ монд. Ӯ менависад, ки хотираи он муаллим тасаввурашро дар бораи омӯзгор ба сатҳи баландтаре бурдааст.
Ҳикмат: Шогирд метавонад мавзуи дарсро фаромӯш кунад, аммо муносибати омӯзгорро ба худ то дер фаро­мӯш нахоҳад кард.
ЯК РӮЗ УСТОД – ЯК УМР ПАДАР
Дар фарҳанги Чин ҳикмати машҳуре ҳаст:
«Касе, ки як рӯз устоди ту бошад, як умр чун падар эҳтиромаш кун».
Ин ҳикматро маънӣ нест, ки омӯзгор ҷойгири падар бошад. Мақсад бузургии мақоми омӯзгор аст. Падар ба инсон зиндагӣ мебахшад, устод роҳи зиндагиро нишон медиҳад.
Шояд омӯзгоре солҳои зиёд ба ту дарс надода бошад, шояд сафҳаҳои ҳамагӣ як китобро бароят кушода бошад, як масъалаи душворро тавзеҳ бахшида бошад ё бо як ҷумла андешаатро дигар карда бошад… Ба ҳар ҳол, агар аз ӯ чизе омӯхтӣ, ҳаққи он донишро фаромӯш макун, зеро арзиши устодро бо андозаи рӯзҳои дарсаш намесанҷанд. Баъзан як соати омӯзгор метавонад самти умри инсонро дигар кунад.
Ҳикмат: Муддати шогирдӣ метавонад кӯтоҳ бошад, аммо ҳаққи устод бардавом аст.
***
ПАДАР ЗИНДАГӢ ДОД, УСТОД ЗИНДАГӢ КАРДАН ОМӮХТ
Искандари Мақдунӣ шогирди файласуфи бузурги Юнони Қадим Арасту буд.
Плутарх дар «Зиндагии Искандар» менависад, ки Искандар дар ҷавонӣ Арастуро бисёр дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Ӯ ҳикмате гуфтааст, ки асрҳо боз вирди забон аст:
«Аз падарам зиндагӣ ёфтам, аз устодам – зиндагии шоистаро».
Филипп ба ӯ ҳаёт ва подшоҳӣ дод. Арасту бошад, дари фалсафа, ахлоқ, сиёсат, тиб ва адабиётро ба рӯяш кушод. Плутарх ҳатто менависад, ки шавқи Искандар ба дониш ва китобхонӣ зери таъсири омӯзиши Арасту рушд карда буд.
Ин сухани шогирде буд, ки баъдтар ҳокими яке аз бузургтарин империяҳои ҷаҳони қадим гардид. Бо вуҷуди қудрату шуҳрат фаромӯш накард, ки дар паси дониши ӯ устоде истодааст.
Ҳикмат: Падар туро ба ҷаҳон меорад, устод ҷаҳонро ба ту мешиносонад.
***
ШОГИРДЕ, КИ АЗ УСТОД ПЕШ ГУЗАШТ
Ривоят мекунанд, рӯзе аз устоде пурсиданд:
– Ғамгин намешавед, агар шогирдатон аз шумо донотар шавад?
Устод табассум кард:
– Агар шогирдам аз ман пештар наравад, пас ман чӣ гуна устод будаам?
Шогирд ҳайрон шуд.
Устод идома дод:
– Ман он чиро дар чандин сол омӯхтам, ба ӯ медиҳам. Ӯ бояд аз ҷойе оғоз кунад, ки ман ба он расидаам. Агар то ҳамон ҷое расад, ки ман расидаам, пас мо чизе ба дониш илова накардаему пеш нарафтаем.
Вазифаи устод сохтани нусхаи худ нест. Вазифаи ӯ сохтани инсоне аст, ки рӯзе аз худи ӯ ҳам дуртар бинад.
Ҳикмат: Бузургии устод дар он нест, ки ҳамеша аз шогирд боло монад, бузургии ӯ дар он аст, ки шогирдро барои болотар рафтан омода созад.
***
ДЕВОРИ УСТОД БАЛАНДТАР АСТ
Рӯзе касе дар ҳузури мардум гуфт:
– Зигун аз устодаш Конфутсий донотар аст.
Ин сухан ба гӯши Зигун расид. Ӯ метавонист аз таъриф хушҳол шавад, аммо гуфт:
– Дониши ман мисли девори хонаест, ки то китфи одам мерасад. Ҳар кас аз берун истода, метавонад аз болои он назар кунад ва бинад, ки дар дохил чӣ ҳаст. Аммо девори устоди ман чандин баробари қади одам баланд аст. Агар дарвозаи онро пайдо накунӣ ва ворид нашавӣ, аз берун намефаҳмӣ, ки дар паси он чӣ қадар зебоӣ ва сарват нуҳуфтааст.
Сипас афзуд:
– Каманд онҳое, ки дарвозаи ҷаҳони устоди маро пайдо мекунанд.
Ин посух дар «Гуфторҳо»-и Конфутсий омадааст. Зигун бо ин сухан на худро хурд кард, балки фаҳмонд: дониши амиқ ҳамеша аз дур намоён нест.
Ҳикмат: Барои шинохтани бузургии устод бояд ба ҷаҳони донишаш ворид шуд.
***
УСТОДРО МУҚАДДАС БИДОН
Дар яке аз куҳантарин осори ҳикматбори Ҳинд – «Тайттирия Упанишад» саҳнаи ҷолибе ҳаст. Омӯзгор баъди ба охир расидани таҳсили шогирд ӯро ба зиндагии мус­тақил гусел мекунад.
Пеш аз рафтан ба ӯ васият мекунад:
– Рост бигӯ. Вазифаи худро иҷро бикун. Аз омӯхтан даст накаш. Модару падарро азиз бидон. Устодро чун шахси муқаддас гиромӣ бидор. Меҳмонро эҳтиром бинамо.
Аҷиб аст, ки дар ин таълимоти чандҳазорсола устод дар канори модару падар қарор гирифтааст, зеро инсон аз падару модар ҳастӣ меёбад, аммо барои шинохтани маънии ҳастӣ ба омӯзгор ниёз дорад.
Ҳикмат: Дар фарҳанги Ҳинд эҳтироми устод идомаи эҳтироми падару модар дониста шудааст.
Таҳияи
Э. САФАРЗОДА,

«Омӯзгор»

Добавить комментарий