Нақши бебаҳо

Зеботару шевотар аз вожаи модар дар олам калимае нест. Меҳру муҳаббати модар ба фарзандаш ба ягон сарвати дунё муқоиса намешавад. Модарон қалби бахшанда ва меҳрубон доранд. Модар қодир аст, ки гуноҳи фарзандро бубахшад. Модарон дар зиндагӣ тамоми ҳастии худро бидуни андеша баҳри шодиву хурсандии фарзандонаш фидо менамояд. Дар куҷое хонда будам, ки як ҷавони донишҷӯ дар шаҳри дур таҳсил мекард ва ба сабаби камбағалӣ аксар вақт гурусна мемонд. Ӯ ҳар рӯз ба модараш занг зада, мегуфт: «Модарҷон, хавотир нашав, ман сер ҳастам, беҳтарин таомҳоро мехӯрам». Як рӯз модараш ногаҳон ба хабаргирии ӯ омад ва бо худ танҳо як калобаи пашм ва чанд нони хушк овард. Вақте ҷавон нонро шикаст, аз даруни он як миқдор пул ёфт. Модараш бо ашк гуфт:

– Писарам, ман медонистам, ки ту ба ман дурӯғ мегӯӣ, то дили ман дард накунад. Ман шабҳо ресмон мересидам ва пулашро даруни хамири нон мегузоштам, то дар роҳ касе онро аз ту нагирад. Ин нонҳо на танҳо аз гандум, балки аз дуову заҳмати ман пухта шудаанд. Ҷавон фаҳмид, ки ҳеҷ гоҳ наметавонад модарашро фиреб диҳад, зеро модар ҳама чизро ҳис мекунад. Ҳеҷ кас дар ин дунё мисли модар барои муваффақияти мо аз роҳати худ намегузарад. Мисолаш қиссаи «Чашми модар».
Як ҷавон аз чеҳраи модараш шарм медошт, чунки вай як чашм надошт ва симояш ба назари ҷавон «хунук» менамуд. Ҷавон ба камол расид, соҳиби кор ва оила шуд, аммо аз модараш дурӣ меҷуст, то дӯстонаш ӯро набинанд. Пас аз марги модар ҷавон номаеро ёфт, ки дар он навишта шуда буд: «Писарҷонам, бубахш, ки бо намуди худ туро хиҷолатзада мекардам. Аммо бидон, вақте ки ту кӯдаки хурд будӣ, ба садама дучор шудӣ ва як чашматро аз даст додӣ. Ман тоқат накардам, ки туро нобино бинам ва як чашми худро ба ту додам…» Ҷавон зор-зор гирист, аммо аллакай дер шуда буд.
Модар ягона мавҷудест, ки бе ягон қайду шарт моро дӯст медорад ва тамоми ҳастияшро фидоямон мекунад. Аз ин рӯ, ҳеҷ кас наметавонад, ба андозаи модар аз фарзандони худ муроқибат кунад. Модар сарчашмаи муҳаббат аст, ки мо тавоноӣ ва азамати ӯро бо суханҳоямон пурра таҷассум карда наметавонем. Барои ин ки фарзандон дуруст тарбият ёбанд, будани падару модар дар канори ҳам бисёр муҳим ва зарур аст. Аммо модарон нисбат ба падарон нақши пуррангтару муассиртаре дар заминаи тарбияти кӯдаконро бар уҳда доранд, чунки маъмулан фарзандон дар тӯли рӯз вақти бештари худро бо модарони худ сипарӣ мекунанд ва ин модарон ҳастанд, ки бо ёд додани усули кулли зиндагиву омӯзиш ба кӯдаконашон, заминаро барои шаклгирии шахсияти фарзандон ба вуҷуд меоранд. Аз тарафи дигар, модар аст, ки аз рӯзи таваллуди фарзанд ӯро дар оғӯш мегирад ва солимии ҷисмиву равонии кӯдак ба заҳматҳои ӯ вобаста аст. Бинобар ин, рафтори модарон нисбат ба фарзандон дар ташаккули сохтори шахсияти онҳо таъсири муҳим дорад.
Агар бигӯем, ки модарон меъмори воқеӣ ва беназири тарбиятгари фарзандон ҳастанд, иштибоҳ намекунем. Воқеан, модар будан вазифаи бисёр сангинест. Муддати нуҳ моҳ фарзандашро дар батнаш нигаҳбинӣ мекунаду баъд аз таваллуди навзод низ масъулияту вазифаҳои ӯ бештар шуда, доимо дар талоши он аст, то ниёзҳои кӯдакашро бароварда кунад. Илова бар ин, ӯ дар заминаи тарбияти фарзанд саъйю талош намуда, маҳоратҳои мухталифро ба фарзандаш меомӯзад, то ӯ омодагии зарурӣ барои ҳузур дар ҷомеаро дошта бошад. Модар ба фарзандон на танҳо дар даврони хурдсолӣ ва кӯдакӣ, балки пас аз бузург шуданашон низ метавонад дар рушду такомули шахсияти онҳо таъсири доимӣ дошта бошад. Аз ин сабаб, метавон гуфт, ки модар мураббӣ ва сабақомӯзӣ аслӣ дар хонавода ба шумор меравад.
Ҷаҳонгир МАХКАМОВ,

узви ИЖТ

Добавить комментарий